Рушди санъати рассомӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар ноҳияи Рӯдакӣ баҳри татбиқи сиёсати давлату Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва амалисозии ҳадафҳои созанда дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида мешавад. Ба вижа дар ноҳия ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Бо мақсади омӯзиш ва баррасии вазъи муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг мо-ходимони илмии ПИТФИ ба ноҳияи Рӯдакӣ сафари хидматӣ анҷом дода, аз вазъи таълиму тадрис дар МДТ “Мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафӣ” аз наздик шинос шудем. Дар ҷараёни сафар  бо  директори мактаб Худойдодов Зафар, омӯзгорону хонандагон ҳамсуҳбат шуда, дар бораи вазъи кунунии мактаби санъат, дастоварду мушкилоти он воқиф гардидем.  

Бояд қайд намуд, ки ин даргоҳи илму ҳунар аз соли 1965 инҷониб фаъолият менамояд. Муассиса дуошёна буда, аз 18 синфхона, 1 толори консертӣ ва 1 китобхона иборат аст. Шумораи умумии хонандагон 400 нафарро ташкил медиҳад. Дар мактаби мазкур 31 омӯзгор фаъолият мекунанд, ки 18 нафарашон дорои маълумоти олӣ ва 13 нафари дигар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд.

Дар сохтори муассиса шуъбаҳои мусиқӣ, асбобҳои нафасӣ, рақс (хореография), театрӣ ва рассомӣ амал карда, хонандагонро ба илму ҳунаромӯзӣ фаро гирифтааст.  

Дар муассиса яке аз шуъбахои асосӣ - рассомӣ ба шумор меравад. Бояд қайд намуд, ки санъати рассомӣ яке аз хунарҳои қадимаи мардуми тоҷик ба шумор меварад. Он аз давраҳои қадим рушд намуда, то имрӯз аз самтҳои мондагору ҷовидон ва пойдори фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Санъати рассомӣ ё тасвирӣ аз руйи шохаҳо ба монументалию ороишӣ, дастгоҳӣ, ороишӣ, минётурӣ, диорама ва панорама тақсим мешавад.  Санъати рассомӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  сол то сол  рушд намуда истодааст. Барои мутахассиси ин касб шудани истеъдодҳои ҷавон дар мактабҳои санъат, коллеҷу донишкадаҳо шуъбаю бахшҳои рассомӣ таъсис дода шудаанд.

Шуъбаи рассомии мактаби мазкур аз 50 хонанда иборат мебошад, ки аз онҳо 22 нафар духтар ва 28 нафарашонро писарон ташкил медиҳанд. Синфхонаи рассомӣ бо аёниятҳо таъмин буда, хонандагон бо истифода аз онҳо расмҳои гуногун мекашанд. Дар синфхона 10 адад малбертҳои нав ва 6 адад малбертҳои куҳна мавҷуд аст. Дар шуъбаи мазкур ду омӯзгори санъати рассомӣ ва як омӯзгори санъати кулолгарию ҳайкалтарошӣ фаъолият менамоянд. 

Яке аз омӯзгорони собиқадор Турсунназарова Махфират мебошад,  ки тӯли 25 сол аст дар ин даргоҳи илм аз санъати рассомӣ дарс медиҳад. Ӯ бо вуҷуди дорои маълумоти миёнаи махсус будан, дар ин солҳо шогирдони зиёдеро ҳамчун рассом ба камол расонидааст. Шумораи шогирдони ӯ айни ҳол 20 нафарро ташкил медиҳанд, ки бисёре аз онҳо аз минтақаҳои дурдаст мебошанд. Онҳо дар маҷмуъ фаъолияти хуб  доранд ва дар озмунҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Аксарияташон баъди хатми мактаб барои такмили ихтисос ва  баланд бардоштани малакаи рассомӣ ба коллеҷу донишкадаҳо дохил шуданианд.  

