Дар замони пуртазоди ҷаҳони муосир, ки ҳар рӯз дигаргуниҳои азим ба амал омада, ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука андохтааст, нақши шахсият дар давлатсозӣ боз ҳам барҷастатар зуҳур мекунад. Имрӯз мардуми тоҷик ба хидматҳои фарзандони барӯманди хеш бо нигоҳи амиқ ва бо умед менигарад. Барои мардуми тоҷик чунин шахсият дар замони муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки бо корномаи беназирашон шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Яке аз хидматҳои таърихию мондагор ва ватандӯстонаи ин сиёсатмадори бузург гирифтани пеши роҳи хунрезиҳо дар кишвар ва ноил шудан ба сулҳу салоҳ мебошад.
Ба таври мухтасар хидматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври зайл метавон рақамзанӣ намуд:
1. Бо сарварии хирадмандона ва фидокорию ҷонбозиҳои Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони ҷангзада сулҳу осоиш ба даст омада, ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи сиёсӣ ҳукмфармо гардид ва ба ғояи миллӣ табдил ёфт.
2. Хатари аз байн рафтан ва пора шудани давлати Тоҷикистон бо кӯшишҳои Пешвои миллат бартараф карда шуд.
3. Ба Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки нухбагони сиёсии дорои тафаккури баланд ва содиқ ба ормонҳои миллиро баҳри рушди мамлакат дарёфт ва муттаҳид намоянд.
4. Пешвои миллат ба бедории тафаккури сиёсии мардум мусоидат карда, дурнамои ояндаи сохти давлатдориро тарҳрезӣ намуданд, ки бо номи давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона (унитарӣ) маълуму машҳур мебошад.
5. Ба ташаккул ва мустаҳкам гардидани сохтори ниҳодҳои интизомии мамлакат асос гузоштанд.
6. Тоҷикистон зина ба зина, бо таҳким ёфтани сулҳу субот ба кишвари саноатию аграрӣ табдил ёфта, созандагиву бунёдкорӣ дар қаламрави он рушду тақвият ёфт.
7. Президент ба инкишофи ҷомеаи мадании шаҳрвандӣ мусоидат карда, ваҳдату ягонагӣ ва ватандӯстиро шиори аҳли ҷомеа эълон намуданд.
8. Падидаи сулҳ дар кишвар бо номи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавӣ дошта, он ҳамчун модели сиёсии ба ҷанг нуқта гузоштан ва омили асосии таҳкими сулҳу ваҳдат барои кишварҳои ҷангзадаи дунё хидмат мекунад.
9. Шуҳрату нуфузи Тоҷикистон ба ҳайси як давлати мустақил дар ҷаҳон боло рафт ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки тарроҳаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, мавриди омӯзишу ибрати ҷаҳониён гашт.
10. Низоми нави давлатдорӣ ба миён омада, иқтисоду иҷтимоиёти кишвар рушду такомул ёфт ва некуаҳволии аҳли ҷомеа таъмин гардид.
Ин ҳама хидмат ва таъмини сулҳ дар кишвар, аз як тараф, заминаҳои асосии ваҳдати миллӣ, руҳияи созандагӣ, инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, эътибору нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва амсоли инҳо гардида бошад, аз сӯйи дигар, боиси тавлиди осори гуногуни илмиву публитсистӣ ва ҳунариву бадеӣ доир ба шахсият ва кору пайкори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуд. Шинохти қобилияти роҳбарӣ, дар қавли худ устувор будан ва дар иҷрои он кӯшидан, пайваста фикри ободии кишвар, осудагии он ва некуаҳволии мардумро дар сар доштан, ҳама ҷо тарғиби илму фарҳанг кардан, ҳисси масъулият ва кордониро аз тобеон хостан аз хислатҳои умдаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ташаккули образи эшон заминагузор шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти роҳбарии худ тавонистанд ҳама ҳадафу барномаҳоеро, ки баҳри пешрафти ҷумҳурӣ нақши муассир ва ҳалкунанда доштанд, бо садоқат ва бо ҳисси баланди масъулият ба иҷро расонанд ва дар ин замина нақшаҳои бузургтари дигарро барои рушду таҳаввули ҷомеа тарҳрезӣ намоянд. Сарвари давлат дар кӯтоҳтарин муҳлати таърихӣ тавонистанд кишвари гирифтори ҷангро ба минтақаи амн ва ошёни сулҳ табдил дода, Тоҷикистонро барои ҳамкориҳои густарда бо кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон ҳамчун мамлакате, ки сиёсати «дарҳои кушод»-ро пеш гирифтааст, шиносонанд. Дар арсаи байналмилалӣ Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори сулҳовар ва ташаббускор маъруф гардидаанд. Чун нишони садоқатмандӣ ва талаботи табиати фазои эҷод корнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷуҳи адибону публитсистон қарор гирифта, дар хусуси хидмату заҳматҳои мондагори таърихии Сарвари давлат асарҳои зиёде ба нашр расиданд. Китобшиноси собиқадор Шариф Комилзода асарҳоеро, ки фаъолият ва корномаҳои Пешвои миллатро инъикос мекунанд, дар китобномаи «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ» феҳрист намудааст, ки он 844 асарро дар бар мегирад. Дар баробари ин, Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон китобномаи «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» дар 8 ҷилд ба нашр расонд, ки он фарогири ҳамаи асарҳо доир ба фаъолияти Сарвари давлат буда, барои пажуҳишгарон муфиду судманд ва роҳнамо мебошад.
Шоистаи таъкид аст, аввалин асаре, ки дар он перомуни фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон сухан меравад, «Дар роҳи таҳкими ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд» ба шумор меравад, ки он соли 1996 ба нашр расидааст ва фарогири маҷмуи мақолаҳо мебошад. Баъдан осори наве дар ин замина пайдо шуданд, ки симои Пешвои миллатро барҷастаю равшан таҷассум кардаанд. Дар ин асарҳо муаллифон таҳаввулот ва дигаргуниҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиро, ки дар Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба амал омадаанд, ба риштаи тасвир кашида, нақш ва симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди бемайлони ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон нишон додаанд.
Асарҳоеро, ки фаъолият ва корнамоиҳои Сарвари давлатро инъикос менамоянд, метавон ба гурӯҳҳои зер тақсим кард:
1. Асарҳои дорои хусусияти таърихӣ;
2. Асарҳои ба сафарҳои Президент бахшидашуда;
3. Асарҳои назмию насрӣ;
4. Асарҳои публитсистӣ;
5. Асарҳои дар матбуоти даврӣ чопшуда.
Дар ин мақола танҳо асарҳои публитсистӣ мавриди пажуҳиш қарор дода шудааст. Фаъолият ва корнамоии беназири Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми адибону публитсистон ва муаррихон қарор гирифта, онҳо доир ба хидматҳои беназир ва сафару мулоқотҳои Пешвои миллат асарҳои зиёде эҷод намудаанд. Дар ин ҷо метавон асарҳои И. Усмонов «Асноди сулҳ», «Роҳи сулҳ», «Пайки оштӣ» (бо ҳаммуаллифӣ), «Лаҳзаҳои сулҳи ботадбир», «Сулҳнома», «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Таҳкими сулҳ ва таҳаввулоти Тоҷикистон», «Савганди сулҳофаринӣ», А. Достиев «Ситораи ғолиб», В. Ғаффорӣ, З. Сайидзода «Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон» ва даҳҳои дигарро ёдрас шуд, ки дар онҳо бевосита фаъолияти Президенти кишвар зина ба зина чун воқеияти бебаҳс таҷассуми худро ёфтааст. Асарҳоеро, ки фаъолияти сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмонро фаро гирифтаанд, метавон ба ду гурӯҳ ҷудо намуд:
1. Асарҳое, ки хусусияти таърихӣ дошта, аз ҷониби муаррихону сиёсатмадорон навишта шудаанд;
2. Асарҳои публитсистӣ, ки муаллифонашон адибону публитсистон мебошанд.
Муаллифони гурӯҳи аввали асарҳо, ки сиёсатмадору муарриханд, бештар ба рафти музокирот эътибор дода, аз воситаҳои ҳунари нигорандагӣ камтар кор гирифтаанд. Дар асарҳои онҳо марҳалаҳои ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ ва лаҳзаҳои ҳассосу ҳалкунандаи раванди музокироти сулҳи тоҷикон, нақши Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олӣ ва сипас ба ҳайси Президенти кишвар лаҳза ба лаҳза чун шахсияти асосии музокироти сатҳи олӣ инъикос шудааст. Як хусусияти асосии ин асарҳо дар он аст, ки муаллифон на танҳо ҳамчун шоҳид раванди музокироти сулҳи тоҷиконро инъикос кардаанд, балки бо таҳлилу баррасиҳо онро баҳогузорӣ намудаанд.
Воқеан, мавзуи сулҳу субот дар ҷомеа ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи публитсистону адибон қарор дорад, зеро асоси пешрафт ва тараққиёти давлат, шароити мусоиди фаъолият дар кулли соҳаҳо сулҳу ваҳдат аст. Аз ин рӯ, дар осори адибону публитсистон фаъолияти созандаву сулҳофаринии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавқеи намоён дорад, зеро ин мавзуи замон аст. Дар ин замина, профессор М. Муродӣ таъкид медорад: «Публитсистика ифодагари руҳияи давру замони муайян буда, ба набзи иҷтимоӣ, авзо ва талаби сиёсии он сахт алоқаманд аст. Бе ин мавзуи баҳси публитсистикаро пешакӣ наметавон муайян кард. Раванди зиндагӣ, пешомадҳои ҳаёт, авзои ҷомеаи худ ғояи тавлиди матолиби публитсистикаро ба миён меорад ва қарору дастуроти расмӣ ба он руҳу равони тоза мебахшад».
Дар осори адибону публитсистон раванди ба даст овардани сулҳи тоҷикон дигаргуна тасвир шудааст, ки кори хонандаро дар дарки умқи масъала осонтар мегардонад. Аз ҷумла, ин хусусиятро дар асарҳои алоҳида ва очерку эссеҳои М. Тоштемиров, З. Саидов «Ҳомии сулҳу ваҳдат» (1997), М. Тоштемиров «Корвони истиқлол – ба сӯйи истиқбол» (1999), В. Сухомлинов, Г. Шалаев «Роҳ ба сӯйи созиш» (2003.), С. Мирзошоҳ, Ш. Ҳаниф «Меъмори ваҳдат» (2004), «Бахтофарин» (2011), А. Ҳамдам, Л. Чигрин «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон» (2012), Ш. Мӯсо «Президенти мо» (2014), «Ҷасорат» (2016), «Пешво – ифтихори мо» (2016), «Пайғоми истиқлол» (2016), Т. Зулфиқор «Чойхонаи лаби ҷар» (2018) ва ғайра мушоҳида мекунем.
Бояд гуфт, ки шахсияти муаллиф дар тасвири инсони бунёдкор нақши бориз дорад. Агар муаррихону муҳаққиқон бештар ба таҳлили арқом ва далоил такя кунанд, публитсистону нависандагон аз имконоти ҳунарӣ ва аносири публитсистию бадеӣ фаровон истифода мекунанд.
Дар публитсистикаи тоҷик инъикоси мавзуи бунёдкорию созандагӣ ва ба шоҳроҳи рушду тараққиёт ворид гардидани Тоҷикистон, агар дар як идда навиштаҳо хусусияту тобиши таҳлилӣ пайдо карда бошад, дар матолиби дигар оҳанги нақлӣ ва оморӣ ба худ касб кардааст. Осори публитсистии марбут ба ҷабҳаҳои созандагӣ, пешрафти саноату иқтисодиёти кишварро, ки дар онҳо нақш ва хидматҳои анҷомдодаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бориз аст, метавон ба ду гурӯҳ ҷудо кард:
- Асарҳое, ки ҷанбаи бадеии пурқувват доранд. Ҳарчанд ин осор дар заминаи ҳуҷҷату санадҳои муътамад таълиф гардидаанд, дар онҳо тасвир ва обуранги бадеӣ мавқеи меҳварӣ дорад. Ба ин асарҳо қиссаҳои мустанади адибони соҳибтаҷриба Б. Муртазо «Нақби Истиқлол» ва Ш. Мӯсо «Мардистон», «Достони Роғун» ва «Ҷасорат» «дохил мешаванд.
- Асарҳое, ки дар онҳо таҳлилу таҳқиқи журналистӣ ва нақлу бозгӯйи фаъолияти Сарвари давлат дар такя ба факту далелҳо бартарӣ дорад. Ин асарҳо сирф публитсистӣ буда, дар онҳо забон ва шеваи баёни муаллифон, аслан, журналистӣ мебошад. Ба ин гуна асарҳо китобҳои М. Тоштемиров, С. Фаттоев «Шоҳроҳи сулҳофарӣ ва бунёдкории Президент Эмомалӣ Раҳмон» (2008), Н. Абдулваҳҳоб, У. Шерхон «Ваҳдатовар» (2014), А. Раҳим «Пайвандгари марзҳо ва дилҳо» (2011)-ро метавон шомил намуд.
Дар асарҳои Б. Муртазо «Нақби Истиқлол» , Н. Абдулваҳҳоб, У. Шерхон «Ваҳдатовар», Ш. Мӯсо «Мардистон», «Достони Роғун», «Ҷасорат», М. Тоштемиров «Шоҳроҳи сулҳофарӣ ва бунёдкории Президент Эмомалӣ Раҳмон», А. Раҳим «Пайвандгари марзҳо ва дилҳо» ва ғайра марҳалаҳои бунёдкорӣ дар ҷумҳурӣ, ки бо талошу иқдомҳои Пешвои миллат роҳандозӣ гардидаанд, инъикос ва бозтоби воқеӣ ёфтаанд. Мусаллам аст, ки ҳар яке аз ин адибон ва публитсистон бо сабку услуби хос, дарку ҷаҳонбинии фардӣ, сар фурӯ бурдан ба умқу паҳнои ҳодисаҳо (воқеият), қобилияти вижа ва истифода аз далоилу арқоми муътамад ба тасвири бунёдкорию созандагӣ ва дар асоси ин, офаридани симои воқеии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон саъй кардаанд. Дар ин замина, риояи қавонину аркони услуби публитсистӣ, такя намудан ба далелҳо, бозтоби ҳақиқат, тасвири ҷузъиёт ва дар умум, то чӣ ҳад муваффақ гардидани публитсистони тоҷик дар инъикосу тасвири тантана ва шукӯҳу шаҳомати раванди бунёдкорӣ дар кишвар мавқеи муҳим ишғол мекунад.
Офариниши образи шахсиятҳои муқтадир дар таҷрибаи адибони публитсист раванди тӯлониест, ки вобаста ба арзишу дараҷаи маҳорат мебошад. Симои Пешвои миллат дар публитсистикаи замони истиқлолро давоми анъанаи адибони замони Шуравӣ дар баррасии авзои иҷтимоиву сиёсии давру замон метавон номид. Ҷиҳати умда он аст, ки истиқлолу озодии кишвар барои адибони публитсисти мо имкон додааст, ки ҷанбаи иттилоотии публитсистика доманаи густардатар пайдо намояд. Махсусан, офариниши образи публитсистӣ уфуқҳои навинро пайдо карда, он ҳамчун як шакли инъикоси воқеият бозгӯкунандаи моҳияти ҳаёт гардидааст.
Таҳқиқот нишон медиҳад, ки адибони публитсист бо завқи баланду маҳорати хос набзи ҷомеаро ташхис карда метавонанд, талаботу рағбати хонандаро ба эътибор мегиранд, муҳити сиёсиву идеологиро дарк месозанд ва дар заминаи ин ҳама имконот образи шоиставу барҷастаи Роҳбари давлатро офарида метавонанд.
Насруддин ОХУНЗОДА,
номзади илми филология,
ходими калони илмии шуъбаи
ВАО ва табъу нашри ПИТФИ