Ваҳдат ва ташаккули фарҳанги миллӣ

25-уми июни соли ҷори дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот миззи мудаввар дар мавзуи “Ваҳдат ва ташаккули фарҳанги миллӣбахшида ба 27-уми июн рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Миззи мудавварро директори Пажӯҳишгоҳ н.и.ф. Аминзода А.Ҳ. оғоз намуда, қайд намуданд, ки маҳз саҳми беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек расидему аз меваи шаҳдбори он истифода мебарем. Маҳз ҳамин Ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз мо сарҷамъ дар ин ҷо гирд омадаем ва шукронаи суботу осоиштагии миллат намоем.

Сипас аз ҷониби ходими калони илмии шуъбаи воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр н.и.ф. Охунзода Насруддин дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” маърузаи хело муҳиму  ҷолиб ва бо далелҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Баъдан оид ба “Саҳми занон дар истиқрори сулҳи саросарӣ ва Ваҳдати миллӣ” ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Сафаров Мунаввар маърузаи хешро ироа намуд.

“Ситоиши Ваҳдат дар публисистикаи муосир (дар мисоли публисистикаи Ш. Мусо)” аз ҷониби мудири шуъбаи воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр Юсупов Ифтихор пешкаши ҳозирин гардид.

Баъдан аз ҷониби Мирзоев Саъдӣ ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ шеърҳои баландмазмун дар Ситоиши Ватан ва Ваҳдати миллӣ қироат гардид.

Дар бахши музокирот мубодилаи афкор ходими пешбари  шуъбаи китобдорӣ Комилзода Ш., мудири бахши  фарҳангӣ ғайримоддии ММФТ Носирова Л., ва котиби илмӣ Содиқова М.  фикру андешаҳои хешро иброз намуданд.

Каримова Гулзира,

муовини директор оид ба

корҳои методӣ ва умумӣ

 

барчасп: