Бо ҳамин унвон рӯзи 28.01.2025 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳошияи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28.12.2024 баргузор гардида буд, ҳамоиши илмӣ-таҳлилӣ доир гардид. Дар ҳамоиш аъзои Шӯрои илмӣ ва кормандони пажӯҳишгоҳ иштирок намуданд. Ҷаласаро директори муассиса, номзади илмҳои филологӣ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким оғоз намуда, самтҳои гуногуни матни Паём, алалхусус нуктаҳои ба соҳаи фарҳанг марбутбударо батафсил шарҳ дод.
“Ироаи паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олӣ, идомадиҳандаи паёмҳои солҳои қаблӣ, баёнгари тараққиёт, пешравиҳо, бурду бохт, мушкилот ва ҳалли онҳо буда, барои соли нав пешниҳодҳои судмандро пешкаш менамояд, ки аз он пешниҳодот барномаҳои мукаммали стратегӣ тарҳрезӣ мегарданд. Бо рушду тараққии соҳаҳои ҷамъият ва тағйирёбии он паёми Пешвои муаззами миллат низ сол то сол шакл ва мантиқу муҳтавои дигар касб мекунад. Гарчанде паём чун анъанаи доимӣ дар як қолаби ягонаву маъмулӣ ва замони муайян ироа гардад, аммо афкору андешаҳо, омору рақамҳо сол аз сол куллан дигаргун мегарданд. Метавон гуфт, ки паёми Сарвари давлат маҳаки асосии идора ва рушду тараққии ҷомеа маҳсуб гардида, соҳаҳои гунонгунҷабҳаи кишварро дар ҷодаи рушду тараққӣ қарор медиҳад ва ҳадафҳои қишрҳои мухталифи ҷомеаро дар атрофи як идеяву амру фармон ҷамъ менамояд”, таъкид намуд Аминзода А.Ҳ. Дар идомаи суханрониаш афзуд, ки “Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Паёми навбатии Президенти Мамлакат ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, он яке аз мавзуъҳои меҳварии паём буд ва мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Пӯшида нест, ки рушду тараққии назарраси соҳаи фарҳанг низ асосан ба даврони соҳибистиқлолӣ рост меояд. Махсусан Пешвои муаззами миллат аз замони ба сари қудрат омадан ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онро омили асосии наҷоти миллат аз вартаҳои ҳалокат ҳисобидаанд. Андешаҳои Сарвари давлат, ки тавассути паём вобаста ба рушди фарҳанг иброз гардиданд, раднопазир буда, ҳақиқати онро ҳаёти воқеӣ исбот месозад. Сарвари давлат нисбати паёмҳои қаблӣ, дар паёми навбатӣ ба баррасӣ ва арзёбии соҳаи фарҳанг васеътар пардохта, аҳамияти онро бо ибораи таърихии “Фарҳанг ҳастии миллат аст”, бори дигар таъкид намуданд ва бо андешаҳои муҷазу мушаххас, аммо комилу фарогир нуктаҳои асосии соҳаро ёдовар шуданд. Аз андешаҳои Пешвои муаззами миллат дарк мегардад, ки таконбахши асосии соҳаи фарҳанг дар даврони истиқлол чораҳои андешида ва иқдомҳои наҷибу саривақтии Сарвари давлат ва сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат мебошад. Дар оғози сухан вобаста ба соҳаи фарҳанг нахуст омили асосии рушд, ки таваҷҷуҳ ва иқдомоти наҷиби Пешвои миллат мебошад, зикр мегардад, ки санҷида ва мантиқӣ мебошад. Агар ақли комил, ғамхорию таваҷҷуҳ ба соҳа намебуд, табиист, ки “иқдомҳо” рӯи кор намеомаданд ва соҳаи фарҳанг ҳамоно дар вартаи таназзул қарор мегирифт.
Иқдомҳои саривақтии Пешвои миллат дар соҳаи фарҳанг боиси ҳифзу нигоҳдории арзишҳои таърихию фарҳангӣ, суннату анъанаҳои миллӣ, хусусан боиси боло рафтани маънавиёти мардум, ки асоси устувории ҷомеаи мутамаддин мебошад, гардидаанд. Бо қиёс ба солҳои нахустини истиқлолият дида мешавад, ки маблағгузории соҳаи фарҳанги кишвар куллан фарқ намуда, аз 13 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 716 миллион сомонӣ расидааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ исбати инфрасохтори соҳаи фарҳанг, муассисаҳои фарҳангӣ, махсусан фаъолияти пурсамари онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин марҳила “18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд...”, ки ин теъдоди кам нест. Ҳамзамон дар се соли охир 167 иншооту муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд гардида, азнавсозию таъмиру тармим шуда, бунёду азнавсозии 14 муассисаҳои фарҳангии дигар бо маром идома доранд. Аз ҷумлаи боризтарн тараққӣ дар самти бунёди муассисаҳои фарҳангӣ, дар айёми кунунӣ сохтмони бинои боҳашамати Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ мебошад, ки бо нияти неки Сарвари давлат дар остонаи таҷлили ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд. Бузургтарин китобхонаи миллӣ дар Осиёи марказӣ, таъсиси шабакаҳои телевизионӣ, таъмиру азнавсозии беш аз 100 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамзамон таъсис додани Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷумлаи тараққиёти соҳаи фарҳанг дар замони истиқлол мебошанд.
Ироаи андешаҳои Пешвои миллат дар паёми солона вобаста ба соҳаи фарҳанги кишвар яксамта набуда, ҳама паҳлуҳо, аз ҷумла мушкилот ва проблемаҳои мавҷудаи онро низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд. Табиист, ки дар баробари тамоми пешравиҳои назаррас соҳаи фарҳанги кишварро наметавон аз мушкилот ва камбудиҳо орӣ донист. Зикри камбудиҳои соҳа аз ҷониби Сарвари давлат хусусияти маълумотдиҳӣ надошта, тавъам бо амру фармон иброз мегардаднд, ки басо умедворбахш мебошад. 75 муассисаи садамавӣ ва 368 таъмирталаби соҳаи фарҳанг аз ҷумлаи мушкилот буда, аз роҳбарону масъулони шаҳру навоҳии кишвар ҳалли фаврии онҳо, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти кишвар, тақозо мегардад. Аз тамошо ва шунидани ироаи суханронии Пешвои миллат паҳлуи хушоянд он аст, ки тамоми амру фармонҳои қатъӣ, ки ба қишрҳои гуногуни мамлакат содир мегардад, бетардид амалӣ хоҳанд гашт. Сокинони кишвар ҳангоми суханронии Ҷаноби Олӣ мунтазири натиҷаи амру фармон набуда, балки судури онро мехоҳанд. Чунки эшон боварии комил доранд, ки амрҳои муҳтарам Президенти кишвар ногузир амалишаванда аст”.
Директори пажӯҳишгоҳ дар идомаи суханронӣ, аз ҳамкориҳои кишвар бо ташкилоту созмонҳои байналмиллалӣ ва зикри онҳо дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олӣ ёдовар шуда, оид ба иқдоми навбатии Сарвари давлат дар мавриди соли 2025 таҷлилу бузургдошти 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ибрози андеша намуд. Чуноне медонем, дар ин самт Вазоратиҳои корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги кишвар баҳри омода ва тайёр намудани маводи лозима ва пешниҳоди онҳо ба рӯйхати ҷашнвораҳои созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО вазифадор гардиданд.
Баъдан ходими пешбари илмии шуъбаи воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ дар мавзуи “Паёми маорифпарварона” суханронӣ намуд. Муродӣ. М. Бо овардани мисолҳои мушаххас андешаҳояшро дар бораи тафовути Паёми имсолаи Пешвои миллат дар панҷ бахш таҳлил кард. Мавсуф қайд намуд, ки: “Якум он, ки Паёми имсола дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид, ки ба аҳли толор ва бинандагони оинаи ниглун шукӯҳу шаҳомат бахшид. Тарҳ ва ороиши бино на танҳо аз бунёдкориҳои Ҳукумати кишвар шаҳодат медиҳад, балки масъулият ва ҳисси ватандӯстиву инсонпарварии аъзои Маҷлиси Олиро дар қабули қонунҳо бояд баланд бардорад;
Дуюм, дар Паём дастовардҳои назарраси се соли охири кишвар бо зикри факту рақамҳои оморӣ ва таҳлилу баррасиҳо сурат гирифта, дар марҳалаи нави тараққиёт қарор доштани Тоҷикистон ва мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доштани мардуми он муҳим арзёбӣ гардид.
Сеюм, Паём то андозае тобиши маърифатомӯзона касб намуд. Сарвари давлат ба баланд бардоштани фарҳанги касбиву инсонӣ махсус таваҷҷуҳ намуда, мардумро бори дигар ба адлу инсоф даъват намуданд, инсоф ҳам дар иҷрои вазифа ва ҳам дар рисолати инсонӣ;
Чаҳорум, Паём руҳияи баланди ҳикматангезӣ ва ба нанговарӣ дошт. Пешвои миллат дар таҳлилу арзёбии соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ таҷрибаи сиёсиву давлатдории худро ба ғановати хиради волои инсониашон тавъам намуда, мардумро ба ҳифзу риояи расму оин ва арзишҳои миллӣ талқин намуданд. Додару бародарӣ ва аппаву хоҳариро фаромӯш накунед гуфтани муҳтарам Пешвои муаззами миллат сухани одӣ ва эҳсосӣ нест, балки як олам маънӣ дорад. Решаи адлу инсоф, ҳурмату эҳтиром, дӯстиву рафоқат, одаму одамгарӣ аз ин ҷо маншаъ мегиирад. Агар нисбати фарзанди падари худ беэътиноӣ чи расад аз ту манфиат ба дигарон;
Панҷум, баррасии тамоми соҳаҳои ҳайти иҷтимоии кишвар, ки дар Паём садо дод, ба илму маориф сахт тавъам буд. Нақши созандаи илму маориф на танҳо дар бахши алоҳида, балки дар баррасии тамоми соҳаҳо ба назар расид. Рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, пешрафту ободии диёр ҳама ба маориф ва илм алоқаманданд. Зеро дар ҳар соҳа неруи пешбар мутахассис маҳсуб меёбад, ки тарбияву ба камол расонидани он бидуни мактабу маориф ҳеҷ аст. Агар илму маориф пешсаф бошад, фаъолияти соҳаҳои гуногун самаранок гардида, зиндагии мардум шоистатар мегардад”.
Профессор Муродӣ М. Дар идомаи суханронӣ оид ба ҷанбаҳои маорифпаронаи матни Паём чунин баён кард: “Дар Паёми навбатӣ низ ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа доштани Ҳукумати мамлакат таъкид гардид ва барои боз ҳам беҳтар ва ба талаботи замон мувофиқ кунонидани шароит ва имконоти мактабу маорифи кишвар тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ шуд. Аз ҷумла, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон, дар панҷ соли оянда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд, барои сохтани як муассисаи томактабӣ дар маҳаллаҳои дорои 100 оила тадбирҳо ҷӯянд.
Ҳамчунин дар раванди татбиқ қарор доштани ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маорифи мамлакат аз таваҷҷуҳи махсуси Хукумати кишвар ба соҳаи маориф дарак медиҳад.
Пешвои миллат дар баррасии масъалаҳои муҳими замони муосир ба иртиботи ногусастании илму маориф ишора намуда, пешравии кулли соҳаҳоро ба донишу қобилияти мутахассисон нисбат доданд. Донишу қобилият аз куҷо пайдо мешавад. Албатта аз мактаб. Агар дар мактаб сатҳу сифати таълим хуб бошад, аз имкониятҳои илмиву методӣ ва теникиву технологӣ дуруст истифода шавад, табиист, ки дараҷаи азхудкунии ин ё он касб, пеша ва ихтисос босамартар мегардад. Аммо, аз баррасиҳои Пешвои миллат дар Паём эҳсос мешавад, ки ҳанӯз ҳам маорифи мо ба сатҳе нарасидааст, ки мутахассисони ба талаботи замон рақобатпазирро ба камол расонад. Ин аст ки Ҷаноби олӣ ба кормандони соҳаи маориф, хосса омӯзгорон бо таъкид муроҷиат намуда, қатъӣ иброз доштанд, ки “миллатро босавод кунед, бо коғази хушку холӣ ҷавононро фиреб надиҳед, касб омӯзонед, забонҳои хориҷиро ёд диҳед!”.
Дар идомаи ҳамоиш ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти китобдорӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода, доктори илмҳои филологӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр, профессор Меҳроб Ҷумъаев, ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Мунаввар Сафаров суханронӣ карда, паҳлӯҳои мухталифи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва аҳамияти онро дар фаъолияти минбаъдаи корӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Дар охир директори муассиса, номзади илмҳои филологӣ Аминзода А.Ҳ. таъкид намуд, ки аллакай нақшаи чорабиниҳои пажӯҳишгоҳ дар дар асоси нуқтаҳои дахлдори Паём тартиб дода шудааст. Аз ходимони илмии муассиса хоҳиш намуд, ки нақшаи мазкуррро сармашқи кори худ дониста, баҳри ҳифзу нигаҳдорӣ ва муаррифии бештари арзишҳои фарҳангии миллати азизамон дар арсаи байналмилалӣ камари ҳиммат банданд.
М. Содиқова
Котиби илмии ПИТФИ