Дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик илму дониш мавқеи хосса дорад. Бузургони илму адаби тоҷик ба монанди Абӯалӣ ибни Сино, Муҳаммади Хоразмӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Имом Абӯҳанифа, Насириддини Тӯсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём ва дигарон дар рушду такомули илми на танҳо тоҷикон, балки ҷаҳонӣ хидматҳои арзанда кардаанд.
Дар замони шуравӣ бошад чанд марҳилаи ташаккул ва такомули илми тоҷик вуҷуд дошт, ки муҳимтаринаш таъсиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (имрӯз Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон) аз моҳи апрели соли 1951 мебошад.
Воқеан, нахустин президенти Академияи илмҳо адиб ва олими шуҳратёр, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ мебошанд, ки имрӯз - 15 апрели соли ҷорӣ 146-солагии он касро якҷо бо Рӯзи илми тоҷик таҷлил менамоем.
Пас аз соҳибистиқлолии кишварамон илм ҷойгоҳи хосса касб намуда, махсусан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илм ва кормандони илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Дар ин давра аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонун ва қарорҳое қабул гардидаанд, ки сиёсати миллиро дар соҳаи илм муайян намуда, ба дастгирии нерӯи илмӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ нигаронида шудаанд.
Бахусус, дар чанд соли охир иқдомҳои иловагие ба мисли таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон кардани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2020 - 2040” дар соҳаи илму маориф ва ҷиҳати амалисозии ин иқдом гузаронидани озмуни ҳарсолаи “Илм - фурӯғи маърифат”, таъсиси шабакаи телевизионии “Илм ва табиат” ва ғайра андешида шуданд, ки ҳадафашон рушди илми ватанӣ, тарғиби ҳамаҷонибаи илму дониш мебошанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 15 апрел таҷлил намудани Рӯзи илм баёнгари он аст, ки фазои илмию маърифатии кишвари мо дар марҳилаи нави таърихӣ рӯ ҷониби падидаҳои илму дониш, кашфиёту бозёфтҳои илмӣ дорад.
Қобили тазаккур аст, ки дар самти рушди илми кишвар дар баробари дигар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот низ саҳми худро мегузорад.
Пажӯҳишгоҳ худ падидаи давраи истиқолол буда, ҳамчун ягона муассисаи илмӣ дар соҳаи фарҳанг зиёда аз чоряк аср боз дар ин самт фаъолияти пурсамар мебарад. Тадқиқотҳои пурарзише, ки ходимони илмии пажӯҳишгоҳ тӯли ин муддат дар соҳаҳои мухталифи фарҳангу санъат ва иттилоот анҷом додаанд, дар ин рӯзи иди касбӣ шоистаи ёдоварӣ ва боиси таҳсин мебошад.
Дар ин рӯзи фархунда кулли ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, ҳамзамон олимони кишварро ба Рӯзи илм самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти илмию таҳқиқотиашон комёбиҳои беназир ва дар ҳаёти шахсиашон саодату хушбахтиро таманно дорам.
Рӯзи илм муборак, ҳамкорон ва ҳамкасбони арҷманд!