ДАСТОВАРДҲО ВА МУШКИЛИҲОИ СИРКИ ТОҶИК

Сирки имрӯзи тоҷик, бе ҳеч муболиға, зодаи даврони истиқлолият аст. Пас аз байн рафтани Давлати Шӯравӣ аз сирк танҳо ном ва бино боқӣ монда буду бас. Бисёр душвориҳоро паси сар кардан лозим омад, то сирк аз нав қомат афрозад, барномаҳои гуногун таҳия намояд ва манзури тамошобинон гардонад. Сарвари Сирки давлатии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Раҳматуллозода вазъи кунунии сиркро тавзеҳ дода, ёдрас намуд, ки пешрафти сирки имрӯз нисбат ба чанд соли пеш муқоисанопазир аст. “Бо боварӣ метавон гуфт, ки барномаҳои сиркӣ аз нигоҳи мазмуну мундариҷа, бадеият хеле беҳтар шуданд; дастовардҳо низ кам нестанд. Дур намеравем, дар ҳамин ду-се соли охир ҳунармандони ҷавони сирк дар озмун–фестивалҳои сатҳи гуногун иштирок намуда, соҳиби ҷоизаву дипломҳо гардиданд. Масалан, Собирзода Мастона моҳи августи соли 2022 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар фестивали байналмилалӣ аз рӯи жанри гимнасти ҳавоӣ дар байни намояндагони шонздаҳ давлати ҷаҳон ба гирифтани ҷоизаи биринҷӣ сазовор гашт. Моҳи июли соли 2023 эквелибристҳо бо перш Илёсов Алмосхон, Изатуллоев Шаҳриёр, Ҳалимов Қурбон, Ҷабборова Шаҳноза, Ҳусейнзода Анӯша дар фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Алмаата ширкат намуда, соҳиби ҷоизаи биринҷӣ шуданд. Назарова Ёсуман декабри соли 2023 дар шаҳри Тулаи Федератсияи Россия дар фестивали кӯдакон ва наврасони то 18-сола иштирок ва миёни намояндагони 14 давлати ҷаҳон ҷои дуюмро гирифт ва соҳиби ҷоизаи нуқра шуд. Ҳунарманди номӣ Шарифзода Муҳаммад январи соли 2024 дар 43-умин фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Париж, апрели ҳамин сол дар Испания дар фестивал иштирок намуда, аз ҳар ду фестивал ба гирифтани ҷоизаи нуқра мушарраф гашт. 24 июни соли равон 5 нафар эквелибристҳо бо перш дар Ёқутистони Россия дар фестивали байналмилалии “Мамонт” иштирок хоҳанд кард. Умед дорем, ки ба дастовардҳо ноил хоҳанд шуд. Дар пайванд ба ҳамин бояд гуфт, ки ҳоло чор нафар эквелибрист ва як нафар торбоз дар Малайзия, як нафар дар Олмон ҳунарнамоӣ менамоянд, 8 нафар човандози сирк дар Ҷумҳурии Халќии Хитой такмили касб ва дар айни вақт дар саҳнаи сирки он кишвар баромад мекунанд.

Махсус таъкид кардан мехоҳам, ки дар айни вақт дар сирк ҳунармандон мерасанд, вале ин таъкид ҳаргиз маънои онро надорад, ки дар ин бобат мушкилие вуҷуд надошта бошад. Мушкилӣ ҳаст ва он марбут ба масъалаи такмили касб, сайқали ҳунару маҳорати ҳунармандон аст. Чӣ хуб мешуд, агар ҳунармандони ҷавони сирк давра ба давра дар сиркҳои пешрафтаи кишварҳои хориҷӣ такмили касб мекарданд ё дар мактабҳои сиркӣ таҳсил менамуданд. Дар ин бобат сирк интизори дастгирӣ ва ёрию мадад аст ва ин дастгирию ёрию мадад аз ҳар куҷо ва ҳар гунае бошад, аҳли эҷоди сирк бо сипосу мамнуният истиқбол хоҳад намуд. Ин иқдом ба беҳтару хубтару рангинтар шудани барномаҳои сиркӣ мусоидат карда, бовару эътимоди тамошобинонро зиёд намуда, ба боло рафтани эътибори сирк чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар мусоидат хоҳад кард.

Студияи ҳунарҳои сиркӣ солҳост, ки дар назди сирк амал мекунад ва сиркбозони ояндаро ба воя мерасонад; шумораи ҳайвоноту хазандаҳо сол аз сол зиёд мешавад, имрӯз сирк соҳиби панҷ асп, уштур, мору сусмору енот ва ғайра аст, ҳол он ки чанд сол пеш дар сирк ному нишони ҳайвонот набуд; ҳунармандони сирк дар тамоми ҷашну маросимҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона доранд; ба тариқи хайру савоб барои тарбиягирандагони мактаб-интернатҳо ва сарбозон барномаҳои махсус таҳия мегардад. Дар чанд соли охир ҷои зисти ҳайвонот аз таъмири пурра баромад, ҳавокашҳо шинонда шуданд, пардозхонаи ҳунармандон таъмир ва бо ашёи зарурӣ таъмин шуд, сару либос низ мерасад, асбобҳои техникӣ (реквезитҳо) мутобиқ ба жанрҳои сиркӣ аз кишварҳои хориҷӣ харидорӣ шуданд ва онҳо ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ мебошанд.

Ин ҳама нишони пешрафти мост, аммо аз ҳақиқат ҳам набояд рӯ тобем, таърифи беасос шикасти корҳост, иқрор бояд шуд, ки сатҳи ҳунару маҳорати ҳама ҳунармандон дар як поя нест, гуфта наметавонем, ки ҳама жанрҳои сиркӣ дар сатҳи байналмилалӣ иҷро мешаванд. Роҳи аз ин мушкилӣ баромаданро гуфтем ва боз ба такрор мегӯем, ки ҳунармандон ниёз ба сайқали маҳорат дар сиркҳои машҳури ҷаҳонро доранд, то ба чашми худ бубинанд ва такмили ҳунар кунанд. Дар айни замон аз нарасидани масхарабозон то андозае душворӣ мекашем, дурустараш масхарабози асил ёфта наметавонем. Шояд ба назари хонанда ин масъалаи одӣ намояд, аммо дар асл ин кори осон нест. Боз ҳам хуш ҳастем, ки ин жанри сиркиро ба қадри қудрату тавон Ҷамолиддин Садриддинзода обу ранг медиҳад, саҳнаҳои ҷолиб меофарад, шогирдон тарбия мекунад. Акаи Ҷамолиддин чилу ҳафт сол аст, ки дар саҳнаи сирки тоҷик заҳмат мекашад, дар тӯли умри бобаракати хеш ба ҳазорон тамошобин завқу шодӣ бахшидааст, вақти он расидааст, ки заҳматҳои ӯ қадрдонӣ шаванд. Мушкилӣ, камбудиву душвориҳо ҳастанд ва мо инро медонем, дарк мекунем ва баҳри рафъи онҳо мекӯшем”.

Сирк ҳамчун як рукни аслии фарҳанг дар ташаккули тамаддуни мо дар даврони истиқлолияти миллӣ бояд мақоми сазовор дошта бошад. Ҳароина дастоварду пешрафтҳои сиркро, ки мухтасар ёд шуд, набояд нодида гирифт, онҳо кам нестанд, аммо, ба гузаштаи начандон дури сирки тоҷик, ба шуҳрату эътибори он дар даврони шӯравӣ нигарем, афзун бар ин, рушди сиркҳои ҷаҳонро пеши назар орем, бегумон сирки тоҷикро кӯшишу талошҳои зиёде дар пеш аст.

Сирки тоҷик эҳё гашт, ибтидои роҳро паймуд, ҳоло роҳ боз асту ҷода дароз, дар оянда ин роҳро чӣ гуна мепаймояд ва самари он чӣ гуна хоҳад буд, вақт, замон доварӣ хоҳад кард. Мо умед дорем ва таманно мекунем, ки аҳли эҷоди сирки тоҷик бо якдиливу ягонагӣ ва ҳамдастӣ сиркро ҳамчун як шоҳсутуни фарҳанги миллӣ рушду такомул мебахшанд ва ба қуллаҳои баланд мерасонанд.

Дар охир чунин ба назар мерасад, ки вақти таҳияи барномаи нави сирк кайҳо фаро расидааст, то дурнамои сирк мушаххасан муайян шавад ва ин барнома тавонад сиркро ба баландиҳо роҳнамоӣ кунад ва сирки тоҷик аз қофилаи сиркҳои ҷаҳон қафо намонад, бахусус ки 35-умин солгарди Истиқлолият аз мо дастовардҳои арзандаро интизор аст. Дар воқеъ, роҳбарияти Сирки давлатии Тоҷикистон ба истиқболи ин ҷашни хуҷаста як олам нияту нақшаҳо дорад, аз ҷумла омода аст дар ҷумҳурӣ аввалин Фестивал-озмуни байналмилалии сиркиро гузаронад ва дар ин кор умед ба дастгирӣ ва роҳнамоии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати фарҳангро дорад, то бошад, ки бад-ин васила майдони фаъолияти сирки тоҷик васеътару густурдатар ва нуфузу эътибораш баландтар гардад.

Ф. Ҷӯрақулов,

ходими пешбари илмии

шуъбаи фарњанг ва санъатшиносӣ

 

 

барчасп: