ПАЁМИ ТАҚДИРСОЗ ВА СОЗАНДА (андешаҳо перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар)

Ҳар сол чун анъана дар охири соли сипаришаванда Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон Паёми навбатиии худро чун барномаи яксолаи тақдирсози миллат ироа медоранд ва дар назди ҳар шаҳрванд баҳри рушду нумуи Ватани азизамон вазифаҳои муҳим  мегузоранд.  Бешубҳа, дар марҳилаи кунунӣ, ки ҷомеи ҷаҳонӣ қарор дорад, шаҳрвандони мо бояд ба ҳар рӯйдоди воқеъшудаи ҷаҳон бо масъулияти баланди сиёсӣ муносибат намуда, хосатан баҳри ҳифзи сулҳу субот ва оромии минтақа саҳмгузор бошанд. Бояд таъкид намуд, ки  Тоҷикистони азизи мо қариб  бо  тамоми  кишварҳои минтақа ҳамсарҳад буда, оромии минтақаи Осиёи Мавказӣ аз вазъи сулҳу суботи ҷомеаи  тоҷикон вобастагии зиёд дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ (28.12.2024)  пеш аз ҳама мардуми кишварро аз  хатарҳои гурӯҳӣ  ва  вазъи пурфоҷеаи  сиёсию иқтисодии ҷаҳон ва минтақа огоҳ намуда, ҳамагонро ба пешгирии нобасомониҳою гумроҳиҳои мафкуравии ҳаракатҳои ҷудоихоҳ ва дастаҳои терористию тундгаро  даъват мекунанд: “Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои  гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии боҳитоб, “ҷанги сард”, тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷирҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозад, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.

Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллииамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем”.

Пешвои миллат баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишварро “ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон”  меҳисобанд, ки ин нишони ғамхории беназири Президенти мамлакат ба мардуми Тоҷикистон мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки  дар замони муосир бидуни рушди илму техника ба ягон дастоварди бузург ноил шудан имкон надорад.  Дар Паёми навбатӣ ин нуктаи хеле муҳим ва зарур мавриди таваҷҷуҳи махсуси Президенти муҳтарам қарор дода шудааст. Бо ин мақсад,  дар ин ҳуҷҷати муҳими таърихию сиёсӣ тадбирҳои зиёде пешниҳод шудааст, ки татбиқи он ба кулли муассисаҳои илмию таълимии кишвари азизи мо  низ вобаста мебошад. “Ҳамзамон бо ин, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад”. Ин пешниҳоди Пешвои миллат тақозои замони муосир мебошад ва бидуни татбиқи иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ  ғайриимкон мебошад. Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҳам имкон дорад, дар ин самт  саҳми босазо гирад ва дар тарбияи мутахассисони соҳаи барномасозӣ ва иқтисоди рақамӣ  иқдом намояд. Пешваои миллат дар ин раванд “...муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад”. Такя бар ин нуқтаи муҳим моро лозим меояд, ки  дар татбиқ ва амалӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ, ки як  василаи пайваст шудан ба ҷомеаи пешрафтаи  ҷаҳонӣ мебошад, саҳмгузор бошем. Дар акси ҳол ҷомеаи мадании тоҷикон  аз доираи ҷаҳони мутамаддини имрӯз дар канор хоҳад монд.

Дар соҳаи баланд бардоштани арзишҳои миллӣ ва худшиносии таърихӣ дар Паём нуктаҳои хеле муҳим ба миён гузошта шудааст, ки татбиқи он барои ҳар шаҳрванди кишвар муҳим мебошад.  Агар мо ба арзишҳои миллии худ арҷгузорӣ накунем, ҷомеаи ҷаҳонӣ  дар шинохти миллати мо ҳаргиз кӯшиш намекунад.  Бо иқдоми Пешвои миллат Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту  арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ дода истодаанд.  Дар ин ҷода Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки “Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фваҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем”. Имрӯз аз ҳар ҷониб мардумони дигар аз ҳисоби дастовардҳои таърихию фарҳангии мо барои худ таърих месозанд ва дар арсаи ҷаҳон худро аз мардуми соҳибтамаддун ва соҳибфарҳангу куҳанбунёд месозанд. Масалан, 150-солагии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар сатҳи баланди илмӣ дар кишварҳои дигар мавриди таҷлил қарор дода шудааст.  Ин гуна муносибат ба фарҳангу таърихи тоҷикон ба кадом хотир аст? Ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати Абуалӣ Сино чунин муносибати ғаразнок намудан, моро водор месозад, ки дар ҳимояи арзишҳои миллӣ бетараф набошем.

Аз пайи ин иқдоми наҷиб, Пешвои миллат дар соли 2025 таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Кабирро дар сатҳи байналмилалӣ ва бо дастгирии ЮНЕСКО ба миён мегузоранд, ки боиси таҳсин ва арҷгузорӣ мебошад. Бахшида ба ин санаи муҳим ба мо лозим меояд, ки пеш аз ҳама ин шахсияти бузурги таърихиро ба мардуми тоҷик муаррифӣ намоем, то тоҷикон дар замони Истиқлол дар пайравии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба таърихи тоисломии ниёгони худогоҳи мо огоҳӣ пайдо намоянд. Мутаассифона, аксари шаҳрвандони мо ба таърихи тоисломии мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ, ки тоҷикон поягузори он мебошанд,  эътибор намедиҳанд ва ба шахсиятҳои таърихии давраи бостонии мардуми худ таваҷҷуҳ надоранд. Аз ин ноогоҳӣ ва беэътибории мо нисбати гузаштагон истифода намуда, душманони  сиёсию миллии мо  бештар ба таърихи миллати тоҷик мехоҳанд зарба зананд ва қадимӣ будани тоҷиконро мавриди шубҳа қарор диҳанд.

Чаро аз байни бузургони илму фарҳанг ва сиёсати тоҷикон Пешвои миллат маҳз бузургдошти Куруши Кабирро муҳим дониста, таҷлили ҷашни 2550-солагии ӯро дар сатҳи байналмилалӣ ба миён гузоштанд.  Куруши Кабир дар таърихи инсоният бо иқдоми беназири худ  тухми инсондӯстию  меҳанпарастиро дар замири  кулли башар коштааст, ки самараи он то имрӯз ҷаҳониён баҳравар мебошанд. Куруши  Кабир дар бунёди  миллатҳои Шарқ  мақоми хос дорад ва ба арзишҳои  озодии инсон арҷгузорӣ намуданро дар ҳар давру замон таъкид намудааст.      

Ин абармарди ҷаҳони сиёсӣ  оини оқилонаи давлатдориро пеш гирифта, эътиқоду ақоид ва дини миллатҳои Шарқро эҳтиром мегузошт. Ӯ ба ҳар кишваре, ки мерафт, худоёни мазҳабҳои мухталифро ба расмият мешинохт, худро ҷонишини қонунии подшоҳони бумӣ эълон медошт ва аз рӯйи расму русуми онҳо подшоҳиро мепазируфт. Беҳуда нест, ки руҳониёни Бобул ӯро ҳамчун писари худои олитабори бобулиён Мардук муаррифӣ намуда, ба тахти шоҳӣ нишастанашро бо хушнудии тамом истиқбол намуда буданд. Ба ибораи имрӯз, сиёсати давлатдории Куруши Кабир 2500 сол аз ин муқаддам ба тарзи давлатдории дунявӣ асос ёфта буд. Шояд яке аз сабабҳои шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтану империяи абарқудрати замони худ шудани давлати Форс дар пеш бурдани ҳамин сиёсати давлатдории дунявӣ нуҳуфта бошад. Дар айни ҳол бояд зикр намуд, ки Куруши Кабир зимни сиёсати давлатдорӣ ва тарзи дунявии тафаккур ҳадафҳои кишваркушоӣ ва густариш додани иқтидори рӯзафзуни империяи Форсро пеш мебурд. Ба қавли муаррихони аҳди қадиму ҷадид, Куруши Кабир қабл аз ҳуҷум ба Бобул дар симои савдогарону тоҷирон, рӯҳониёни мазҳабҳои гуногун ва дастаи ҷосусони давлатӣ тарғиботчиёни сиёсати худро ба он ҷо интиқол дода, намояндагони миллату мазҳабҳои азияткашидаро қаблан ба империяи Ҳахоманишиён дилгарм месохт. Куруши Кабир алалхусус нисбат ба миллати банӣ Исроил, ки аз замони Бухтуннаср дар асорати давлати Бобул буд, меҳрубонӣ ва инояти зиёде кардааст. Ӯ ашёҳои гаронбаҳо ва зарфиёти тилоиву нуқрагинро, ки ҳангоми хароб намудани маъбади яҳудиён дар Байтулмуқаддас ғорат шуда буд, ба ибодатхонаи яҳудиён бозгардонд. Гузашта аз ин, бо иҷозаи Куруш беш аз 42 ҳазор нафар яҳудӣ, аз ҷумла, 7 ҳазор ғуломону каниз барои таъмиру таҷдиди маъбадҳои Байтулмуқаддас раҳсипор шуданд. Аз ин ҷост, ки эҳтироми паямбарони банӣ-Исроил ба Куруш хеле зиёд буда, номи ӯ дар китоби муқаддаси онҳо зикр шудааст. Куруши Кабир дар айни ҳол маъбадҳои Бобулистон, Ошур ва Эламро таъмир намуда, ба онҳо назру ниёз ва қурбониҳои зиёде нисор месохт, халқиятҳои мухталифро барои баргаштан ба ватани аслиашон рухсат медод. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин ҷавҳари зӯроваронаи империяи Ҳахоманишиён ва сиёсати бузургдавлатии онҳо боқӣ мемонд. Вақте ки Куруши Кабир соли 539-и то мелод шаҳри Бобул - пойтахти давлати муқтадири Бобулистонро фатҳ кард, бар хилофи шоҳони аҳди бостон, ки маъмулан ба куштору ғорат мепардохтанд, эъломияе интишор сохт, ки дар он ҳифзи ҷону мол ва озодии эътиқоди динии шаҳрвандон кафолат дода мешуд.

Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона созем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.

Нурмуҳаммад Одинаев

Ходими пешбари илмии Маркази

мероси фарҳангии тоҷикон

барчасп: