ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ «ФАРҲАНГ»

16 июли соли ҷорӣ дар Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо иштироки васеи кормандон ва аъзои ҲХДТ ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» баргузор гардид, ки дар он мудири  шуъбаи таблиғ ва ташвиқи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдасвӣ М. Усмонзода ширкат варзид.

Дар ҷаласа якчанд масъала, аз ҷумла ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда; дар амал татбиқ намудани қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ аз 15.05.2024, №2 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”; интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ; интихоби вакил ба Конференсияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва масъалаҳои ташкилӣ (қабул ба сафи ҲХДТ) мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар зимн раиси ташкилот, номзади илмҳои филология Аминзода А.Ҳ. оиди фаъолияти соли ҷорӣ муфаассал ҳисобот дод. Ў қайд кард, ки дар ин давра аз ҷониби ходимони илмии ПИТФИ, 144 кори илмию тадқиқотӣ ва методӣ, ки аз онҳо 8 китобу маҷалла, 22 мақолаи илмӣ, 90 мақолаи илмию оммавӣ чоп карда шуд, ҳамчунин ходимони илмӣ дар доираи лоиҳаҳои фаъолиятии пажуҳишгоҳ зиёда аз 105 пурсишномаҳои намунавиро пур карда ҳамчун маводи  зарурӣ мавриди истифода қарор додаанд, дар телевизиону радио  беш аз 90 маротба  маротиба суҳбату мусоҳибаҳо доир намуданд. Аминзода А.Ҳ, қайд карданд, ки ходимони илмии пажўҳишгоҳ барои дар сатҳи баланди илмию фарҳангӣ, сиёсӣ ва тахассусӣ баргузор намудани ҳамоишҳо бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ, таҷлили ҷашнҳо ва баррасии масоили мубраме, ки ҳалли онҳо тақозои замон аст, пайваста кўшиш менамоянд ва то имрўз 11 чорабинии илмӣ доир намудаанд.

Мавсуф  афзуд,  ки ҷиҳати иҷрои саривақтии  дастуру супоришҳои  Дастгоҳи Иҷроияи Маркази ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи шаҳрию ноҳиявии ҳизб чораҳои зуруриро роҳандозӣ намуда, ҳамкориро бо Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ зич ба роҳ мемонем.

Масъалаҳои дигари пешниҳодшуда аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҳамаҷониба муҳокима ва оид ба ҳар кадоми он қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Дар ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии ҳизб, директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои филологӣ Аминзода Абдуфаттоҳ ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ мудири бахши ММФТ Носирова Лайло интихоб гардиданд. Ҳамзамон вакили ТИ “Фарҳанг” ба Конференсияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ интихоб карда шуд. Дар интиҳои ҷаласа якчанд ходимони асосан ҷавони пажўҳишгоҳ дар шароити тантанавӣ ба узвияти ҲХДТ қабул гардиданд.

             Содиқова М,

котиби илмии ПИТФИ

барчасп: