Арҷгузории арзишҳои фарҳангӣ- омили худшиносии миллист

Санаи 07.05.2024 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар мавзуи “Вазъи таҳқиқи фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он мутахассисону коршиносон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ва рӯзноманигорон иштирок доштанд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори Пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким оғоз гардид. Зимни суханронии хеш ӯ оид ба вазъи таҳқиқи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон ва таќвияти корҳо дар ин самт бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳояшро иброз намуд.

Сипас, тибқи барнома маърӯзаи ходими пешбари илмии ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода таҳти унвони “Зарурати таъсиси Маркази мероси фарҳангии тоҷикон ва самтҳои фаъолияти он” ироа гардид. Мавсуф дар суханронии худ қайд намуд, ки дар давраи соҳибистиќлолӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба масъалаҳои омӯзишу таҳқиқи мероси фарҳангии миллати тоҷик бештар гардид ва дар ин самт як ќатор санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ ќабул гардид.

Аз ҷумла, таъсис ва фаъолияти Маркази мероси фарҳангии тоҷикон барои ҳаллу фасли масъалаҳои мероси ниёгон ва омӯзишу таҳқиқи нигоҳдории онҳо шароити заруриро фароҳам овард. Дар ин муддат як қатор намунаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳони ЮНЕСКО сабти ном шуданд, ки дар ин кор саҳми олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳти роҳбарии фолклоршинос, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ хеле назаррас аст.

Баъдан  суханронии Роҳбари Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АМИТ Нозим Нуров дар мавзуи “Фарҳанги миллӣ ва шароити ояндабинӣ” шунида шуд. Номбурда ҳадафи зиндагиро аз ҳувияти миллӣ доштан маънидод карда, арҷгузории фарҳанг ва арзишҳои фарҳангиро омили худшиносии миллӣ маҳсуб донист.  

Маърӯзаи навбатӣ аз ҷониби муовини сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклапедияи миллии тоҷик Неъматулло Акбаров бо унвони “Вазъи интишороти Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” шунида шуд. Дар рафти суханронии хеш ў аз ибтикори  интишори Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик сухан ронда, аз ҷумла қайд намуд, ки он асари бисёрҷилда доир ба анъанаҳо, урфу одатҳо, маросим ва дигар суннатҳои миллии мардуми тоҷик мебошад ва то кунун 8 ҷилди он чоп шуда, интишори ду ҷилди дигари он дар назар аст.

Пасон, суханронии мудири бахши Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ Лайло Носирова зери унвони “Ҳамбастагии фолклор бо мероси фарҳанги ғайримоддӣ” шунида шуд. Зимни суханронӣ Л.Носирова қайд кард, ки фарҳанги ғайримоддӣ бо фолклор робитаи ногусастанӣ дошта, дар рушду инкишоф ва ҳифзу нигоҳдории фарҳанги миллӣ ҳар ду нақши калидӣ мебозанд. Инчунин ёдовар гардид, ки дар ҳар як унсури фарҳанги ғайримоддӣ нақши фолклорро возеҳу равшан мушоҳида кардан мумкин аст, ки ин ба баланд бардоштани арзиши фарҳангии унсур мусоидат мекунад.

Дар фарҷоми ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар он доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ, доктори илмҳои филологӣ Нурмаҳмад Одинаев, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ, ходими пешбари илмии ПИТФИ М.Сафаров ва дигарон фикру андешаҳояшонро иброз доштанд.

Лайло Носирова,

мудири бахши Маркази мероси

фарҳангии тоҷикони ПИТФИ

барчасп: