Тӯли чанд сол аст, ки дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар конфронс ва мизҳои мудаввар маҳфили адабии “Гулбоғи адаб” бахшида ба зодрӯз ё гиромидошти ин ё он шоиру адиби номвар фаъолият мекунад. Дар соли 2025 аввалин маротиба рӯзи 23-юми январ маҳфили мазкур таҳти унвони “Бозор Собир – шоири ватансаро” баргузор гардид. Кори маҳфилро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои филологӣ Аминзода Абдулфаттоҳ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф зикр кард, ки аввалин ташкилкунандаву пешбарандаи ин маҳфил шодравон Фарзон Назрӣ буданд ва имрӯз ин масъулиятро шоири ширинкалом, ходими пешбари илмии шуъбаи санъатшиносӣ Саъдӣ Мирзо бар дӯш доранд. А. Аминзода пасон дар бораи ашъори пурарзиши Бозор Собир, таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат дар ин самт ва амсоли ин фикру ақидаҳояшро иброз намуд. Аз рӯйи барнома навори суруди “Аз хоки Ватан”-и Бозор Собир дар иҷрои ҳофизи номвар - равоншод Қурбоналӣ Абдуллоев манзури ҳозирин гардонда шуд.
Пасон сухани муқаддимавӣ ба ходими пешбари илмии шуъбаи санъатшиносӣ Саъдӣ Мирзо дода шуд. Мавсуф оид ба ҳаёту фаъолият ва хотироташ ҳамчун шогирд дар бораи устодаш Бозор Собир маърӯзаи ҷолибе ироа намуд. С. Мирзо муҳоҷирати иҷборӣ ва дур аз зодгоҳ буданҳоро барои шоир бисёр дардовар ва бозгашту зиндагӣ дар Ватанро кӯтоҳ, вале пурмуҳаббат маънидод намуд.
Ходими пешбари шуъбаи санъатшиносии ПИТФИ Мунаввари Сафар дар мавзӯи “Назмро андар тапиш овард...” маърӯзаи пурмуҳтавоеро манзур гардонд. М. Сафар зикр кард, ки ҷавоншоирон аз поэтики шеъри Бозор шоирӣ меомӯхтаанд, ҳол он ки баъзеҳо пояи ашъори ӯро суст мепиндоштанд. “Бозор Собир новобаста аз ҳама фишорҳо пеш мерафт, овоз баланд мекард ва бо амри виҷдон шеър мегуфт”,– зикр кард мавсуф зимни баромадаш ва баҳри тақвияти гуфтааш шеъри “Хонаи мӯр”-ро қироат намуд:
Ман тугмаи садоям
дар пушти ин дари танг,
Ҳар қадр мефишоранд,
он қадр мезанам занг...
Ҳамзамон мавсуф манзумаи “Забони модарї”-ро баробари як достон арзёбӣ намуда, барои иштирокчиён ташреҳ намуд.
Дар идомаи маҳфил аз ҷониби ходими калони илмии шуъбаи санъатшиносӣ, хунёгари мумтоз Раҳимов Билолиддин суруди “Борони найсон мезанад” зинда иҷро гардид, ки табъи ҳозиринро болида гардонд. Баъдан, аз ҷониби ходимони илмии ПИТФИ қироати шеърҳо сурат гирифт. Азҷумла, ходимони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон Содиқова Моҳнисо “Мефишорам сахт дасту панҷаҳои маҳкаматро...”, Насруддинова Файзигул “Тоҷикистон”, Хоҷамов Фурқат “Аз хуни Сиёвушем...”-ро, ки баргузидаи ашъори шоири шаҳир буданд, манзури аҳли маҳфил гардонданд. Ҳамзамон дар байни қироати шеърҳои барои болидасозии табъи ҳозирин Билолиддин Раҳимов суруди “Хобӣ агар, эй хушназар”-ро замзама намуд.
Пасон, суруди “Шоиронро нагузоред набӯсида ба хок” дар иҷрои Саидқул Билолов пахш гардид, ки ба маҳфил шукуҳу шаҳомати хосаеро зам намуд. Дар бахши музокирот бошад, ходими пешбари илмии шуъбаи илмӣ-методии ПИТФИ, профессор Ҷӯрахон Обидпур доир ба қироати шеърҳо аз ҷониби ходимони илмӣ, ритмикаи ашъори Бозор Собир, мудири редаксияи фарҳанг, маърифат, корҳои ҳарбӣ, варзиш ва туризми Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи милли тоҷик Мирзоев Баҳриддин бобати ташкили чунин маҳфилҳо, Абдулаттоҳ Аминзода оид ба кору фаъолияти минбаъдаи маҳфил фикру ақидаҳояшонро баён намуданд. Дар ҷамъбасти маҳфил Саъдӣ Мирзо марсияеро таҳти унвони “Кунун ӯ мекашад тобути худро”, ки дар сӯги Бозори Собир навишта буд, қироат намуд, ки ибтидои он чунин аст:
Дарахти садаи модар ба ҳасрат,
Кушода дасту пою реша аз банд.
Гирифта дурбини чашма дар каф,
Ки бинад марги дурафтода фарзанд...
Ҳамоиш барои ҳамагон манфиатбор ва судманд буд.
Ифтихор ЮСУФӢ,
мудири шуъбаи ВАО ва
табъу нашри ПИТФИ.