Мактаби мусиқии бачагонаи №2-и ба номи Боймуҳаммад Ниёзови шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд яке аз муссисаҳои таълимие ба шумор меравад, ки дар даврони истиқлолият фаъолияти пурсамар ба роҳ монда, дар таълиму тарбияи насли наврас нақши басо бориз мегузорад. Ин дар ҳолест, ки сол то сол Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар самти бунёд ва рушди мактабҳои мусиқии бачагона ва пурзӯр намудани фаъолияти онҳо чораҳои таъхирнопазир меандешад. Хусусан дар Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ин нукта аз ҷониби Сарвари давлат махсус чунин қайд гардид: "Роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар ин муддат (то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ, Ш.А.) дар маркази ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби мусиқӣ сохта, ба истифода диҳанд". Аз масъалагузории Сарвари давлат дарк мегардад, ки яке аз норасоиҳо дар соҳаи фарҳанг нарасидани мактабҳои мусиқӣ мебошад, ки ин камбудӣ кашфи малакаву истеъдодҳои ҷавонро дар сатҳи ҷумҳурӣ коҳиш медиҳад. Аз ин лиҳоз Пешвои миллат тамоми роҳбарони шаҳру навоҳии вилоятҳоро барои таъсиси мактаби мусиқии алоҳида вазифадор намуда, назорати иҷрои ин амали некро ба ӯҳдаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат вогузор намуданд, ки аз муҳимияти он дарак медиҳад. Аксари истеъдодҳои ҷавон гумном боқӣ мемонанд ва аз худ дарак дода наметавонанд, ки ин зарбае ба соҳаи фарҳанг мебошад ва яке аз омилҳои асосии он набудани макотиби мусиқӣ дар аксари шаҳру навоҳии кишвар мебошад.
Бо мақсади омўзиш ва пажуҳиши вазъу ҳолати кунунӣ ва фаъолияти мактабҳои мусиқӣ, ҳамзамон нақша-чорабинӣ, раванди таълиму тарбия, дастурҳои методӣ ва чигунагии ба роҳ мондани китобњои дарсӣ дар замони истиқлол ҳайати ходимони илмии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба шањри Хуҷанди вилояти Суғд сафари хидматӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни сафари хидматӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони Пажӯҳишгоҳ мактабҳои санъати шаҳри мазкур мавриди боздид, таҳқиқу баррасӣ ва пажуҳиш қарор дода шуд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки гарчанде мактаби мусиқии бачагонаи №2-и шаҳри Хуҷанд ба номи Боймуҳаммад Ниёзов соли 1965 таъсис гардида, аз замони Шӯравӣ мерос мондааст, аммо фаъолияти он дар замони истиқлолият таҳаввул ёфта, ҳам аз нигоҳи вазъи бино ва ҳам аз нигоҳи ташкили барномаҳову дарсҳои самаранок тараққӣ намудааст. Он аз чор ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум хобгоњи давлатӣ фаъолият дорад. Муассиса дорои 12 синфхона, 1 толор, 1 китобхона (бо фонди 8690), 4 шуъба-шуъбаи фартепияно (29 хонанда), шуъбаи созњои халқӣ (55 хонанда), шуъбаи нафаси зарбӣ ва камонӣ (38 хонанда), шуъбаи сарояндагии анъанавӣ (17 хоанада) ва 1 синфи рақс (16 хонанда) фаъолият доранд. Инчунин, дар ин муассиса 1 аркестри созҳои миллӣ ва 7 ансамбл: ансамблҳои созҳои миллӣ, рубобнавозон, скрипканавозон, гиторнавозон, дойранавозон, сарояндагии анъанавӣ ва созҳои халқӣ амал менамояд. Бо дарназардошти он ки асоси фаъолияти муассисаро созҳои мусиқӣ бояд ташкил бидиҳад, нисбати ин самт таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Бинобар ин дар муассиса 19 адад фортепиано, 3 адад дутор, 3 адад рубоби прима, 4 адад рубоби қошғарӣ, 1 адад танбӯр, 3 адад рубоби афғонӣ ва 2 адад най мавҷуд буда, дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд ва мавриди истифодаи таълимгирандагон мебошанд. Ҳамзамон ҳамасола бо ташаббуси роҳбарият ва дигар фарҳангдӯстон ба таълимгирандагони муассиса созҳои мусиқӣ аз қабили дутору таблак ва ғайра ба тариқи ҳадя эҳдо мегардад, ки ин амал фонди муассисаро сол то сол ғанӣ мегардонад. Дар муассисаи мазкур айни замон 23 нафар омӯзгор фаъолият бурда, аз ин теъдод 14 нафар омӯзгорони асосӣ буда, боқӣ омӯзгорону консертмейстерони ҳамкор мебошанд. 14 нафар маълумоти олии махсус, 2 нафар маълумоти олии умумӣ, 8 нафар маълумоти миёнаи махсус доранд. Ҳамзамон 14 омӯзгор дорои дараҷаи олӣ, 1 нафар дараҷаи олии дуюм, 2 нафар дараҷаи миёнаи якум, 1 нафар дараҷаи миёнаи дуюм ва 5 нафар бедараҷа мебошанд. Тибқи омори дар соли 2024 муассиса 155 нафар хонандаро ба таълиму тадрис фаро гирифтааст, ки аз ин теъдод 67 нафар духтаронро дар бар мегирад. Муассиса дар ҳама чорабиниҳои фарњангию сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, хонандагони он дар озмунҳои шаҳриву вилоятӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд.
Таъкид ба маврид аст, ки тақдири тамоми соҳаҳо, бурду бохт ва рушду тараққии он ба роҳбари оқилу доно ва хирадманд алоқамандии зич дорад. Айни замон роҳбарии ин боргоҳи тарбияро хонуми донишманду соҳибтаҷриба ва ғамхору тарбиятгар Файзиева Манзурахон Соҳибовна ба уҳда дорад, ки вуҷуди чунин ашхос дар соҳаҳои муҳими тарбия фоли нек мебошанд. Номбурда гарчанде муддати кутоҳ аст, роҳбарии мактаби мусиқиро ба дӯш дорад, аммо дар ин фосилаи начандон тӯлонӣ таҳаввулоту тараққиёти назаррас ба чашм мехӯранд. Манзурахон дар ин боргоҳи илм собиқаи бештар аз 7-сола дошта, бо усули таълим пурра ошно мебошад. Аз самимияту садоқати ӯ ба вазифа дарк мегардад ва умед баста мешавад, ки аз омадани роҳбари навтаъйини ин муассиса пешравиҳои зиёде рӯи кор меоянд ва малакаву истеъдодҳои сершуморе кашф мегарданд. Ҳамзамон дар муассиса кормандони собиқадору таҷрибадор низ ҳастанд, ки рушду равнақи он ба фаъолияти густурдаву содиқонаи эшон алоқаманд аст. Аз он қабил Юсуфҷонов Эргашбой аълочии Вазорати фарҳанг мебошад, ки яке аз омӯзгорони собиқадор ва соҳибтаҷриба аст. Ӯ дар ҷодаи санъат шогирдони зиёд тарбият намуда, дар ин самт хидматҳои шоён анҷом дода, ба раҳматномаву сипосномаҳо сарфароз гардидааст. Пайваста бо хонандагон робитаи зич ба роҳ монда, бо онҳо муносибати падарона дорад. Ин кирдори сутуда ва садоқати ӯ ба касб боиси тараққиёти назаррас ва ба бор омадани самараҳои хуб гардидааст.
Таъкид ба маврид аст, ки бо вуҷуди рушду тараққиёт ва пешравиҳои назаррас муассисаи таълимӣ аз камбудию мушкилот раҳо нест. Аз ҷумла бартараф намудани норасоиҳои зерин ба манфиати кор хоҳад буд:
- Қисман аз таъмири ҷорӣ баровардани мактаб;
- Нарасидани созҳои миллӣ ва аврупоӣ;
- Нарасидани китобҳои дарсии мусиқӣ (асарҳои бастакорони тоҷик барои созҳои миллӣ ва аврупоӣ;
- Таҷҳизонидани студияи сабти овоз барои хонандагони мактаб;
- Таъмин намудани навозандагону сарояндагони синфи рақс бо либосҳои касбӣ;
- Таҷҳизонидани синфхонаҳо, толор ва китобхона бо мизу курсиҳо;
- Таъмири ноқилҳои фарсудашудаи синфхонаҳои роҳрави канори чап;
- Толорри консертӣ бо курсиҳо ва проектор таъмин карда шавад.
Аз раванди пажӯҳиш маълум гардид, ки бо вуҷуди норасоиҳои ҷойдошта, фаъолияти Мактаби санъати №2-и шањри Хуҷанд хуб ба назар мерасад. Вазъи таълиму тарбия дар муассиса хуб ба роҳ монда шудааст. Омӯзгорон бо кушишу талоши беандоза завқи хонандагони боистеъдодро баланд бардошта, барои мутахассиси хуби соња шуданашон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.
ШАРИПОВ АБДУСАМАД, ходими пешбари илмии
шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии
Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии
фарҳанг ва иттилоот.