Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва бастани Созишномаи истиқрори сулҳ (1991–1997) ҳукумати тозатаъсиси мо рӯ ба пешравӣ ниҳод ва аз ҳамин вақт сар карда, дар адабиёту публитсистикаи тоҷик инъикосу тараннуми истиқлол, якпорчагӣ, муттаҳидшавӣ, махсусан ситоиши Ваҳдати миллӣ мақоми хоса пайдо кард.
Тараннуми Ваҳдат, Истиқлолият, сулҳу субот, осоиштагӣ ва иттифоқӣ дар адабиёт ва публитсистикаи имрӯз ба ҳукми анъана даромадааст. Аксарияти адибону публитсистон ба ин мавзуъҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, асарҳо навиштанд. Аз ҷумла саҳми Низом Қосим, Абдулҳамид Самад, Ато Мирхоҷа, Гулназар Келдӣ, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Бахтиёри Муртазо, Шералӣ Мӯсо, Ато Ҳамдам, Ҷумъа Қувват, Раҷабалӣ Аҳмад дар тараннуми Ваҳдат ва Истиқлолият зиёдтар аст.
Аз ин миён дар публитсистикаи Шералӣ Мӯсо мавзуи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ мақоми махсусро ишғол мекунад. Осори ӯ аз образу саҳнасозӣ ва суханофарӣ орӣ набошад ҳам, дар онҳо дидаву шунидаҳои худи муаллиф, ки бевосита шоҳиду иштирокчии корзори меҳнат будааст, бартарӣ доранд. Ӯ якдилӣ, иттифоқ, посу ҳифзи муқаддасоти миллӣ, арҷ гузоштан ба хизматҳои Пешвои миллат ва Ваҳдату ягонагиро дар осораш тараннум карда, хонандаро ба сӯйи ободиву озодӣ ва ҳамдиливу сарҷамъӣ даъват мекунад. Ваҳдат дар осори Шералӣ Мӯсо аз ҷумла «Достони Роғун», «Ҷасорат», «Маҷмаи ифтихор», «Мардистон» ва ғайраҳо хеле хуб инъикос ёфтааст. Ӯ аз иншоотҳои азим сар карда то гулгашту хиёбон ва роҳу мавзеъҳои имрӯз сохташударо самари Ваҳдат ва Истиқлолу ҳамдилии мардум медонад. Ин ҷиҳатҳоро аз ҷумла дар асарҳои ӯ «Достони Роғун» (2015), «Ҷасорат» (2016), «Маҷмааи ифтихор» (2017), «Мардистон» (бо такмилу иловаҳо 2021) бештар мушоҳида мекунем. Ӯ ба ситоиши ваҳдату ягонагӣ пардохта, самараи онҳоро нишон медиҳад ва аз ободиву осоиштагии кишвар хушнуду хушҳол мегардад. Ба назари публитсист пояи тамоми созандагиву бунёдкорҳои кишвар аз сулҳу ваҳдат маншаъ мегиранд.
Шералӣ Мӯсо дар асарҳояш, ба истиснои бобҳои алоҳида, бевосита Ваҳдату ягонагиро ситоиш накарда, онро дар ободкориву созандагӣ ва пешравӣ, ҷасорату мардонагӣ ва рушду нумӯи кишвар нишон додааст.
Масалан, «Достони Роғун» - ро публитсит ба ҳашт қисм – ҳашт дарвозаи биҳишт монанд карда уммедвор аст, ки анҷоми сохтмони Роғун оғози ба ҷаннат табдил ёфтани Тоҷикистон мегардад. Ин чиз моҳияти асосии асари публитсистро ташкил мекунад. Ӯ ба масъалаҳои иҷтимоии руҳияи публитсистидошта рӯ оварда, ба манфиати ҷамъият будани онҳоро таъкид мекунад. Аслан инҷо, сухан дар бораи бунёди сохтмони азим НОБ-и Роғун меравад, аммо публитсит бо як ҳиссиёту ҳаяҷон ва симпатияи эҷодии ботинӣ ба як поя, як ибтидо – Ваҳдат ва ҳам асосу натиҷаи он – ягонагӣ рӯ меорад. Ваҳдату ягонагӣ дар осори ӯ мақоми аввалиндараҷа дорад. Ӯ намедонад, ки Ваҳдатро дар кадом образ ба мардум нишон диҳад ва ба ҳар чизе нигарад дар он Ваҳдатро гоҳо пурра ва гоҳо чун рамз мебинад. Ӯ Роғунро ҳамчун «рамзи ваҳдат, нангу номуси миллати тоҷик» ва «ситораи дурахшоне, дар осмони орзуву умеди тамоми мардуми Тоҷикистон» [Достони Роғун.– Душанбе: Адиб, 2015.– С.7] медонад. Масалан, дар матни зер суханро аз Ваҳдат шуруъ мекунад ва дар охир нишон медиҳад, ки Ваҳдати мардум ғолиб бар ҳама бадиҳост:
«Шоир Ҳикмат Раҳмат бо ифтихори бепоён замзама мекунад:
– Мавҷи Ваҳдати пиру ҷавону марду занро бубин! Мавҷи ваҳдат, мавҷи заҳмат, мавҷи паймону вафоро бубин! Мавҷи қудрату ғайрат, мавҷи зӯру тавонро бубин! Бубин, мавҷҳо ба ҳам омада, мавҷи қудрат мешаванд ва панҷа бар бунёди торикӣ мезананд!» [Достони Роғун.– Душанбе: Адиб, 2015.– С.144]. Шералӣ Мӯсо чун анъанаи соҳаи публитсистика ба афкори омма бевосита таъсир низ расондааст. Масалан, ӯ дар бораи нангу номус ва ғурури тоҷиконаи як коргари одӣ, кафшергар Абдукарим Саидраҳмонов нигоштааст, ки ба суоли публитсист дар бораи маош чунин посух медиҳад:
«–Маоши хуб мегирем, вале ҳамаи моро ору номуси ватандорӣ сарҷамъ кардааст» [Достони Роғун.– Душанбе: Адиб, 2015.– С.94]. Сараввал ин ҷо сухан дар мавриди ватандӯсту фидоӣ будани як коргари одӣ ва баъдан дар бораи нангу номус меравад, ки омили сарҷамъ гаштани на фақат вай, балки чандин нафари дигар гаштааст.
Ҷанги шаҳрвандӣ, ки пас аз ба даст овардани Истиқлол сар шуда буд, ба тамоми соҳаҳои ҷомеа таъсири худро расонд, аз он ҷумла дар сохтани НОБ-и Роғун. Агар Роғун ҳамон замон сохта мешуд, мо истиқлоли энергетикиро ба даст меовардем. Аҳволи онвақтаи Роғунро публитсист бо сад дарду алам ва сӯзу гудоз аз тарафи қаҳрамон тасвир мекунад.
Вижагии дигари осори Шералӣ Мӯсо дар он зоҳир мегардад, ки одами замони навро аз табақаи заҳматкаш тасвир намуда, ӯро ҳамчун қаҳрамони замон нишон медиҳад ва Ваҳдату ягонагиро дар заҳмату меҳнат, азму талош ва ватандӯстиву иттифоқи ҷавонон, умуман табақаи заҳматкаш мебинад ва ин дидаву шунидаашро бекамукост ба хонанда мерасонад:
«– Мебинед, чӣ гуна заҳмат мекашанд?
Дарҳол гуфтам:
– Мебинам. Чӣ хел набинам? Фидокорона заҳмат мекашанд. Ҳамин хел не?
Ба ман чунин намуд, ки ин суханони ман ба ӯ хуш омаданд. Ва ӯ бо ифтихори ошкоро гуфт:
– Дар шараёни онҳо хуни гарм ҷорист.
Ман гӯшу ҳуш шудам.
Чеҳраи ӯ ҷиддияти собиқи худро гум карда, меҳрубон ба назар мерасид. Лабонаш ғарқи табассум, нигоҳи пур аз андешааш ба коргарон дӯхта шуда буд. Баъд ӯ аз нав идома дод:
– Ҳеҷ чиз ширинтар аз зиндагӣ нест. Инсон ҳеҷ гоҳ аз зиндагӣ серӣ надорад. Ҳамеша бо умеду орзуи фардои нек умр ба сар мебарад.
Ман рӯ ба ӯ оварда пурсидам:
– Меҳри Ватан чӣ?
Вай каме хаёл карда, оқилона баён кард:
– Ҳо-о, меҳри Ватан ҳам мисли зиндагӣ ширин аст.
Эҳсос кардам, ки дилаш гум зад.
– Офарин, аҷаб гуфтед!
Вай нигоҳашро ба сӯи корзор равон кард ва то дер ба ҳамон сӯ нигарист. Баъд ба ман рӯ оварда, ба тамкин гуфт:
– Шумо ба кору бори ин ҷавонҳо таваҷҷӯҳ кунед. Чиро мебинед?
– Ин суол?
– Бале.
– Талоши зиндагиро.
– Офарин ҳақиқатро гуфтед. Азму талоши онҳо дар роҳи худсозӣ баҳо надорад [Достони Роғун.– Душанбе: Адиб, 2015.– С.166-167].
Дар тасвири муаллиф сохтмони НБО-и Роғун тавонист «ба иллатҳои ҷомеаи мо чун маҳалгароӣ, бахиливу нотавонбинӣ ва амсоли ин зарба зада, ба кохи бузурги ифтихор, нангу номус, ваҳдат ва худшиносии миллӣ пойдевори устувор» гузорад [Достони Роғун.– Душанбе: Адиб, 2015.– С.73].
Дар ҷойи дигар замони ҷанги шаҳрвандӣ, ғорат шудани техникаи Роғун бо сад дарду алам ва сӯзу алам аз забони қаҳрамон бо амри дили худи публитсист садо медиҳад.
Дар «Ҷасорат» бошад, Шералӣ Мӯсо оид ба Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои ӯ дар самти пойдории сулҳу субот ва рушди фарҳанги чандинҳазорсолаи мардуми тоҷикро бо тамоми ҷузъиёташ тасвир карда, нақши ӯро дар таҳкими Ваҳдати миллӣ арзишманд арзёбӣ мекунад. Ӯ дар пасманзари ҷасуриву далерӣ ва корномаҳои бемисли Сарвари давлат намои Ваҳдатро мебинад. Яъне ӯ ҷасорат карда, мардумро дар зери ливои Ваҳдату ягонагӣ сарҷамъ намуд.
Ба назари адиби публитсист Ваҳдати миллӣ бе ягон шакку шубҳа дастоварди бузург ва муқаддаси миллат аст. Ҳатто публитсист суханро, ки бевосита тарғибкунандаи ҳама чиз, аз ҷумла сулҳу субот аст, ҷовидонӣ пиндошта, таъкид мекунад, ки он бо пару боли қавии Ваҳдат ба дурии дуриҳо парвоз хоҳад кард ва бовар дорад, ки баъди ба даст овардани Ваҳдату Истиқлолият ва озодӣ «халқи мо донист, ки ҳаёти ҷамъият ба чӣ ранг аст ва кадом чиз ба пешрафти вай халал мерасонад. Ҳар яке– чи пиру чи барно– сиёҳро аз сафед ба зудӣ фарқ карда тавониста, бо шавқу рағбати рӯзафзун ба худшиносии миллӣ рӯ оварданд» [Ҷасорат. Қисса, ҳикоя, очеркҳо.– Душанбе: Эр-граф, 2016.– С.101].
Нависанда аз нафаронест, ки қадри Ваҳдату озодии миллиро дониста, онро муқаддас медонад. Ба назари ӯ Ваҳдат хушбахтии бузург буда, шодии номаҳдуд дорад. Истиқлол низ дастоварди бузург аст, вале ба ақидаи муаллиф мо «истиқлолияти худро бидуни ваҳдат ва ягонагии миллӣ пойдор ва ба манфиати эҳёи миллӣ равона карда наметавонистем» [Ҷасорат. Қисса, ҳикоя, очеркҳо.– Душанбе: Эр-граф, 2016.– С.196].
Публитсист ҳатто зебогиву ободии минтақаҳои мамлакатро дар Ваҳдат мебинад, ки мардум чун даврони шӯравӣ ба ҳукумат нигоҳ накарда, сарҷамъона ҳар як гӯшаи диёрро обод мекунанд: «Ваҳдат симои Хоруғро дигаргун сохт. Дар 70 соли Ҷамоҳири Шӯравӣ ин қадар иншооте, ки дар ду сол бунёд кардем, сохта нашуда буд» [Ҷасорат. Қисса, ҳикоя, очеркҳо.– Душанбе: Эр-граф, 2016.– С.119]. Барояш Ваҳдату ягонагӣ неъмати бузург аст ва мехоҳад, ки дигарон чун ӯ аз ин неъмат бархурдор бошанд ва ҳамеша онро пос доранд:
«Ваҳдат хушбахтии бузург будааст, шодии номаҳдуд доштааст!
Вақте Ваҳдат мегӯем, кӯдакон механданд, модарон механданд, ошиқон механданд!
Ва тамоми дунё механдад!
Ин сана воқеан лаҳзаи ҳастисоз аст!» [Ҷасорат. Қисса, ҳикоя, очеркҳо.– Душанбе: Эр-граф, 2016.– С.149].
Ҳамзамон публитсист Паёму суханрониҳои Пешвои миллатро низ беҳбудӣ барои халқи тоҷик ва ободӣ барои давлат меҳисобад: «Агар ҳадафҳои дар суханронии Сардори давлат зикргардидаро амиқ тафаккур кунем, аён мегардад, ки ҳамаи онҳо ба ормони миллии халқи тоҷик – ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ нигаронида шудааст. Мақсаду мароми Паём пеш аз ҳама таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад» [Ҷасорат. Қисса, ҳикоя, очеркҳо.– Душанбе: Эр-граф, 2016.– С.213].
«Маҷмаи ифтихор»- и Шералӣ Мӯсо ба ҷашни 20 - солагии Ваҳдати миллӣ бахшида шуда бошад ҳам, саропо ободиву созандагии дар ин муддат бавуқуъомадаи шаҳри Ваҳдатро инъикос мекунад, яъне ӯ шаҳри Ваҳдатро самараи Ваҳдати миллӣ медонад. Ш. Мӯсо дар шаҳри Ваҳдат фақат ободиву зебоӣ ва бунёдкориҳои замони Итиқлолро ба риштаи тасвир накашидааст, балки дар симои ин ҳама Ваҳдати миллиро ҷустааст. Ӯ аз мардуми маҳаллӣ саркарда, то гулгашту хиёбон ва роҳбарони шаҳрро ба хонанда бевосита дар рафти тасвир, як-як шинос мекунад. Масалан, дар менигорад, ки симои шаҳри Ваҳдат дар замони Истиқлол тамоман тағйир ёфта, зебову дилкаш ва дилрабо шудааст. Кӯчаву хиёбонҳои хеле ороставу пероста ва биноҳои баландошёнаи боҳашамати тамошобоб дили бинадаро тасхир мекунанд. «Махсусан хиёбону кӯчаҳои Сомониён, Рӯдакӣ, 20-солагии Истиқлолият, Хуросон ва Салимзода шукуҳу шаҳомати беназире пайдо карда, ҷойи сайру тамошо гардидаанд» [Маҷмааи ифтихор.– Душанбе: Ирфон, 2017.– С.16].
Қиссаи «Мардистон» бошад, дар бораи «қаҳрамононест, ки ҷон ба каф гирифта, бо заҳмати сангин нақб сохтанд, афсонаро ба ҳақиқат табдил доданд, Тоҷикистони азизро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун кашиданду Ваҳдати миллиро таҳким бахшиданд» [Мардистон. – Душанбе: Эр-граф, 2021.– С.12]. Ӯ ваҳдату ягонагиро бештар дар ҷараён ва натиҷаи кори нақбканон инъикос карда, аз доираи сарҷамъии онҳо берун нарафтааст. Публитсист менигорад, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём, ризқу рӯзиашро аз дили санг мерӯёнад ва «нақбканон ҳам борҳо иброз доштанд, ки сар ба санг мезанему нақбро месозем» [Мардистон. – Душанбе: Эр-граф, 2021.– С. 125]. Ва ӯ тинати олии табақаи заҳматкашро дар якҷоягӣ ва софдилиашон тасвир мекунад: «Коргарон мардуми аҷибанд, ҳар яке кӯшиш мекунад, ки кори вазнинтарро ба дӯш гирад. Дар чеҳраашон осори хастагӣ наменамуд. Аз ҳаракату гуфтори ҳамаи онҳо як рӯҳбаландию хушҳолии ғайриодӣ ҳувайдо буд» [Мардистон. – Душанбе: Эр-граф, 2021.– С. 175].
Публитсист аз он ки дар байни қаҳарамонҳояш Ваҳдату сарҷамъиро инъикос мекунад, бевосита ба «расми хуби тоҷикон» дӯстиву иттифоқ ва инсондӯстӣ рӯ овардааст, ки яке аз масъалаҳои марказии публитсистикаи Ш. Мӯсо ба шумор меравад.
Чизи дигари ҷолиби публитсистикаи Ш. Мӯсо ин ваҳдати вуҷуд аст. Яъне, кӯшиш барои ба даст овардани хушбахтӣ, мақсади дар пеш гузошташуда ва тамоми ҳадафҳои як инсони комил, танҳо бо саъю талоши худи шахс ва ғолибият бар нафс аст.
Хулоса, Ваҳдату ягонагӣ, оромӣ, субот ва созандагиву бунёдкорӣ дар публитсистикаи Шералӣ Мӯсо мавриди ситоиш қарор гирифта, публитсист симои ҳақиқии онҳоро нишон додааст. Ӯ дар симои Ваҳдат тавонистааст Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ваҳдатофар муаррифӣ кунад. Навиштаҳои ӯ саршор аз меҳри Ватан ва бошандагони он мебошад. Албатта, гоҳо руҷӯи лирикӣ ва образу саҳнасозӣ ба назар мерасад, ки дар олами эҷод як чизи табиист ва публитсист бо ин усул мехоҳад замонаро чунин бинад. Зиндагии шоиста баҳри мардум, софдиливу бовиҷдонии табақаи заҳматкаш то роҳбарият, иттифоқу якдилӣ, арҷгузорӣ ба миллати куҳанбунёду қадр кардани хизматҳои Пешвои миллат, шукр аз сулҳу субот, ободиву арзонӣ, дӯстии халқҳо, меҳнати якдилона ва амсоли ин дар маркази публитсистикаи Шералӣ Мӯсо истода, бо як мазмун, аммо шаклҳои гуногун инъикос ёфтаанд.
Ифтихор ЮСУФӢ,
мудири шуъбаи ВАО
ва табъу нашри ПИТФИ.