Маро фақат ту мешиносӣ, эй Ватан!

Ватан, ту модарӣ,

Ҳамеша бемисолу бебадал,

Ватан, ту модарӣ,

Нагунҷӣ дар мисолу дар масал.

 

Зи дуртарин каронаҳо,

Зи дуртарин канораҳо,

Чу модари азизи ман,

Дилам ба меҳр мегудозӣ, эй Ватан,

Фақат маро ту менавозӣ, эй Ватан.

 

Агарчи дур мондаам зи лутфу меҳрубониҳо,

Агарчи осиёби зиндагӣ

Маро фурӯ кашиду орд кард,

Агар чи одамон маро ба чашми хира бингаранд,

Агарчи ғуссаи ҷаҳон дили маро хароб кард,

Вале чу бо туям, дилам пур аз садост, эй Ватан!

Тамоми зиндагии ман туро фидост, эй Ватан!

 

Ба рағми корсозиҳои Аҳриман,

Муҳаббати ту дар дилам, аё Ватан,

Гаҳе силоҳ мешавад,

Гаҳе сипоҳ мешавад.

Ба сангарат чу сар ниҳодаам,

Сарам муҳаббати туро

гувоҳ мешавад.

Зи баъди мурданам барои ту, Ватан,

Бикун маро зи Парчами баланди худ кафан.

 

Маро фақат ту ҳол пурсӣ, эй Ватан,

Маро фақат ту мешиносӣ, эй Ватан,

Дилам ба меҳр мегудозӣ, эй Ватан,

Маро фақат ту менавозӣ, эй Ватан.

                                                  М. Саъди

 

барчасп: