Падидае дар мақомсароии тоҷик

Боиси ифтихору хушнудист, ки бо таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи  рушди  фарҳанг  ва  эҳёи   суннатҳои  миллӣ  гомҳои  устувор  бардошта  шуда,  дар  шароити имрӯза самараҳои онро мушоҳида  кардан  мумкин  аст. Имрӯз дар саросари кишвари азизамон  масоили  омӯзиш ва таълими Шашмақом тавассути  мактаби “устод- шогирд”, бо назардошти омӯзиши асосҳои мусиқии мақомҳо-низомҳои  парда,  зарб   ва   сохтори   мусиқӣ,  инчунин   анъанаҳои  иҷрои  классикии  силсилавӣ хуб  ба  роҳ  монда   шудааст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти касбии мусиқӣ барои тарбияи  мутахассисони ҷавон тамоми  шароити   таълимӣ   фароҳам   оварда, дар  баробари  ин дар шуъбаҳои  махсуси мусиқии   суннатӣ,  дар мактабҳои ибтидоии мусиқӣ, мактабҳои хусусии ҳунарӣ, коллеҷҳои санъат ва мактабҳои олии касбии мусиқӣ заминаи боэътимоди   омӯзишӣ  ташкил   карда шуд.

Омилҳои   мазкур  дар  фаъолияти дастаҳои  ҳунарии  касбии  шаҳр  ва   ноҳияҳои   кишварамон  боиси  дар  сатҳи  баланди   касбӣ  омӯхтану иҷро намудани мақомҳо гардида, истеъдодҳои навро ба майдони эҷод овард. Аксарияти ҳунармандон аз дараҷаи иҷрокунандагӣ бо таҷрибаи пурсамари хеш ба дараҷаи эҷодкорӣ ва бастакорӣ гузашта, дар чаҳорчӯбаи аркони “Шашмақом” асарҳои наву тоза эҷод намуданд.

Раванди навоварӣ дар рушди мусиқии суннатӣ, масоили роҳандозии таълиму тарбияи мутахассисони умедбахш бо услуби “устод-шогирд”  дар  муҳити  эҷодии  Панҷакенти  бостонӣ,  хусусан  мақомсароӣ  самараи  хубе  бахшидааст. Суннатҳои  омӯзиш  ва   таълими  мактабҳои  ҳунарии   санъати   мақомхонию   мақомбандӣ   бо  омезиши   мақомҳои   маҳаллӣ   ба   рушди   шашмақомсароии  ҳирфавӣ  дар  Панҷкент асос   гузошт.  Ин   заминаи  боэътимод   боиси   дар  мактаби  ҳунарии  шаҳри мазкур  ба арсаи эҷод омадани   ҳунармандон,  мутрибону   сарояндагони   соҳибтаҷриба   гардид,  ки   бо  сабку   услуби   хоси  худ машғули    фаъолият   мебошанд.

 Муҳити эҷодии Панҷакент ба олами мусиқии тоҷик ҳунармандони  зиёдеро ворид  намудааст, ки аксарияти  онҳо бо   маҳорату малака ва    лаҳни  гуворои   худ  дар   дилу   дидаи   мардум   маъво   гузоштаанд.

Ҳофизи халқии Тоҷикистон Умрибой Баҳриев (1946-2022) яке аз намояндаи мактаби ҳунарии мусиқии ҳирфавии шаҳри Панҷакент мебошад. Марҳум Умрибой Баҳриев ҳофизи маъруф, мутриби боистеъдод, сароянда ва донандаи асили сурудҳои классикии Шашмақом, эҷодкори нотакрор, ҳунарманди арзандаи халқу диёр мебошад.

Умрибой  Баҳриев   пас   хатми   мактаби   миёна   барои  омӯзишу сайқали  ҳунари худ бо кумаки санъаткори машҳури самарқандӣ  Азимҷон  Хуррамов   ба   мактаби  ҳунарии  Самарқанд шомил   гардида,   аз  ӯ  нозукиҳои   шашмақомсароӣ  ва   мутрибиро  аз  бар   менамояд.  Умрибой Баҳриев аз   устодаш   оҳангҳои   машҳури   классикии – “Баёт”, “Алӣ Қамбар”, “Чӯли Ироқ”, “Муноҷот”, “Тановор” ва ѓайраро меомӯзад.

 Дар  раванди   таълим бо  зеҳни  тезу   иродаи   қавӣ  Умрибой  Баҳриев  ба  омӯзиши  сурудҳои   классикӣ,  мазмуну   шакли   силсилаи    шуъбаҳои   мақом,  сохти  таркибии  қисмате аз  мақомҳои алоҳида,  хусусан  бахши шуъбаи  якум:  Сарахбор, Талқин, Наср ва Уфар   аҳамият   дода, ба  қонуниятҳои  пардабандии  ин   мақомҳо   таваҷҷуҳ   менамояд ва малакаи хешро нисбат ба  санъати шашмақомсароӣ сайқал медиҳад.

   Пас   аз   хатми   омӯзишгоҳи  фарҳанги   шаҳри   Самарқанд  дар соли  1963  Умрибой Баҳриев  фаъолияташро  дар  театри  халқии    Панҷакент  ба  ҳайси   мутриб  ва  сароянда  идома   медиҳад  ва  дар   раванди  фаъолият аз  устодони  варзида ба мисли Темур Ҷалолов,  Искандар  Бобоев асрори Шашмақомро меомӯзад. Робитаи   қавӣ  бо  ин  устодони  ҳунар   барои   мукаммал   намудани  фаъолияти   мутрибӣ  ва  сарояндагии  Умрибой Баҳриев  нақши   муҳимме   гузошт   ва   ба  офаридани  асарҳои   наву  ҷолиб  ҳидоят   намуд.

            Умрибой Баҳриев  тӯли   фаъолияти   пурсамари  ҳунариаш  дар  ҳамоишҳои   фарҳангии  берун   аз  кишвар, аз ҷумла давлатҳои Русия, Белоруссия,  Қирғизистон,  Ӯзбекистон   ширкат   варзидааст.   Зимни ин  сафарҳо  Умрибой Баҳриев  бо   устодони  шинохта – ғиҷҷакнавози  мумтоз Мирзоқурбон  Солиев,  овозхонони  машҳур  Одина  Ҳошимов, Шер  Пӯлодов. Бобоҷон  Азизов,  Ҷӯрабек  Набиев ва дигарон ҳамкориҳои  эҷодиро ба роҳ мемонад.

Умрибой Баҳриев ҳамчун устоди касби хеш як зумра шогирдонро тарбия карда, дар роҳи ба камоли эҷодӣ расидани онҳо хидмати шоистаеро ба анҷом расонидааст. Аз ин ҷост, ки аксари онҳо ба мартабаи баланди  санъату ҳунар расида, дар саросари кишвар ва берун аз он эътироф гардидаанд. Доктори илми саъатшиносӣ Аслиддин  Низомов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон марҳум Аслиддин  Мастонов, Мардонқул Султонов, Сангиной Тағоева, Нигина Амонқулова, марҳум Савринисо Маъмурова, Турдиалӣ  Мирзоев,  Далери  Исматулло   ва  дигарон  аз шогирдони устод Умрибой  Баҳриев  маҳсуб меёбанд.

Асарҳои   эҷоднамудаи  устод  Умрибой   Баҳриев   гуногунмазмун  буда,   аксарияти  онҳо  тараннумгари  ишқи  пок, панду   насиҳат, меҳри  модару ватан ва ёру  диёр мебошанд.  Оҳангҳои   эҷоднамудаи  ў аз  ашъори  шоирони   классику муосири   тоҷик,  аз   қабили  “Як   замон”,  аз  ашъори   Мушфиқӣ,  “Ёди айём”, “Зи  сад  давр”  аз   ашъори   устод  Лоиқ  Шералӣ ва  даҳҳо  асарҳои   ҷолиби дигар   ҳаводорони сершумори  худро  доранд. 

Дар баробари таълифи сурудҳои лирикӣ Умрибой Баҳриев ба   эҷоди  мақомҳои   калонҳаҷм   рӯ  оварда,  ҳамчун  санъаткори навовар,  соҳибмактаб  ном баровард. Асарҳои  “ Гулчини Шашмақом”,  “Хатчӯби  қассоб”, “Ушшоқи  Умриҷон”, “Фурӯғи Ушшоқи Умриҷон”, “Талқинчаи  Ушшоқи  Умриҷон”  ва  “Уфари  Ушшоқи  Умриҷон” намунае аз онҳост.

 Соли  2003  бо  кумаки Арбоби  санъати  Тоҷикистон  Алмос  Абдуллоев  ва  Арбоби  ҳунари   Тоҷикистон   Фароғат Азизӣ  Умрибой  Баҳриев  силсилаи  “ Мақоми  Муставӣ”- ро  эҷод   намуд,  ки  падидаи   навест  дар  санъати   ҳирфавии  “Шашмақом”-и тоҷик  ва  имрӯз он  аз   тарафи  дастаҳои   касбии   мақомсароён   иҷро  карда  мешавад.  Сохти   мақомбанди “Мақоми Муставӣ “ ба монанди асарҳои санъати  Шашмақом  аз   шуъбаи  якуми   қисми   наср – Сарахбор  бо  5 тарона,  Наср  бо  таронаҳояш,  Уфар  ва  шуъбаи  дуюми  қисми   наср – Савт  ва  Амал,  Муставӣ   бо  силсилаи  Талқинча,  Фурӯғ,  Соқинома ва  Уфар  иборат  аст.  Аз  ҷумла,  Савти  Муставӣ, Талқинчаи  Савти  Муставӣ,  Фурӯғи  Савти  Муставӣ, Қашқарчаи Савти  Муставӣ  ва   Уфари   Савти  Муставӣ низ  ҷой  доранд.

  Умрибой  Баҳриев   дар  мақомҳои  мазкур  матнҳоро   аз  ашъори  шоирони   классику муосири тоҷик - Абӯабдулло  Ҷаъфар  Рўдакӣ, Бадриддин  Ҳилолӣ,  Сайидои  Насафӣ, Ҷазбӣ, Адиб  Собири  Тирмизӣ, Нақибхон  Туғрал, Абулқосим  Лоҳутӣ,  Лоиқ  Шералӣ,  Аминҷон   Шукӯҳӣ  ва   шоирони маҳаллӣ -  Мулло  Маҳмуди  Рашнаггӣ, Мулло  Миркамоли  Рашнаггӣ,  Абдурашиди  Пағнагӣ  интихоб  намудааст.

   “Мақоми  Муставӣ” маҳсули заҳматҳои чандинсолаю  пурмаҳсули    Умрибой   Баҳриев мебошад   ва  ӯ  бо  эҷоди   ин  навгонияш дар  радифи  мақомшиносону  мутрибон,  сарояндагони  шинохтаи  санъати   мусиқии  ҳирфавӣ  қарор  дошта,  дар таърихи  мусиқии тоҷик  номи   хешро   боқӣ  гузоштааст.

           

Раҳимов Билолиддин,

ходими калони илми шуъбаи

фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ

барчасп: