«Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ ва бегазанд ба
фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддасу
ватандўстонаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурист».
Эмомалӣ Раҳмон
Мероси таърихию фарҳангӣ ганҷинаи бузурги инсоният буда, ҳифз ва пос нигоҳ доштани он омили инкишофи тамаддуни башарӣ аст. Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари куҳанбунёду бостонӣ буда, таърихи ҳазорсолаҳоро доро мебошад. Мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва табии халқи тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоша, ҳамзамон ҷузъи ҷудонашавандаи он маҳсуб меёбад.
Ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгиранд, ифтихор ва мероси на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Имрўз дар Тоҷикистон беш аз 2000 ёдгории археологӣ, меъморӣ, фарҳангӣ ва табиӣ, ки фарҳангу расму оинҳои гуногунро инъикос мекунанд, сабт шудааст.
Яке аз ёдгориҳои таърихию табиӣ дар кишвар “Чилдухтарон” мебошад, ки он ҳам дар қаламрави вилояти Хатлон ва ҳам вилояти Суғд ба мушоҳида мерасад. Зимни сафари хизматӣ ба ноҳияи Деваштич мо аз мавзеи “Чилдухтарон”-и деҳаи Метк дидан намудем. Метк яке аз калонтарин деҳаҳои ноҳияҳои Деваштич мебошад. Дар деҳаи Метк ду мавзеи “Чилдухтарон” воқеъ аст: яке дар мавзеи Зиндарон ва дигаре дар мавзеи Бедук. “Чилдухтарон”-и мавзеи Зиндарон мавқеи асосӣ дошта, хеле диққатҷалбкунанда аст. Куҳи Чилдухтарон табиати ба худ хос дорад. Бахусус куҳҳои ҳайратангези он, ки ба одам шабоҳат доранд.
Оиди ин мавзеи таърихи яке аз сокинони деҳа Ҳабибулло Бобоев- омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ № 27-и деҳаи Метк, маълумот дода қайд намуд, ки ин мавзеъ аз маркази ноҳияи 80 км дур ва дар баландии 2600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Роҳи мошингард то наздикии ин мавзеъ вуҷуд дорад, фақат 300 метр пиёда ба куҳ баромадан лозим меояд. Муҷассамаҳо, ки ба шакли одамӣ шабоҳат доранд, дар асл на 40 адад, балки 65-то мебошанд.
Доир ба ин мавзеъ ривояти таърихӣ вуҷуд дорад, ки мо аз бобоҳоямон шунидаем, - гуфт ҳангоми суҳбат Ҳабибулло Бобоев ва он ривоятро чунин наќл намуд.
“Ривоят мекунанд, ки дар замонҳои хеле қадим деҳаро як гурӯҳ сипоҳиёни ғоратгар ишғол намуда, мардуми деҳаро қатлу ғорат намуданд. 40-нафар духтарону занони деҳа бо мақсади он ки ба дасти ғоратгарон асир наафтанд ва ба шарафу номусашон осебе нарасад, деҳаро тарк намуда, дар мавзеи ҳозираи “Чилдухтарон” пинҳон шуданд. Аммо ғоратгарон аз ин хабардор шуда, онҳоро аз чор тараф иҳота менамоянд. Дигар ҷойи гурехтан ё пинҳон шудан намемонад. Занону духтарон ноилоҷ монда, барои раҳоӣ ёфтан аз душман рӯ ба сӯи Худованд меоранд. Онҳо дастаҷамъона илтиҷо мекунанд, ки онҳоро то ба сангу хок табдил диҳад, то ки аз зулму асорат ва таҷовузи душманони ғоратгар наҷот ёбанд. Ҳамин дуои дастаҷамъонаи онҳо гўё пазируфта мешавад ва он 40 нафар ба санг табдил меёбанд”.
Албатта, ин ривоят ҳаст, вале асли воќеии ба вуқуъ пайвастани ин ҳодисаро касе намедонад. Агар аз нуқтаи назари илмӣ бингарем, ба вуҷуд омадани “Чилдухтарон” ҳодисаи маъмули табиӣ аст. Аммо аз тарафи дигар оид ба ин мавзеъ ривояту афсонаҳои мардумӣ боқӣ мондаанд, ки ин ривоятҳо ифодагари саҳифаҳои таърихи қаҳрамонии гузаштагонамон мебошад.
Дар шакли имрӯз, ки мо онҳоро дидем ќисми зиёдашон ба симои одам монандӣ надорад, аммо ҳамсуҳбатамон Ҳ.Бобоев иброз дошт, ки ин ҳайкалҳои хурду калони одамшакл дар натиҷаи боду барфу борон, дар муддати хеле тулонӣ ба ин шакл мубаддал гардидаанд. Агар аниқтар назар кунед, мебинед, ки ин раванд ба таври хеле ноаён идома дорад.
Мушоҳида мешавад, ки солҳои тўлонӣ баъзе ҳайкалҳои бо ном “Чилдухтарон” бо таъсири боду борон нобуд шуданд ё шаклашонро тағйир додаанд. Ҳатто мушоҳида мешавад, ки боз ҳайкалҳои нав ба вуҷуд омада истодаанд. Чунин менамояд, ки ин раванд шояд дар оянда ҳам идома ёбад.
Дар маҷмуъ, мавзеи “Чилдухтарон” баробари дигар манзараҳои зебои деҳа хушнамою диққатҷалбкунанда буда, барои дар оянда ба макони сайёҳӣ табдил додани он ҷои мувофиқ аст. Аз ин рӯ, мо бояд таъриху мероси ниёгонамонро ҳифз кунем ва саъю кўшиш намоем, ки ин сарват барои наслҳои оянда бегазанд расонида шавад, то онҳо низ аз таъриху мероси гузаштагони худ огоҳ бошанд ва онро арҷгузорӣ намудаю ифтихор аз он дошта бошанд.
Гулмоҳ Сафарқулова,
Ҷамшед Ғафуров,
ходимони илмии
ММФТ-и ПИТФИ