Турсунназарова Махфират дорои истеъдоди баланди рассомӣ буда, бисёре аз расмҳоро дар тахаюлоти худ тасвир намуда, аз муҳраҳои гуногун расмҳои зебо тайёр мекунад ва аз порчаи матоъ гулҳои гуногунро месозад. Ӯ ба шогирдони худ бисёртар тасвири мавзеъҳои зебои ватанамонро талқин мекунад. Расмҳои омоданамудаи шогирдон низ асосан фарогири ҳамин мавзуъ мебошанд.

Омӯзгори дигари санъати рассомӣ - Раҳматов Алиназар аст, ки тӯли ду сол дар ин муассиса фаъолият мекунад. Ӯ дорои маълумоти олӣ мебошад. Шумораи шогирдони омӯзгор 20 нафарро ташкил медиҳанд, ки 8 нафари онҳо- Одилбеков Умар, Хидиров Сунатулло, Бобоев Тулқин ва дигарон дар озмунҳои ноҳиявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд ва ба даври ҷумҳуриявии озмунҳо низ роҳ ёфтаанд. Шогирдони ӯ истеъдоди фитрӣ дошта, аксарияташон барои сайқали донишу маҳорати рассомиашон ба мактабҳои олии соҳа дохил шудаанд. Омӯзгор бисёртар аз асарҳои Ю. Ахмедов, С. Шарипов, Г. Парвин ва дигарон ба шогирдони худ санъати рассомиро меомӯзонад.

Омӯзгори кулолгарӣ ва ҳайкалтарошие, ки дар мактаби санъати ноҳияи Рӯдакӣ  кор мекунад, Аюбов Толиб мебошад. Ӯ дорои маълумоти олӣ буда, шогирдони зиёдеро ба камол расонидааст. Аз сабабе, ки дар муассиса теъдоди синфхонаҳо кам аст, омӯзгор дарсҳои худро дар мактаби миёнаи бо номи А.Пушкини ноҳия мегузаронад. Синфхонаи ӯ бо аёниятҳои кӯза, ҳайкал ва дигар ашёи зарурӣ, ки барои пешбурди кулолгарӣ ва ҳайкалтарошӣ лозим аст, муҷаҳҳаз мебошад. Айни ҳол теъдоди шогирдони ӯ аз 30 нафар иборат мебошанд, ки дар озмунҳои гуногун фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷоизаю ифтихорномаҳо гардидаанд.

Тавре мушоҳида гардид, дар саҳни ҳавлии ин даргоҳи илму ҳунар пайкараҳои гуногун мавҷуданд, ки хонандагон дар рафти иҷрои корҳои амалӣ сохта буданд. Аз ҷумла нимпайкараи М.Ашрафиро худи Аюбов Толиб омода намудааст, ки он дар даромадгоҳи муассиса гузошта шудааст. Тавре дар ҷараёни суҳбат устод таъкид намуд, кулолгарӣ касби бениҳоят мушкил буда, барои омода намудани як пайкара ё нимпайкараи гилӣ чор ё панҷ рӯз сарф мегардад. Барои сохтани пайкара ё нимпайкара гили сурх, гаҷ ё худ гипс истифода мешавад.

Хулоса, дар мактаби санъати бачагонаи М. Ашрафии ноҳияи Рӯдакӣ новобаста ба баъзе мушкилот, аз ҷумла теъдоди ками синфхонаҳо,  надоштани печкаи кулолӣ (хумдон) ва ғайра омӯзиши ҳунарҳои рассомӣ ва кулолгарӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Омӯзгорони муассиса кӯшиш бар он медиҳанд, ки шогирдонашон ҳунарҳои мазкурро ба таври хуб азхуд намуда, дар оянда мутахассисони болаёқати соҳаи худ гарданд.

Қобили тазаккур аст, ки бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар ноҳия мактаби нави замонавӣ бунёд мегардад, ки баъди ба истифода додан мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафӣ ба он бинои нав кӯчонида мешавад. Дар ин замина он ҳама танқисию эҳтиёҷе, ки дар фаъолияти муассиса имрӯз ба мушоҳида мерасад, тадриҷан бартараф гардида, фаъолияти омӯзгорону хонандагон боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда хоҳад шуд.

Шарифамоҳ Аминова,

ходими илмии шуъбаи

  илмӣ - методии ПИТФИ

барчасп: