«Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад» - таъкид гардидааст дар Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 августи соли 2021 тасдиқ гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон Ҳукумати мамлакат ба масъалаи мубориза зидди коррупсия таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд. Яке аз тадбирҳои таъсиргузоре, ки ҷиҳати фароҳам овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷумҳуриамон пайваста амалӣ карда мешавад, ба вуҷуд овардани заминаҳои ташкилию ҳуқуқии давра ба давра такомулёбанда мебошад.
Қобили тазаккур аст, ки баъди аз ҷониби кишварамон ба тасвиб расидани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» яъне аз соли 2006 то имрўз дар мамлакат зиёда аз 20-санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкилию ҳуқуқии самтҳои мухталифи мубориза ба зидди коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул гардида, бомуваффақият татбиқ шудаанд ва ё дар ҷараёни амалишавӣ мебошанд.
Аз байни санадҳои мазкур дутои онро метавон бавижа қайд намуд, ки хусусияти барномавию дурнамо доштанд. Яке аз он бо қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 таҳти унвони «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ба тасвиб расида, дигаре бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 бо номи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул шудааст.
Татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт қабулгардида ҳарчанд имкон дод, ки шиддати коррупсия дар кишварамон паст карда шавад, аммо барои пешгирӣ ва решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб ҳанўз корҳои зиёдеро бояд ба анҷом расонид.
Аз ин лиҳоз, соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади дигари барномавӣ - Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021 -2025) тасдиқ карда шуд.
Тибқи фармони мазкур вазорату идораҳо вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегия ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он нақшаҳои кори дохилиидоравиро барои ҳар сол таҳия ва оид ба иҷрои онҳо ҳамасола ба мақомоти дахлдор маълумот ирсол намоянд.
Дар Вазорати фарҳанг ҷиҳати иҷрои супориши мазкур фармоиши вазири фарҳанг аз 22 январи соли 2024, №13 «Дар бораи Барнома ва Нақшаи чорабиниҳои Вазорати фарҳанг» ба имзо расид, ки зимни он Барномаи дохилиидоравӣ оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар соҳаи фарҳанг ва Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ оид ба амалисозии Стратегияи мазкур барои соли 2024 тасдиқ карда шуд.
Мутобиқи банди 4 фармоиши вазири фарҳанг роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанг вазифадор гардиданд, ки Барнома ва Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии худро таҳия ва тасдиқ намуда, аз рафти иҷрои онҳо ҳисоботи солона пешниҳод намоянд.
Дар Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо мақсади иҷрои банди мазкур бо фармоиши директори муассиса аз 30 январи соли 2024, №14/1 Барнома ва Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва тасдиқ гардид.
Дар асоси фармоиши мазкур дар пажўҳишгоҳ Комиссияи корӣ дар ҳайати раис, котиб ва аъзои комиссия таъсис ёфта, он вазифадор гардидааст, ки иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравиро оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 сари вақт таъмин намояд.
Бояд зикр намуд, ки Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии муассиса барои соли 2024 аз 13 банд иборат буда, дар ин муддат аллакай якчанд банди он иҷро гардидааст.
Қобили тазаккур аст, ки пайваста дар ҷаласаҳои маъмурияти пажўҳишгоҳ ва Шурои олимон, ки мунтазам баргузор мегарданд, масъалаҳои муборизаи оштинопазир ба муқобили зуҳуроти коррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Дар ҷаласаҳои мазкур дар баробари дигар масъалаҳо раванди иҷрои як қатор бандҳои Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии муассиса оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муҳокима гардида, протоколҳои дахлдор тартиб дода мешаванд.
Ба замми он, дар вохўриҳо, чорабиниҳо бахшида ба рўйдодҳои муҳими фарҳангӣ, санаҳои таърихӣ, ки аз тарафи пажўҳишгоҳ ташкилу баргузор карда мешаванд, оид ба пешгирии амалҳои номатлуби иҷтимоӣ-зуҳуроти коррупсионӣ ва қонунвайронкуниҳо дар ин самт фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои ҷолиб ироа мегарданд.
Ҳамчунин ходимони илмии пажўҳишгоҳ ҷиҳати иҷрои банди алоҳидаи Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии муассиса кўшиш менамоянд, ки ба навиштани мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ва суҳбату баромадҳо дар радиову телевизион ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва муқовимат ба коррупсия саҳмгузор бошанд.
Ҳамин тавр, ходимони илмӣ ва кормандони пажўҳишгоҳ дар баробари роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар баланд бардоштани савияи дониши аҳолӣ ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистонро ҳамаҷониба ташвиқу тарғиб намоянд.
Дар маҷмуъ, роҳбарият ва кормандони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҷиҳати татбиқи бандҳои Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии муассиса фаъолона ширкат варзида, дар амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми худро мегузоранд.
М.Ҷўраев,
муовини директори
ПИТФИ оид ба илм