Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба гиромидошти таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбуёди тоҷик таваҷҷуҳи хосса менамояд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намуда буданд: «Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддасу ватандўстонаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурист».
Дар баробари шаҳрвандон муассисаҳои фарҳангӣ низ вазифадоранд, ки на танҳо арзишҳои фарҳангиро ҳифз намоянд, балки дар офаридани чунин арзишҳо мусоидат намоянд.
Марбут ба ин яке аз чунин муассисаҳо ин мактабҳои мусиқӣ ва санъат маҳсуб меёбанд, ки манбаи илмию тарбиявӣ, ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон аст. Дар маҷмуъ агар ба гузаштаи дуру наздик назар намоем, мебинем, ки бештаре аз ин муассисаҳо дар замони собиқ Шуравӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, то имрӯз мавқеи фарҳангии худро гум накардаанд.
Новобаста ба ҳамаи ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо кӯшишу талош ба харҷ медиҳанд, ки дар ҳудуди кишвар ва берун аз он ин муассисаҳои номбурда фарҳанги волои тоҷикро муаррифӣ намоянд.
Ҷиҳати таҳлилу баррасии вазъи фаъолияти муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг, мактабҳои санъату мусиқӣ олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот корҳои илмию тадқиқотӣ анҷом медиҳанд. Барои муайян намудани вазъи фаъолияти чунин муассисаҳо ва расонидани ёрии методӣ ба онҳо мутахассиссон сафарбар гардида, аз ҳолати кунунии ин мактабҳои таълимӣ натиҷагирӣ менамоянд.
Ин буд ки гурӯҳи кории шуъбаи илмӣ-методии пажӯҳишгоҳ аз мактаби санъати ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуданд. Қаблан пурсишномаҳо таҳия гардида, зимни сафар роҳбарият ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ ба он ҷалб карда шуданд. Вазъи таълиму тадрис аз ҷониби ходимони илмӣ бевосита мавриди таҳқиқ қарор дода шуд.
Маълум гардид, ки Мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафии ноҳияи Рўдакӣ соли 1965 ба фаъолият шуруъ намудааст. Дар ҳоли ҳозир бинои муассиса, ки аз ду ошиёна иборат аст фарсуда шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Қисме аз ин бино барои фаъолияти кормандони соҳаҳои мақомоти дигари давлатӣ ва ғайридавлатӣ (Кумитаи иҷроияи ҳизби комунистии ноҳияи Рӯдакӣ, Раёсати ангентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятӣ хайриявии “Сипари Ватан”, ва ғайра) пешбинӣ гардидааст.
Тибқи иттилои директори мактаб Худойдодов Зафар аз оғози соли хониши 2024 сохтмони бинои нави замонавӣ барои ин муассисаи фарҳангӣ-таълимӣ ба нақша гирифта шуда, соҳибкори ҷамоатӣ аз ноҳияи Рўдакӣ маблағгузории онро ба зимаи худ гирифтааст.
Аз соли 1999 инҷониб 369 нафар хатмкардагони ин муассиса дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар риштаи илму санъат ба ҳайси омўзгор ва мутахассиси соҳаи санъат ва мусиқӣ фаъолият мебаранд. Имрўз дар оркестру ансамблҳои давлатӣ, коллеҷҳои соҳаи фарҳанг, МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода” Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, мактабҳои мусиқиву санъати шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутахассисони ин даргоҳи илму маърифат фаъолият доранд.
Худойдодов Зафар, собиқаи умумии кориаш 21 сол буда, 1 солу 5 моҳ мешавад, ки ба ҳайси роҳбари мактаби мазкур кору фаъолият дорад. Бо кўшишу талоши ӯ дар мактаб баъзе камбудиҳо бартараф шудаанд, аз ҷумла таъмиру тармими бинои мактаб анҷом дода шуд. Муассиса 18 синфхона, китобхона ва толори консертиро дар ихтиёри худ дорад. Машғулиятҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида ба 5 шуъба тақсим шуда, аз фортепиано, скрипка, баян-аккордеон, трубба, клорнет, саксафон, рубоби қошѓарӣ, прима, рубоби бадахшонӣ, дойра, най, чанг, дутор дарс мегузаронанд. Фанҳои назарияи мусиқӣ, солфеджио, адабиёти мусиқӣ, сарояндагӣ, кулолгарӣ, рассомӣ, театравӣ ва рақс хуб ба роҳ монда шудааст.
Созҳои мусиқӣ дар муассиса айни ҳол куҳнаву фарсуда шудаанд. Бо ташаббуси директори муассиса як адад фортепианно харидорӣ шудааст. Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мактаби мазкурро бо 13 адад созҳои гуногун таъмин намудааст. Ҳамзамон ҷиҳати гузаронидани машғулиятҳои рассомӣ як адад малберт харидорӣ гардидааст.
Бо мақсади бештар ҷалб намудани хонандагон ба ин муассисаи таълимӣ омӯзгорон бар он ақидаанд, ки дар маҳалҳо гузаронидани машғулиятҳои сайёр ба манфиати кор аст. Айни ҳол барои ҷалби хонандагоне, ки ҷойи истиқоматиашон аз маркази ноҳия дур аст, омўзгорон ба он деҳаҳо рафта, дар мактабҳои миёна ба шогирдон дарс медиҳанд. Ин намуди фаъолияти омӯзгорон ҳамчун филиали муассиса ба ҳисоб меравад ва ҳамаи ин ба ҷадвали дарсии омўзгорон ворид карда шудааст. Илова бар ин дар мактаб устохона мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад, ки дар он созҳои мусиқӣ метарошанд ва воситаҳои ёрирасониро таъмир мекунанд.
Мактаб бо компютер, принтер, проектор ва тахтаи электронӣ таъмин аст. Компютери мактаб ба шабакаи интернетӣ пайваст аст. Илова бар ин дар сомонаи Facebook сайти махсус бо номи “Мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафӣ” кушода шудааст. Дар мактаб барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ бо хонандагон ансамбл ва гурўҳҳои ҳунарии “Ансамбли созҳои миллӣ”, “Ансамбли созҳои омехта”, Ансамбли рақсии “Фируза”, гурўҳҳои ҳунарию бадеии театравӣ ташкил намудаанд. Ҳамаи ин бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малака ва ҳавасманд гардонидани хонандагон равона гардидааст. Ин аст, ки омӯзгорону хонандагони ин муассисаи таълимӣ дар чорабиниҳои дохилимактабӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ иштироки фаъолона доранд.
Зимни сафар машғулиятҳои омӯзгорон, иштироки хонандагон, мутобиқати дарсҳои таълимӣ ба соҳа мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор гирифтанд. Ба омӯзгорон ва мутахассисони соҳа барои пешрафти фаъолият дар иҷрои барномаҳои таълимии мактабҳои мусиқӣ ва бо сифати хуб амалӣ намудан ва дуруст ба роҳ мондани дарсҳои ҳар як ихтисос тавсияҳои методӣ дода шуд. Нақшаҳои фардии таълимии омўзгорон санҷида шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта роҳҳои муфид нишон дода шуд. Дар рафти таҳқиқ тарзи барнома сохтан, истифодаи маводҳои мувофиқ, ки барои зина ба зина пеш рафтани шогирдон манфиатбор аст, маслиҳати методӣ дода шуд.
Мебояд гуфт, ки дар маҷмуъ дар мактаб таълим хуб ба роҳ монда шуда, омӯзгорон собиқаи калони корӣ доранд ва бо тамоми неруву тавоноӣ дар ин самт кӯшиш менамоянд. Шогирдони мактаб дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва дигар озмунҳо иштироки фаъолона дошта, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд.
Аз созҳои халқӣ омӯзгорони соҳибҳунару таҷрибадор таълим медиҳанд. Аз сози най омӯзгор Абдулназаров Ш., аз сози рубоб Муродов И., аз сози дутор Муродов О., аз сози чанг Абдулназаров Д. Ҳамзамон омӯзгорон ба шогирдон дар ҳар нимсола барномаҳои фардӣ тартиб дода, аз рӯи он дарс мегузаранд. Шогирдони ин мактаб мувофиқ ба синфашон барномаҳоро хуб азбар карда буданд. Омӯзгорон бо шогирдон аз рӯи нота дарс мегузаранд ва асарҳояшонро бо консертмейстер менавозанд, ки ин иқдоми хубе дар таълим маҳсуб меёбад.
Омӯзиши созҳои нафасӣ аз ҷониби омӯзгор Абдуллоев Зафар амалӣ мегардад. Ӯ 20 сола собиқаи корӣ дорад, маълумоташ миёнаи махсус ва хатмкардаи МДТ “Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Буйдоқов” мебошад. Иловатан Абдуллоев З. дар ин коллеҷ фаъолият менамояд ва аз ҳисоби шогирдону устодани ҳар ду муассисаи фарҳангӣ оркестри омехта ташкил намудааст.
Дар муассиса синфи компютерӣ фаъолият дорад, ки аз пешрафти кори муассиса дар ин самт дарак медиҳад. Ёрова Зуҳро омўзгори ҷавони ин синфхона аст, ки ба хонандагон тарзи ба нота гирифтани асарҳои мусиқиро дар барномаи компютерӣ ёд медиҳад. Ёрова З. аз курси бозомўзии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода” гузашта, барномаи нотанависӣ (finalе)-ро аз худ кардааст.
Синфхонаи дигар рассомӣ буд, ки бо ҳама шароит муҳайё гардида, таълим хуб ба роҳ монда шудааст. Синфхона бо айёниятҳои дарсӣ ва таҷҳизоти рассомӣ таъмин мебошад. Аз рӯи ин ихтисос 2 омӯзгор аз фанни рассомӣ ва 1 омӯзгор аз фанни кулолгарӣ ва ҳайкалтарошӣ фаъолият менамоянд. Омӯзгор Раҳматов Алиназар, ки аз фанни рассомӣ дарс медиҳад, дорои маълумоти олӣ буда, бисёре аз расмҳоро аз тахаюлоти худ тасвир менамояд. Раҳматов А. барои саҳми арзанда гузоштан дар тарбия ва иштироки фаъолона дар озмуни “Истеъдодҳои наврас” бо Сипоснома қадрдонӣ шуда, шогирдаш Бобоев Тулқин хонандаи синфи 4 дар озмуни “Рассомони ҷавон” соҳиби ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ сарфароз гардонида шудааст.
Омӯзгори дигари ин муассиса Турсунназарова Махфират буд, ки бо маълумоти миёнаи махсус кору фаъолият менамояд. Ӯ аз матоъ гулҳои гуногун тайёр мекунад ва дар ҳамбастагӣ аз эҷодиёти дигар рассомон истифода мебарад. Шогирдони ӯ бо як завқу ҳаваси том рассомиро аз худ намуда, дар озмунҳо иштирок менамоянд, ки аксари онҳо ба мактабҳои олии соҳа дохил шуда, барои баланд бардоштани савияи дониши худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
5-уми апрели соли 2023 хонандагон бо роҳбарии омӯзгорон Турсунназарова М. ва Раҳматов А. дар озмуни рассомон дар мавзуи “Ҳифзи обу пиряхҳо ва миҳити зист” иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро сазовар гаштаанд.
Аюбов Толиб омӯзгори фанни кулолгарӣ ва ҳайкалтарошӣ, маълумоташ олӣ аст. Омӯзгор машғулиятҳоро дар мактаби миёнаи бо номи А. Пушкин мегузаронад. Синфхонаи ӯ бо аёниятҳои кӯза, ҳайкал ва дигар ашёи зарурӣ, ки барои пешбурди кулолгарӣ ва ҳайкалтарошӣ лозим аст, муҷаҳҳаз гардидааст. Аюбов Т. шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Айни ҳол теъдоди шогирдони ӯ 30 нафарро ташкил медиҳанд. Шогирдонаш дар озмунҳои гуногун фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷоизаю ифтихорномаҳо гардидаанд.
Дар саҳни ҳавлии ин даргоҳи илму ҳунар пайкараҳои гуногун қомат афрохтаанд, ки хонандагон дар рафти иҷрои машғулиятҳои амалӣ сохта буданд. Бахусус нимпайкараи М. Ашрафиро худи Аюбов Толиб сохта аст, ки он дар даромадгоҳи муассиса гузошта шудааст.
Нафари дигаре, ки дар пешбурди кору фаъолияти муассиса саҳмгузор аст Хушназаров Мамадмурод мебошад. Ӯ салоҳияти ҷонишини директор оид ба таълимро амалӣ намуда, ба хонандагон аз фанни солфеджио ва сози чанг дарс мегӯяд. Хушназаров М. зимни пурсиш пешниҳод намуд, ки барои дар оянда ба роҳ мондани таълим, ки ҷавобгӯйи замони муосир бошад, нақшаҳои таълимӣ барои ҳар як ихтисос дар алоҳидагӣ омода гарданд ва фанни назарияи мусиқӣ ва созҳои мусиқӣ бо китобҳои соҳавӣ таъмин карда шавад.
Дар охир барои беҳгардонии фаъолияти мактаби санъат ва аз байн бурдани баъзе норасоиҳои мавҷуда ҳалли масоили зеринро қобили қабул мешуморем:
1. Қалб аз ҳама барои баланд бардоштани савияи донишу тахассуси омӯзгорон, ҷалб намудани онҳо ба курсҳои кӯтоҳмудат дар шакли семинарҳо ва такмили ихтисос;
2. Таъмин намудани муассиса бо адабиётҳои соҳавӣ, маводи дарсӣ бо забони тоҷикӣ ва созҳои гуногуни мусиқӣ;
3. То ҳадди имкон таъмин намудани муассиса бо компютери мувофиқ барои дарсҳои информатикаи мусиқӣ.
Мижгона НАСЛОХОНОВА,
мудири шуъбаи илмӣ-методии
Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии
фарҳанг ва иттилоот