Шамсиддин Шоҳин яке аз ноҳияҳои ҷанубу шарқии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании худ маълуму машҳур аст. Зеро дар ҳудуди он шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва мавзеъҳои муқаддас, аз қабили Имом Алии Аскарӣ, Робиямоҳи Чилгазамӯ, Имом Ҷаъфари Содиқ, Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ, мақбараи Шайх Мадамонӣ Валӣ ва ғайра мавҷуданд, ки барои зиёратгарон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ бисёр ҷолибу диққатчалбкунанда мебошад.
Ҳеҷ сарзамине бидуни ёдгории таърихӣ ё фарҳангӣ нест, дар ҳар диёру макон муқаддасот ва ёдгории хесеро мушоҳида кардан мумкин аст. Ноҳияи мазкур бештар бо оромгоҳи шахсиятҳои бузурги таърихиву ирфонӣ, ки дар боло зикр гардиданд, шуҳрат ёфтааст. Ин диёри куҳанбунёд макони шахсиятҳои бузургу мутабаррик, шайхони покдоману покизарӯзгор, донишмандони асилу накӯкор ба шумор меравад, ки ҳар кадоме як нақши созгор дар некномӣ андохтаанд ва номи худро ҷовидон гардондаанд. Ҳарчанд аз баъзе ном, аз дигаре турбат, аз севумин мазору мадфан ва қадамҷое мондааст, вале эҳтирому эътиқод ва самимияту дӯстдории мардум, ба ин ҷою маконе, ки аз азизон ба хок супурдаанд хеле зиёд мебошад. Имрӯз аксари ин ҷойҳо ба зиёратгоҳ, маъбадгоҳ, ва мазор мубаддал шудаанд, ки мардум ба ин ҳама чун ҷойи муқаддас муносибат менамоянд.
Яке аз ёдгориҳои нодири меъморӣ ин мазори Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ мебошад, ки он дар деҳаи Баҳораки ҷамоати Саричашма дар наздикии дарёи Панҷ – марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир аст. Дар бораи шахсият, зиндагӣ, рӯзгор ва осори ин шайхи бузург то ҳол маълумоти аниқ вуҷуд надорад. Ҳамин қадараш то ҳол ба мо маълум аст, ки ин одам яке аз шайхони машҳури замони худ буда, дар ривоҷу равнақ ва пешрафти дини мубини ислом дар сарзимини тоҷикон саҳми бузурги худро расонидааст. Аз ҳамин сабаб ӯ дар байни аҳли ҷомеа мақому мартабаи баландро доро буд. Мардуми маҳаллӣ Шайх Ёрмуҳаммади Валиро бо номи Пири Баҳорак мешиносанд, чунки дар замони худ Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ яке аз олимону донишмандони пешқадами диёри худ дониста шуда, корафтодагону ихлосмандон барои чораҷӯӣ ва ҳалли мушкилоте ҳамеша ба ӯ муроҷиат мекардаанд.
Мувофиқи сарчашмаҳои хаттӣ ва ривояҳои мардуми маҳаллӣ Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ соли 1378 аз дунё гузаштааст. Баъд аз вафоти шайх ихлосмандону пайвандонаш аз рӯи эҳтиром ва гиромӣ доштани хотираш дар ҷойи турбаташ мақбараи ӯро бунёд намудаанд. Ҳамчунин метавон гуфт, ки якчанд нафар аз наздикони шайх дар наздикияш гӯронида шудаанд худи мақбара аз ду даромадгоҳ ва шаш ҳуҷра иборат мебошад. Қисмати куҳнатарини он гӯрхона, зиёратхона, мебошанд, ки давраи сохта шуданашон ба асрҳои XIV-XV рост меояд. Утоқҳои сеюм, чорум ва толори намози зиёратгоҳ баъдтар сохта шудаанд. Дар асрҳои баъдӣ иншооти бино идома ёфта, дар ҳудуди он боз утоқҳои иловагӣ ва масҷид бино гардидаанд. Намои фурӯрафтагиҳои чоркунҷаву дарозрӯя шаҳодат аз он медиҳанд, ки ин қисмати мақбара барои навиштани катибаҳо пешбинӣ шудааст. Хусусан даромадгоҳи бино бо аркҳои ороишӣ зиннат дода шуда, тамоми утоқҳо гунбазпӯшанд. Танҳо гунбази болои марқади худ шайх ва писараш андаке баландтару калонтар буда, аз дигар гунбазҳо тафовут дорад.
Метавон гуфт, ки мақбараи Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ ҳамчун ёдгории таърихию фарҳангӣ аз ҷиҳати меъморӣ мутааллиқи асрҳои XIV-XV буда, барои муаррифии таъриху фарҳанги минтақа хидмат мекунад. Ҳамчунин фаъолияти пурсамар ва мероси гаронбаҳои ӯ собит месозад, ки Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ ба ҳайси роҳнамои дин ва дониши замони худ баҳри мардуми тоҷик хидмати арзанда кардааст. Яке аз мисраъҳое, ки дар мақбара бо хати арабиасос дарҷ гардидааст, аз чунин корнамоиҳои ӯ дарак медиҳад:
Қасри олим, ки буд маркази дин,
Кард ӯ моро бо илм қарин.
Аз ин бармеояд, ки Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ аз донишмандони варзидаи тоҷик ба шумор рафта, дар қатори дигар мутафаккирону доҳиёни дини ислом барои пешравии донишу фаҳмиши диниву дунявии мардуми маҳалаш кӯшиш ба харҷ додааст.
Қадршиносӣ аз бузургон ва шахсиятҳои таърихиву динӣ вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат ҳисоб меравад. Аз ин рӯ мо шаҳрвандон дар маҷмуъ бояд ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва маконҳои муқаддас арҷ гузошта, баҳри таъмиру тармим ва муаррифии онҳо саҳмгузор бошем. Хушбахтона имрӯз мақбараи ин шахси бузург аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳи минтақаи Саричашма нигоҳубин ва сарпарастӣ мешавад. Дар ҳоли ҳозир бошад, мақбара хеле ҷиддӣ таъмиру тармим шуда, тарҳи пештарааш барқарор гардидааст. Ҳамасола аз гӯшаю канори ноҳия одамон ба ин макони муқаддас барои зиёрат меоянд.
Бояд зикр намуд, ки марқади Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ дар баробари зиёратгоҳҳои дигар шахсиятҳои фарҳангиву динӣ, аз қабили Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Султон Увайси Қаранӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Бурхи Сармасти Валӣ ва чандин тани дигар низ метавонад зиёратгоҳи хосу ом ва макони тамошову истироҳати сайёҳон бошад.
Карашмаи Вадуд
ходими калони илмии
Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии
фарҳанг ва иттилоот ПИТФИ