Соли 2014 намоиши «Шабе дур аз Ватан» ба Ҷоизаи байналмилалии «Ҷило-2014» дар номинатсияи «Намоиши беҳтарини сол» ва Моҳпайкар Ёрова дар номинатсияи «Беҳтарин ҳунарпешаи сол» мушарраф гардиданд.
Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, нахустин бор намоишномаи “Шабе дур аз Ватан”-ро дар таҳияи Нозим Меликов, коргардони театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидов тамошо карда, гуфта буд: “«Ман худамро хушбахттарин адиби тоҷик меҳисобам. Зеро нахустин шоири тоҷикам, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш нақшашро дар саҳнаи театр беҳтарин ҳунармандон офариданд ва худаш тамошогари он намоишнома будааст. Чунин ифтихор ва бахт ҳатто ба устодони сухан Айнӣ, Лоҳутӣ ва Турсунзода муяссар нашудааст»
Намоишнома шурӯъ мегардад. Садои чир-чирак баланд мешавад ва саҳна ба худ рангу бӯи деҳаро мегирад. Шоир чун аробакашҳои бозор бо кати хобаш, ки гаҳе мизи корӣ мешаваду гаҳ тобут ва гоҳе чӯби сари гӯр…, ба ҳар тараф овораву саргардон аст. Шоир ва Руъёи ӯ тӯли қариб ду соат ҳозиринро моту мабҳут намуда, онҳоро ба олами шеъру тарона ва рақсу чағона ворид месозанд. Аниқтараш ба ҷаҳоне мебаранд, ки ҳатман ёди талху ширине аз он дунё бо худ доранд. Шоир агар дур аз Ватан дарди Ватан, андӯҳи фироқи дӯстону пайвандони дар ватанбуда, ормонҳои дар Ватан нобишкастаи худро нола мекард, тамошобин бо эҳтимоли қавӣ дар симои шоири саргардон зиндагонии нобасомони падар, бародар, шавҳар ва ё фарзанди худро медид, ки тақдир ӯро ба диёри ғурбат бурдаасту чунин шоми ғамро насибаш кардааст ва беихтиёр аз дида ашк мерехт.
Дар ин миён устод Бозор Собири тамошобин низ истисно набуд. «Шабе дур аз Ватан» бо худ шоми ашкрезеро дар Ватан дошт. Билохира намоишнома низ ба поён расид ва устод Бозор Собирро ба саҳна даъват карданд. «Аҳсант!» буд, аввалин вожае, ки Устод Бозор арза дошт. – Офарин бар коргардон! Ӯ чи тавр фаҳмидааст, ки ман ҳатто дар вақти дар Ватан буданам ва дар ғурбат низ танҳо ҳамин як кати хобро доштаму дар атрофам танҳо маҷаллаву китобро? Ҳайронам! Ҳаёти ман дар миёни маҷаллаву китоб гузашт, онро дар саҳна такроран дидам. Офарин, тавонистед! Ман хушбахтам, ки худамро дар саҳна дидам. Ман худамро хушбахттарин адиби тоҷик меҳисобам. Зеро нахустин шоири тоҷикам, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш нақшашро дар саҳнаи театр беҳтарин ҳунармандон офариданд ва худаш тамошогари он намоишнома будааст. Чунин ифтихор ва бахт ҳатто ба устодони сухан Айнӣ, Лоҳутӣ ва Турсунзода муяссар нашудааст…
Бардошти Устод Б. Собир аз намоишномаи мазкур ниҳоят орфона ва ошиқона аст. Ӯ баробари намоишнома хотироти куҳнаи худро варқгардон мекард ва дар саҳна худро медид, аниқтараш зиндагии нобасомони худро. Ба қавли Устод Б. Собир: “Қаблан ман навори ин намоишномаро дар Амрико дида будам, аммо имрӯз дар саҳнаи театр нафас ба нафас бо ҳунарпешаҳо ва тамошочиён ба зиндагии худам дар ғурбат назар афкандам. Воқеъан, худро дубора дар утоқи худам дар Амрико эҳсос кардам, чун хеле моҳирона тасвир шудааст”.
Воқеан, «Шабе дур аз Ватан»-ро режиссёри бомаҳорати театр Мелик Нозимов ҳанӯз соли 2011 дар пояи ашъори ноби устод Бозор Собир рӯи саҳна овард ва худи ҳамон сол ин намоишнома дар озмуни ҷумҳуриявии «Парасту» ширкат варзида, сазовори ҷои дуввум гардид. Абдумӯъмин Шарифов, Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон, офарандаи нақши устод Бозор Собир, дар ҳамон озмуни «Парасту» ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-ро сазовор гардид. Дар давоми беш аз ду сол «Шабе дур аз Ватан» дар саҳнаи театрҳои се кишвари дунё -Афғонистон, Қирғизистон ва Россия ба намоиш гузошта шуда, сазовори баҳои баланди мутахассисони соҳа гардидааст. Намоишномаи «Шабе дур аз Ватан» ягона намоишномаест, ки қаҳрамони асосӣ ба ҳайси тамошобин аввалин бор онро тамошо мекунад ва ин рухдоди фарҳангии хеле нодир ба ҳисоб меравад.
Саъдӣ Мирзоев
ходими калони шуъбаи
фарҳанг ва санъатшиносӣ