Ироаи паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олӣ, идомадиҳандаи паёмҳои солҳои қаблӣ, баёнгари тараққиёт, пешравиҳо, бурду бохт, мушкилот ва ҳалли онҳо буда, барои соли нав пешниҳодҳои судмандро пешкаш менамояд, ки аз он пешниҳодот барномаҳои мукаммали стратегӣ тарҳрезӣ мегарданд. Бо рушду тараққии соҳаҳои ҷамъият ва тағйирёбии он Паёми Пешвои муаззами миллат низ сол то сол шакл ва мантиқу муҳтавои дигар касб мекунад. Гарчанде Паём чун анъанаи доимӣ дар як қолаби ягонаву маъмулӣ ва замони муайян ироа гардад, аммо афкору андешаҳо, омору рақамҳо сол аз сол куллан дигаргун мегарданд. Метавон гуфт, ки Паёми Сарвари давлат маҳаки асосии идора ва рушду тараққии ҷомеа маҳсуб гардида, соҳаҳои гунонгунҷабҳаи кишварро дар ҷодаи рушду тараққӣ қарор медиҳад ва ҳадафҳои қишрҳои мухталифи ҷомеаро дар атрофи як идеяву амру фармони муҳкам ҷамъ менамояд. Баррасии сиёсати дохилию хориҷӣ, амнияту суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиёти кишвар, илму маориф, фарҳангу тамаддун, ҷавонон ва варзиш, занону бонувон, таваҷҷуҳ ба самти маишии шаҳрвандон, сол аз сол баланд бардоштани маоши кормандон ва ғайра аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии Паём ба шумор рафта, соҳаҳои мазкур ба таври фарогир мавриди арзёбӣ қарор мегиранд. Аз андешаҳо ва омори қатъие, ки тавассути Паёми солона аз ҷониби Сарвари давлат ироа гардиданд, дарк мегардад, ки тамоми соҳаҳои кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ, махсусан давоми панҷ соли охир рушди бесобиқа намудаанд, ки аз он қабил соҳаи фарҳанг мебошад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, он яке аз мавзуъҳои меҳварии Паём буд ва мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Пӯшида нест, ки рушду тараққии назарраси соҳаи фарҳанг низ асосан ба даврони соҳибистиқлолӣ рост меояд. Махсусан Пешвои муаззами миллат аз замони ба сари қудрат омадан ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онро омили асосии наҷоти миллат аз вартаҳои ҳалокат ҳисобидаанд. Андешаҳои Сарвари давлат, ки тавассути Паём вобаста ба рушди фарҳанг иброз гардиданд, раднопазир буда, ҳақиқати онро ҳаёти воқеӣ исбот месозад. Сарвари давлат нисбати паёмҳои қаблӣ, дар Паёми навбатӣ ба баррасӣ ва арзёбии соҳаи фарҳанг васеътар пардохта, аҳамияти онро бо ибораи таърихии “Фарҳанг ҳастии миллат аст”, бори дигар таъкид намуданд ва бо андешаҳои муҷазу мушаххас, аммо комилу фарогир нуктаҳои асосии соҳаро ёдовар шуданд. Аз андешаҳои Пешвои муаззами миллат дарк мегардад, ки таконбахши асосии соҳаи фарҳанг дар даврони истиқлол чораҳои андешида ва иқдомҳои наҷибу саривақтии Сарвари давлат ва сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат мебошад. Дар оғози сухан вобаста ба соҳаи фарҳанг нахуст омили асосии рушд, ки таваҷҷуҳ ва иқдомоти наҷиби Пешвои миллат мебошад, зикр мегардад, ки санҷида ва мантиқӣ мебошад. Агар ақли комил, ғамхорию таваҷҷуҳ ба соҳа намебуд, табиист, ки “иқдомҳо” рӯи кор намеомаданд ва соҳаи фарҳанг ҳамоно дар вартаи таназзул қорор мегирифт. Мо баъзе кишварҳои хурду бузурги сайёраро медонем, ки аз нигоҳи иқтисодию маишӣ ба қуллаҳои баланд расидаанд, аммо бетаваҷҷуҳӣ нисбати фарҳанги миллӣ ба шикастҳо ва таназзули ахлоқию фарҳангӣ бурда расонидааст, ки ин проблема чун устухон дар гулӯи онҳо дар монда, ислоҳи вазъ замони тӯлонӣ ва як марҳилаи нави таърихиро талаб менамояд.
Таърихи давлатдории навини тоҷикон нишон медиҳад, ки Пешвои миллат соҳиби хиради азалӣ ва худододӣ буда, ба давлату давлатдорӣ нигоҳи васеъ, ҳамаҷониба ва дур доранд. Заковати эшон аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ тамоми соҳаҳои афзалиятноки кишварро, ки тақдири ояндаи миллат ба онҳо алоқамандии зич дорад, ба таври комил фаро гирифтааст, ки фарҳанг аз он қабил мебошад. Иқдомҳои саривақтии Пешвои миллат дар соҳаи фарҳанг боиси ҳифзу нигоҳдории арзишҳои таърихию фарҳангӣ, суннату анъанаҳои миллӣ, хусусан боиси боло рафтани маънавиёти мардум ва асоси устувории ҷомеаи мутамаддин мебошанд. Бо қиёс ба солҳои нахустини истиқлолият дида мешавад, ки маблағгузории соҳаи фарҳанги кишвар куллан фарқ намуда, аз 13 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 716 миллион сомонӣ расидааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ нисбати инфрасохтори соҳаи фарҳанг, муассисаҳои фарҳангӣ, махсусан фаъолияти пурсамари онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин марҳила “18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд...”, ки ин теъдоди кам нест.
Ҳамзамон дар се соли охир 167 иншооту муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд гардида, азнавсозию таъмиру тармим шуда, бунёду азнавсозии 14 муассисаи фарҳангии дигар бо маром идома доранд. Аз ҷумлаи боризтарин тараққӣ дар самти бунёди муассисаҳои фарҳангӣ, дар айёми кунунӣ сохтмони биноҳои боҳашамати Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ мебошад, ки бо нияти неки Сарвари давлат дар остонаи таҷлили ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд. Бузургтарин китобхонаи миллӣ дар Осиёи Марказӣ, таъсиси шабакаҳои телевизионӣ, таъмиру азнавсозии беш аз 100 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамзамон таъсис додани Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷумлаи тараққиёти соҳаи фарҳанг дар замони истиқлол мебошанд.
Дар раванди ироаи паём зикру ёдоварии омору рақамҳои дақиқ ва таҳлилҳои Пешвои миллат вобаста ба бурду бохти соҳаи фарҳанг ҳадафмандона ҷараён гирфта, мехоҳанд чунин тараққиётро дар доираҳои маҳдуд не, балки дар тамоми навоҳӣ ва саросари кишвар бубинанд. Ибораи “Ман ин корҳоро барои он гуфта истодаам, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ибрат гиранд ва андеша кунанд. Муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққати онҳо қарор дошта бошанд” исботи гуфтаҳост. Чунонки ёдовар гардидем, таъкидҳои қатъии Сарвари давлат вобаста ба ин масъала ҳадафҳои олиро дар худ нигоҳ медоранд, ки аз ҷумла бегазанд боқӣ мондани миллат, махсусан наврасону ҷавонон дар раванди ҷаҳонишавӣ, таҳоҷуми фарҳангҳо, хатарҳои фаромарзӣ ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ мебошад. Мусаллам аст, ки яке аз равзанаҳои таҳдиду хатар дар ин самт сусту заиф гардидани фарҳанги миллӣ мебошад, ки бадхоҳон аз ин тариқ бо роҳи саҳлу осон фарҳанги бегонаро тарғиб намуда, вориди афкори ҷомеа мешаванд. Аз андешаи Сарвари давлат бармеояд, ки бунёди муассисаҳои фарҳангӣ ва пурсамар намудани фаъолияти онҳо дар шаҳру навоҳӣ ва деҳоти мамлакат омили ҳифзи сокинон буда, тавассути он метавон фарҳанги тоҷиконаву шарқиро, ки ба тамоми принсипҳои ахлоқу одоби инсонӣ ҷавогӯ аст, ҳифз намуд.
Ироаи андешаҳои Пешвои миллат дар Паёми солона вобаста ба соҳаи фарҳанги кишвар яксамта набуда, ҳама паҳлуҳо, аз ҷумла мушкилот ва проблемаҳои мавҷудаи онро низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд. Табиист, ки дар баробари тамоми пешравиҳои назаррас соҳаи фарҳанги кишварро наметавон аз мушкилот ва камбудиҳо орӣ донист. Зикри камбудиҳои соҳа аз ҷониби Сарвари давлат хусусияти маълумотдиҳӣ надошта, тавъам бо амру фармон иброз мегарданд, ки басо умедворбахш мебошад. 75 муассисаи садамавӣ ва 368 таъмирталаби соҳаи фарҳанг аз ҷумлаи мушкилот буда, аз роҳбарону масъулони шаҳру навоҳии кишвар ҳалли фаврии онҳо, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти кишвар, тақозо мегардад. Аз тамошо ва шунидани ироаи суханронии Пешвои миллат паҳлуи хушоянд он аст, ки тамоми амру фармонҳои қатъӣ, ки ба қишрҳои гуногуни мамлакат содир мегарданд, бетардид амалӣ хоҳанд гашт. Сокинони кишвар ҳангоми суханронии Ҷаноби Олӣ мунтазири натиҷа набуда, балки судури амру фармонро мехоҳанд. Чунки эшон боварии комил доранд, ки амрҳои муҳтарам Президенти кишвар ногузир амалишаванда аст.
Аз масъалагузории Роҳбари кишвар дарк мегардад, ки яке аз норасоиҳои дигар дар соҳаи фарҳанг мактабҳои мусиқӣ мебошад, ки ин камбудӣ сатҳи кашфи малакаву истеъдодҳои ҷавонро дар сатҳи ҷумҳурӣ коҳиш медиҳад. Аз ин лиҳоз Сарвари давлат тамоми роҳбарони шаҳру навоҳии вилоятҳоро барои таъсиси мактаби мусиқии алоҳида вазифадор намуда, назорати иҷрои ин амали некро ба уҳдаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат вогузор намуданд, ки аз муҳимияти он дарак медиҳад. Аксари истеъдодҳои ҷавон гумном боқӣ мемонанд ва аз худ дарак дода наметавонанд, ки ин зарбае ба соҳаи фарҳанг мебошад ва яке аз омилҳои асосии он набудани мактабҳои мусиқӣ дар шаҳру навоҳии кишвар мебошад.
Сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат буд, ки бо ташаббуси бевоситаи он кас тайи чанд соли охир озмунҳои созандаву тарбиятгари “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, «Илм- фурӯғи маърифат», «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар сатҳи ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуданд, ки натиҷаҳои созандаи он ба касе пӯшида нест. Тибқи гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ 21 ҳазору 500 нафар дар озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” иштирок варзида, 500 нафари онҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, ба мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм- фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» 60 ҳазор нафар шаҳрвандони хурду бузург иштирок варзида, 1000 нафари онҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд ва бо мукофотҳои пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Ин маънои онро дорад, ки дар кишвари мо истеъдоду малакаҳои бешумор мавҷуданд, ки агар пайи кашфу рушди онҳо чораандешӣ нашавад, бегумон абадӣ дар замини гумномӣ боқӣ хоҳанд монд. Аз ин ҷо ташаббусҳои созандаи иуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк мегардад, ки то кадом андоза дар ҷодаи рушди имкониятҳои башарии шаҳрвандон саъю талошҳо намуда, ҳоло ҳам барои ривоҷи он корҳои бештар мехоҳанд анҷом бидиҳанд. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг назаррас буда, вобаста ба он Сарвари давлат корҳои шоён анҷом додаву медиҳанд. Дар даврони истиқлолият робитаҳои пайваста ва ҳамкориҳои доимии ҷумҳурӣ бо созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла созмони бонуфузи ЮНЕСКО ҳамкориҳои зичу судмандро ба роҳ мондааст. Ин боис гардида, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги башарият Чакан, Оши палов, Шашмақом, Рубоб, Наврӯз, Фалак, Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ва ғайра дохил карда шуда, 9 ёдгории таърихии Тоҷикистон ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО - Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Кум ва Қалъаи Ҳисорак дохил карда шуданд. Ёдгориҳои номбурда ба номинатсияи фаромиллии “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум” шомил ҳастанд. Ба номинатсияи фаромиллии “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум” давлатҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон низ шомил буда, дар маҷмуъ 31 ёдгориро дар бар мегирад. Сабаби талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт танҳо муаррифии таърихи куҳунбунёди миллати тоҷик ва бо ин восита баланд бардоштани ҷойгоҳу мақоми он дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Иқдоми навбатии Сарвари давлат дар соли 2025 таҷлилу бузургдошти 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мебошад, ки вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанги кишвар баҳри омода ва тайёр намудани маводи лозима ва пешниҳоди онҳо ба созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО вазифадор гардиданд.
Умуман ироаи Паёми солонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таконбахши тамоми соҳаҳои кишвар буда, баровардани омолу орзуҳои мардуми шарафманди тоҷик гардидааст. Хушбахтона дастуру супоришҳои Сарвари давлат пас аз ироаи Паём ҳамасола ҷомаи амал мепӯшанд ва мушкилоту камбудиҳои кулли соҳаҳои мамлакат бартараф мегарданд. Ҳамзамон иқдомҳои наҷибе, ки дар доираи сиёсати хориҷию дохилии мамлакат пеш гирифта мешаванд, мавриди дастгирии ҳамагон гардида, ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф мешаванд.
Аминзода Абдулфаттоҳ
директори ПИТФИ