Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг

Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он маншаъ мегирад. Он барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ, Ватан модар ва дигар унсурҳои давлатдориамон нақши муассир дорад.

Ваҳдат, яъне иттифоқу ягонагӣ ва ҳамбастагӣ ҳанӯз аз аҳди бостон дар байни мардуми соҳибтамаддуни мо, хоса дар осори олимону шоирон ва мутафаккирони тоҷик тавсифу тарғиб мегардид. Чунончи Саъдии Шерозӣ мегӯяд:

Мурчагон гар бикунанд иттифоқ,

Шери жаёнро бидаронанд пӯст.

Сайидои Насафӣ низ ба ин маъно гуфтааст:

Аз иттифоқи мурчагон ғофилӣ магар,

В-арна чаро ҳақир шуморию нотавон!?

Шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пирӯзиро аз иттифоқу ваҳдат медонад:

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад,

Паркандагӣ аз нифоқ хезад.

Ривояту зарбулмасалҳо низ дар байни  мардуми тоҷик хеле зиёд аст, ки моро  ба ваҳдату иттифоқ ва ҳамбастагӣ даъват ва талқину тарғиб мекунад. Чунончи марде зимни мурдан фарзандонашро ба наздаш даъват карда, як даста навдаи бо ҳам бастаро ба дасти онҳо дод то онро шикананд. Зӯри ҳеҷ яке аз онҳо нарасид. Он бастаро кушуду  ба дасти ҳар кадомаш яктои навда дод. Онҳо ба саҳулат навдаҳоро шикастанд. Ва дар охир он мард гуфт: -Фарзандонам, то он даме ки бо ҳам иттифақ бошед касе шуморо мағлуб карда наметавонад.

Бояд тазаккур дод, ки баргузории Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон нақши тайинкунандае дар таҳкими Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дошт.

Дар ин замина андешаҳои ду бонуи муҳтарам, ходимони давлатӣ, иштирокдорони Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро, ки бо онҳо мусоҳиб гардидем, пешкаши шумо менамоям.

Адолат Раҳмонова: -Дар ҳақиқат ин иҷлосия барои ҷумҳурии тозаистиқлоли мо тақдирсоз буд. Дар натиҷаи нофаҳмиҳои байни гурӯҳҳо, ки мехостанд дуруст будани ақидаҳои худро исбот намоянд ва шояд дарк накардани демократия, ки қисмате бо номи демократ баромад мекарданд, кишвари моро ба ҷанг кашиданд. Гурӯҳҳои мухолиф бо ҳар восита мехостанд сохти конститутсиониро тағйир дода, бо роҳи зӯрӣ ба сари қудрат оянд. Шояд онҳо на фақат аз дохил ба иштибоҳҳои сиёсӣ роҳ доданд, балки хоҷагоне доштанд, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мекарданд ва мехостанд Тоҷикистонро ба қисматҳо ҷудо намоянд ва мардуми сарбаланди тоҷикро мутеъ созанд. Баргузор гардидани иҷлосия ба чунин ихтилофот хотима бахшид. 

Мо тавонистем, ки зарурияти доир гардидани иҷлосияро исбот созем. Дар ҳамин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон, шахси фидоии миллату Ватани хешро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намудем. Сардори давлат дар он солҳои мудҳиш борҳо ба Афғонистон сафар кард, ки на ҳар кас чунин ҷуръатро дошт. Фақат шахси фидоӣ, ки ҷонашро барои сарҷамъии миллату оромиву осудагии кишвараш дареғ намедошт, ба ин кор қодир буд.

Он бунёдсозиҳое, ки бо роҳбарӣ ва ҳидояти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли ин солҳо дар Тоҷикистон ба сомон расид, худ гувоҳи ҷомаи амал пӯшидани орзуи одамони сулҳпарваранд. Ва имрӯз, ки мо дар арафаи ҷашнгирии Ваҳдати миллӣ қарор  дорем, орзу  менамоям,  ки  сатҳи зисти  мардуми  мо боз ҳам баланд гардад ва зиндагии гуворо дошта бошанд, зеро миллати мо ба ин сазовор аст.

Гулафзо Савриддинова: -Мо, намояндагони халқ, дар вазъияти хеле мураккаб Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эълон кардем. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ як идда шахсоне пайдо шуданд, ки вазъи сиёсии кишварамонро муташанниҷ гардониданд. Истиқлолиятро ба даст овардем, вале таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд маҳсуб меёфт. Будан ё набудани Тоҷикистони соҳибистиқлол  ба миён омад. Он рӯзҳо барои ҷумҳурии тозаистиқлоли мо тақдирсоз буд.

Баъди он ки номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба Раисии Шӯрои Олии мамлакат пешниҳод карданд, дар чеҳраи ҳамаи вакилони мардумӣ як шукуфоӣ ва ризоиятмандӣ ҳувайдо гардид ва ҳамагон ин пешниҳодро бо қаноатмандӣ пазируфтанд. Ҳамаи мо он замон масъулияти хеле ҷиддиро ба ӯҳда доштем.

Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати тозаинтихобшуда, дар назди ҳозирин иброз доштанд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул – гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Ин суханон ба рӯҳи аҳли нишаст  таъсир гузошту ҳама оҳи сабук кашиданд. Ҳангоме ки кори иҷлосияро ба итмом расондем дар дили ҳамагон як умед ба беҳбудӣ ҷой гирифт ва қуввае пайдо шуд, ки мо сохти конститутсиониро барқарор карда тавонистем.

27 июни соли 1997- пас аз 8 даври гуфтушунид (дар солҳои 1994 то 1997) миёни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин, дар шаҳри Маскав,  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошта, шодиро дар хонадони тоҷик пойдор гардонд. Барҳақ, дар ин маврид Абӯшакури Балхӣ гуфтааст:

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,

Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.

Мунаввари Сафар,

ходими пешбари илмии ПИТФИ

 

барчасп: