АНЪАНАИ “АЛЛАГӮӢ” ВА ХУСУСИЯТҲОИ ТАРБИЯВИИ ОН

Аз замонҳои қадим мардуми тоҷик дар таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти махсус зоҳир намуда, барои солиму баркамол, донишманд, ватандӯст, некхоҳ ва хештаншиносу адолатпарвар ба воя расидани онҳо тадбирҳои гуногунро истифода мекунанд. Ҷанбаҳои мухталифи фарҳанг ҳам дар таълиму тарбияи кӯдакон таъсиргузор мебошад. Аз ҷумла тавассути жанру намудҳои гуногуни осори шифоҳӣ: афсонагӯйӣ, достонсароиву гурғӯлихонӣ, қиссаву ривоятгӯӣ, нақлҳои ҷолиб, таронахонӣ ва ғайра кӯдакону наврасонро ба кору пайкори нек ва дуруст ҳидоят менамоянд. Яке аз чунин таронаҳои маъмулӣ, ки дар тарбияи кӯдак аҳамияти бузург дорад, ин суруди навозишии “Алла” мебошад. “Алла” ҳамчун тарона – суруди маъмулии халқист, ки ҳангоми хобонидани кӯдак аз ҷониби модар замзама карда мешавад.

Гарчанде “Алла” матнҳои гуногун дошта бошад ва бо забону шеваҳои мухталиф суруда шавад ҳам, дар он орзуву ормон ва тамоми шодиву нишот, ғаму андӯҳ, розигӣ ва умеду ниятҳои бузурги модар нисбат ба тифли кӯчакаш таҷассум меёбад. Дар дунё ҳар як халқу миллат аллаи худро соҳиб аст, ки аз давраҳои қадим барои оромона хобонидани кӯдакон замзама мекунанд.

Ба ҳама маълум аст, ки “Алла” дар осори шифоҳии мардуми тоҷик ҷойгоҳи хоссаро касб кардааст. Дар фарҳанги халқҳои ҷаҳон, аз ҷумла тоҷикон на танҳо ба ҷисми кӯдак, балки ба олами рӯҳонии ӯ низ эътибори махсус медоданд. Гузаштагони мо барои дуруст ва солиму поктинат ба воя расидани кӯдак аз рӯзи аввали дар гаҳвора бастан ба ӯ “Алла” мегуфтанд, чунки модарон мавқеи муҳим доштани ин суруди навозиширо дар ҳаёти фарзандонашон дарк мекарданд ва онро месароиданд. Албатта, дар он синни кӯчак мазмуну муҳтавои “Алла”-ро кӯдак намефаҳмад, аммо меҳру муҳаббат, шукрона, шодиву ифтихор ва таманнои беандозаи модар дар умқи он ифодаи худро меёбад. Гуфтан мумкин аст, ки орзуву омол ва ҳаёти воқеии модар дар “Алла”-аш таҷассум ёфтааст, ки ӯ кӯдаки навзодашро аз он огоҳ месозад. Зеро ҳар як модар оилаашро барои фарзандонаш ва ояндаи онҳо нигоҳ медорад ва аз ҳар гуна нобасомониҳо ҳифз менамояд.

Мазмуни сурудҳои “Алла” аз орзуву омоли модар, тавсиф ва меҳрубонии тифл иборат буда, дар вақти хобонидан модар кӯдакашро навозишкорона насиҳат менамояд, солиму бардам ва зуд ба камол расиданашро аз даргоҳи Худованд металабад. Зеро алла дар тарбияи ҳиссу завқи кӯдакон таъсир расонида, эҳсоси эстетикии тифлро бедор карда, ба дарки нафосату зебоӣ, савту сурур раҳнамун месозад. Ҳатто донишманд, файласуф, табиби ҳозиқ ва олими бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар китобаш “Ал-қонун” дарҷ намудааст, ки “Барои қонеъ кунонидани тақозои кӯдак ду василаро ба кор бурдан лозим аст: аввал, гаҳвораи ӯро мавзун ҷунбонидан, баъдан, то ин ки хобаш барад, “Алла” гуфтан. Вобаста ба қобилияташ дар замири кӯдак майлу рағбате ба варзиш ва мусиқӣ ба вуҷуд меояд.”

Дар воқеъ, “Алла” аз ҷумлаи сурудҳои мардумиест, ки аз рӯзҳои аввали ҳаёти кӯдак барояш гуфта мешавад ва ин осори мардумӣ дар хотираи ӯ умрбод нақш мебандад. Чунки барои фарзанд ҳеҷ зоте мисли модар азизу меҳрубонтар ва ҳеҷ навозише аз “Алла”-ву оҳанги модараш дилработар вуҷуд дошта наметавонад.

Боиси зикр аст, ки имрӯзҳо “Аллагӯӣ” аз ҷониби модарон камтар ба мушоҳида мерасад. Дар ҳоле, ки ҳатто мардҳо ба сурудани “Алла” пардохтаанд ва ҳолатҳои барои фарзандон замзама кардани алла аз тарафи падарон низ кам нест. Ҳар як кӯдак муҳтоҷи шунидани чунин суруди навозишӣ мебошад. Чунки “Алла” хусусияти мусиқии оромро дошта, ба тану ҷони тифл оромиш мебахшад ва хоби ӯро бомаром месозад. Аммо дар шароити кунунӣ ба ҷои “Алла”-и модар кӯдак ҳангоми дар гаҳвора хоб рафтан тариқи дастгоҳҳои замонавӣ – телевизор, телефон, компютер ва амсоли инҳо мусиқиҳои гуногунро гӯш мекунад, ки ин аз ҳама ҷиҳат ба саломатӣ, ҷаҳонбинӣ ва рӯҳияи ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Гузаштагони мо беҳуда нагуфтаанд: оҳанг ва офат”. Воқеан, ҳар гуна мусиқӣ дар хотира ва узвҳои шунавоии кӯдак зарар расонида, дар синни хурдсолӣ торҳои асабашро хаста мекунад. Ҳатто олимоне, ки дар ин бора тадқиқот гузаронидаанд, бар он назаранд, ки табиати кӯдаки бо “Алла”-и модар ба воя расида ором буда, хислатҳои ботамкинӣ, хотирҷамъӣ дар ӯ бештар дида мешавад. Кӯдаконе, ки дар хурдсолӣ аз ин чиз маҳрум мондаанд, табиатан ҷаҳлдор ва ғазабнок ба воя расида, эҳсосоти нозук доранд.

Хулоса, алла дар навбати худ ҳамчун лирика оинаи руҳонии тифл ба шумор меравад. Зери навои маҳин, ки модар бидуни ҳеҷ гуна сози мусиқӣ тавассути садояш матнҳои фалсафиро месарояд, “Алла” ифодаи худро ёфтааст. Кӯдак дар заминаи шунидани сурудҳои навозишӣ уқдаҳои равонӣ, ҳолати ботинӣ ва дониши фалсафии худро мустаҳкам мегардонад. Ба ин маъно, “Алла” чун таронаи навозишӣ ҳамеша кӯдаконро ба камолоту устуворӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани қадру манзалати инсонӣ талқин менамояд.

Лайло Носирова

Мудири бахши фарҳанги ғайримоддии

 Маркази мероси фарҳангии тоҷикон

барчасп: