Дар таълиму тарбияи фарзанд ҳам оила ва ҳам ҷомеа муваззафанд

Дар ҳошияи мулоқоти  Президенти кишвар  бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин

“Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”.

                                                                                        Муҳаммад Ғаззолӣ

Фарзанд неъмати бебаҳо буда, сарчашмаи асосии хушбахтии волидон, беҳтарин воситаи зиндагии якҷояи зану шавҳар ва мустаҳкам нигоҳ доштани оилаи солим аст. Ташаккул ва пешрафти ҷомеа аз масъулияти баланд доштани падару модар сарчашма гирифта, устувор боқӣ хоҳад монд. Зеро ояндаи ҷомеа дар дасти насли ҷавон аст. Ба  ҳамин хотир,  дар таълим ва тарбияи онҳо ширкати фаъол доштани оила, мактаб ва ҷомеа шарт ва зарур аст.

Агар  аз ибтидо дар тарбияи фарзанд бепарвою беаҳаммияту  беназорат бошем, фардо сабаби парешонӣ, саргардонӣ, хиҷолатии мо - волидон дар миён мегардад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “фарзанди хуб - боғи падар, фарзанди бад - доғи падар”.

Қайд кардан ба маврид аст, ки 2-юми августи соли 2011 дар кишварамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шуда масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам ҷонноктар ва  дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд. Имрӯз вобаста ба талаботи ҷомеа зарурате пеш омадааст, ки онро такмил диҳем, тағйиру иловаҳо ворид намоем. Дар ин самт баланд бардоштани масъулияти падару модар ва ҷомеа мувофиқи мақсад аст.   

Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз бархе оилаҳо аз таълиму тарбияи фарзанд фарсахҳо дур монда, ҷиҳати назорати онҳо дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ки ҳамроҳи фарзандон сайругашт менамоянд, беаҳаммиятӣ зоҳир мекунанд. Онҳо дар даст телефонҳои мобилӣ вориди ким-кадом шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, дар дунёи худ банд мешаванд.

Имом Муҳаммади Ғаззолии Тӯсӣ дар асари бузурги худ «Насиҳат-ул-мулук» фармудааст: «Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад буд». Сабаб дар чӣ бошад, ки мо падару модарон ва ҷомеа ба таълиму тарбияи фарзанд ин қадар бетаваҷҷуҳ гаштаем?      

Ба ҳамагон маълум аст,  ки таълиму тарбияи фарзанд дар муҳити орому осоишта барои ба камол расидан, саводнокӣ, илмандӯзии фарзандон аҳаммияти вижаро касб намуда, волидайн дар ин самт нақши калидӣ доранд. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо оилаҳое зиёд шудаанд, ки фарзандони зиёд дошта, аммо ба тарбияи онҳо аҳаммияти ҷиддӣ намедиҳанд.

Доир ба масъалаи мазкур мо бо якчанд нафар шахсони рӯзгордида ҳамсуҳбат гардидем. Ҳангоми суҳбат омӯзгори синфҳои ибтидоии яке аз муассисаи таҳсилоти миёнаи кишвар Шарипова Санавбар, ки таҷрибаи омӯзгории беш аз 26-сола дорад, доир ба ин мавзуъ назари худро чунин баён намуд:  “Мушкили мо омӯзгорон бо волидону фарзандони онҳо дар он аст, ки аксарияти оилаҳо ба нақша намегиранд, ки онҳо чанд кӯдакро тарбия карда метавонанд ва бояд чанд фарзанд дошта бошанд. Оилаҳое ҳастанд, ки 4-5 ва ҳатто аз ин зиёд фарзанд доранд, ки бештари онҳоро боз ҳам оилаҳои камбизоат ташкил медиҳад. 

Бо сабаби паст будани сатҳи зиндагӣ фарзандони худро ба таври лозимӣ хӯрондаву пӯшонида, бо сару либоси зарурӣ, воситаҳои хониш таъмин карда наметавонанд. Дар маҷлисҳои падару модарони муассиса қариб, ки иштирок намекунанд. Бештари вақт телефонӣ суҳбат мекунанд ё худи мо рафта бо онҳо дар хонаҳояшон оид ба мушкилиҳо дар рафти хониши фарзандашон суҳбат мекунем”. 

Ҳамсуҳбати дигари мо, табиби шинохтаи пуртаҷрибаи амрози занона Сураё Нодирова чунин мегӯяд: “Ман дар фаъолияти чандинсолаи худ бисёр занону бонувонеро дидаам, ки аз сабаби пайдарпай таваллуд кардан гирифтори бемориҳои камхуниву дарди гурда ва дигар бемориҳо гаштаанд ва ҳатто аз синну соли худ калонтар менамоянд. Ҳарчанд ба онҳо маслиҳату тавсия медиҳем, ки фосилаи таваллуди кӯдакро нигоҳ доранд, мутаассифона, онҳо ба маслиҳати мо табибон гӯш намедиҳанд, баръакси ҳол ҳар сол таваллуд мекунанд. Агар фосилаи таваллуд миёни фарзандон 3-4 сол бошад, модар метавонад ба фарзандони худ дуруст ғамхорӣ намояд, тарбияи хуб диҳад. Вале ҳеҷ як модар  ҳангоми ҳар сол тифл ба дунё овардан қодир нест, ки фарзандро рӯҳану ҷисман солим ба воя расонад”.

Дар ҷомеа чунин мушоҳида мешавад, ки баъзан модарон муомилаи хубу дурустро намедонанд, пас чӣ гуна фарзанди онҳо дар оянда бомаърифату бохирад ба камол мерасад? Онҳо дар оила бо атрофиён дағалмуомила ҳастанд, кӯдак дағаливу, муносибатҳои бадро меомӯзад ва дар оянда мисли онҳо рафтору гуфтор мекунад. Дар илми педагогика, тарбиятро афзалтар аз таълим донистаанд ва омӯзишро дар овони ҷавонӣ саривақтӣ ҳисобидаанд, чунки дар ин айём тарбия мисли нақш дар санг аст.

Мувофиқи гуфтаҳои Абуалӣ ибни Сино омӯзиш дар се марҳала сурат мегирад, ки яке аз марҳилаҳои ҳассос ва муҳимми он омӯзиши насли наврас мебошад, ки он аз 2 то 7-соларо фаро мегирад (якум - аз синни 2 то 7- сола, дувум - аз синни 7 то 14- сола ва саввум  аз 14 то 18-сола). Дуруст аст, ки аз 2 то 7-солагӣ, оила ё кӯдакистон низ дар ин ҷода саҳми назаррас доранд. Бо такя ба гуфтаҳои пандомези Абуали ибни Сино сарчашмаи асосии тарбия  оила ба ҳисоб меравад, зеро насли наврас дар муҳити оила ба камол мерасад.

Албатта, нақши модар дар тарбияи фарзанд хеле бузург аст,  агар модар зани оқила ва солеҳа бошад. Волидон набояд фаромӯш кунанд, ки таълиму тарбия дар мактаб бе таълиму тарбия дар хона самара намедиҳад. Камбудии асосӣ он аст, ки имрӯз таълим, асосан, дар мактаб сурат мегирад. Таълими хонагӣ аз миён рафтааст, вале он таҳкурсӣ барои омӯзиш дар мактаб аст.  Омӯзиши хонагӣ дар кӯдакон мустақилии тафаккурро ташаккул медиҳад. Тадқиқоти равоншиносон исбот намуданд, ки ҳар як давраи синну сол барои рушди ягон хусусияти равонии кӯдакон мувофиқ аст.

Модар аз рӯзҳои аввали ба дунё омадани тифлаш,  масъулияти баланд ҳис мекунад. Ҳамин аст, ки модар шудан масъулият бар дӯш доштан аст. Танҳо модар метавонад дар рӯзҳои нахустин кӯдакро ором кунад, бо садову лаҳни ширини худ, бо гармии оғӯши пур аз меҳру муҳаббати худ ӯро бо оламу одам шинос кунад. Маълум аст, ки падар дар ин айёми зиндагӣ метавонад танҳо ба модар ёрӣ расонад. Баъдтар дар зиндагии кӯдак замоне фаро мерасад, ки ба таъсиру нуфӯзи падар ниёз ба миён меояд, вале на дар давраи тифлӣ. Ҳамин тавр, устоди аввал модар, устоди дуюм падар ва устоди сеюм омӯзгор аст.

Агар ҳар як падару модар рисолати асосии худро дар таълиму тарбияи фарзанд якҷоя пеш баранд, бо боғчаю кӯдакистонҳою муасиссаҳои таълимӣ робитаи хубу доимӣ дошта бошанд, онҳо ба роҳи рост мераванд ва таълиму тарбияи дуруст мегиранд. Пас, биёед дар таълими ин қишри ояндасози ҷомеа бетараф набошем. Имрӯз вақти он расидааст, ки аҳли ҷомеа аз як гиребон сар бароварда, дар рушди маънавии онҳо саҳми худро гузорем. чун беназоратии мо волидон метавонад, оҳиста-оҳиста ба ҷинояту ҷинояткорӣ даст задани фарзандони мо оварда расонад. Мо - ҳам падару модар ва ҳам ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд бетараф набошем, зеро маҳз фазои солими тарбияи фарзанд метавонад оиларо пойдор, ҷомеаро устувор ва ҳаётро ширину рангину гуворро созад.

                                                                                                                    М.Содиқова,

котиби илмии ПИТФИ

барчасп: