Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯри бо зиёиёни кишвар мавқеи бузурги фарҳангро дар ҷомеа муайян намуда, чунин зикр доштанд, ки “Фарҳанг ҳастии миллат аст”, дар ташаккулу такомули ҷаҳони маънавии ҷомеа ва тақвияти андешаву рӯҳияи миллӣ нақши муассир дорад.
Бо шарофати истиқлолият ва иқдомҳои пайвастаи фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон дар таърихи навини олам мавқею мақоми устувори хешро собит намуда, ба сӯи ояндаи нек қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар фазои ҷомеаи навин мавқеи рушди фарҳанги миллӣ, хусусан рушди мусиқии ҳирфавии «Шашмақом» ва «Фалак» баланд гардида, нақши он дар пешрафт ва ташаккули маънавиёти мардум мунтазам рӯ ба афзоиш меоварад. Тараққиёти ояндасози замони муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол имкониятҳои нерӯи офарандагиро бештар ба сӯи ҳуввияти миллӣ, хештаншиносию худогоҳӣ, инсонпарварию тамаддунсозӣ тақвият менамояд. Дар ин замина мавқеи аҳли зиёи ҷомеа нақши муҳиме дорад.
Дар ин самт пеш аз ҳама бо таваҷҷӯҳу тавсияи Пешвои муаззами миллат, баҳри гиромидошти мероси безаволи миллат ду ҷашни ҳунарӣ- Рӯзи Шашмақом ( 12 май, соли 2010) ва рӯзи Фалак (10 октябр, соли 2007) воқеаи фаромӯшнашаванда мебошад. Инчунин шомил гаштани «Шашмақом» ва соли 2008 ва «Фалак» ба феҳристи репрезентавии ЮНЕСКО ҳамчун намунаҳои беҳтарини мероси фарҳангии тоҷикон низ воқеаи фараҳбахше гардид, ки боиси ифтихор мебошад. Мусиқии суннатӣ аз умқи асрҳо тавассути системаи таълимии устод- шогирд ва фидокориҳои фарзона фарзандони миллат аз аср ба асру аз насл ба насл, ҳазорон гирудору кашмакаш ва буҳронҳои таърих гузар намуда то замони мо расидааст ва дар замони муосир мавқеи устувори хешро касб намуда, зарурияти бозомӯзиш ва амалӣ намудани услубҳои вижаи таълимӣ ба миён омад.
Бинобар таҳқиқи олимони соҳа ва мушоҳидаҳо аён гардид ки барои рушди ҳамаҷонибаи мусиқии миллӣ, ба хусус мусиқии суннатӣ дар замони муосир коркарди барномаҳои мушаххаси таълимӣ бо назардошти зинаҳои гуногуни таълимӣ амри зарурӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки дар баробари омӯзиши дигар фанҳо таълими фанни Суруд ва мусиқиро дар ҳама зинаҳои таҳсилот дар сатҳи зарурӣ қарор бояд дод.
Имрӯз, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва омезиши фарҳангҳо идома дорад, ҳифзи фарҳанги миллӣ барои нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ арзиши бештар касб мекунад. Миллатҳо тавассути фарҳанг ва тамаддуни худ шинохта мешаванд ва маҳз фарҳанги миллӣ онҳоро аз омезиш ва нобудӣ ҳифз менамояд. Тавассути васоити иттилоотӣ ва технолияи нав, пахш намудани унсурҳои ба фарҳанги мо мухолиф аз қабили мусиқиҳои ғайримиллӣ, филмҳои хориҷӣ метавонад ба афкори мардум ба хусус ба афкори насли ояндаи миллат таъсири ҷиддӣ расонад. Маҳз фарҳанг метавонад омилҳои манфии ин равандро бартараф намуда, насли ҷавонро баҳри фатҳи қуллаҳои мурод, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои аҷдодӣ, ватанпарварию нексириштӣ ҳидоят намояд.
Мусиқӣ падидаест дар фитрати одамӣ, ба сифати яке аз зермаҷмуаҳои фарҳанг дар ҳама ҷомеа вуҷуд дорад. Ба таъбири дигар, мусиқӣ ин аз саргармкунандаи нисбӣ то таҷрибаҳои зебоишиносиро фаро мегирад, ки ба ҷанбаҳои гуногуни шахсият роҳ ёфта, ӯро ба мартабаҳои воло мерасонад. Мусиқӣ инчунин дар тарбияи равонӣ, зеҳниву ахлоқӣ, ҷаҳонбинӣ ва маърифату маънавиёти инсон саҳми бориз дорад. Президенти кишвар дар вохӯри бо зиёиён чунин таъкид намуда буданд, ки «зарур аст, ки аҳли эҷоди кишвар олимон, ходимони адабиёт,театр, санъати тасвирӣ, кино, мусиқӣ ва дигарон бо назардошти ин рисолати одамсозӣ фарҳанг ба рушди ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир намоянд».
Барои расидан ба ин матлаб мо бояд кӯдаконро дар навбати аввал аз синну соли хурдӣ. дар боғчаву муассисаҳои томактабӣ тарбия намоем. Бузургон фармудаанд, ки «дониш дар хурдӣ нақш бар санг аст» ва донишеро, ки ба кӯдакон дар хурдсолӣ меомӯзонем як умр дар хотирашон нақш мебандад. Таълими мусиқии миллӣ низ бояд маҳз сараввал аз боғчаву, муассисаҳои томактабӣ оғоз гардад. Аз мушоҳидаҳо аён гардид, ки мутассифона имрӯз дар бархе аз боғчаву муассисаҳои томактабӣ суруд ва мусиқиҳои ба кӯдакон омӯзонида мешавад, ки ба синну соли кӯдак мувофиқат намекунад, дар онҳо, қобилияти зеҳнӣ ва физиологию психологӣ ба инобат гирфта нашудаанд. Инчунин вуҷуд надоштани созҳои миллӣ дар муассисаҳои томактабӣ, бидуни нақшаи таълимӣ гузаштани чорабиниҳои фарҳангӣ ва шунавонидану рақсидани кӯдакон бо сурудҳои бегона низ ҷой дорад. Аз ин лиҳоз мутахассисони соҳаро мебояд барои мувофиқи талаботи замон ба роҳ мондани услуби таълими мусиқӣ ба хусус мусиқии ҳирфавии аҷдодӣ дар муассисҳои томактабӣ чора андешанд. Ҳадаф он аст, ки оҳангсозонии тоҷик асарҳое офаранд, ки пеш аз ҳама синну соли кӯдакон, диапазони овоз дар муассисаҳои томактабӣ тобишҳои мусиқии миллиро низ доро бошанд ва насли навраст бо мусиқии миллӣ камолот ёбад. Яъне аз синни хурдсолӣ бузургии мероси мусиқии гаронбаҳои аҷдодиро дар қалбу вуҷудаш ҷой дода, баҳри омӯзишу рушди он талош намояд ва аз мусиқии пасту бемаъно дурри гузинанд.
Ҷолибӣ ва самаранокии таълимии мусиқии суннатӣ дар Маркази мусиқии суннатии тоҷик «Наво», ки бо ибтикори санъатшиноси варзида Абдувалӣ Абдурашидов ва дастгирии Оҷонсии Шветсариё оид ба тарақиёт ва ҳамкорӣ таъсис дода шуд, собит намудааст. Раванди таълим дар ин марказ дар навбати аввал аз кӯдакистонҳо оғоз гардид ва баҳри самарабахшии таълим усули танзимшудаи таносуби вазни арӯзу зарби мусиқӣ, баҳри эҳсос кардани вазни шеър тариқи ритмикаи мусиқӣ, шифоҳӣ машғулият гузаронида мешуд.
Дар навбати дуюм ин раванди таълимӣ дар мактабҳои миёна бо ифтитоҳи студияҳои баччагонаи мақомҳо мавриди истифода қарор дода шуд, ки бевосита малакаҳои сурудхонӣ бо ҳамнавоии дойра, сароидани шеърҳо дар вазнии аслии худ, кобилияти эҷод намудани мусиқиро бештар менамояд. Самарабахшии ин услуби таълимро иштироки толибилмони ин марказ дар семинари байни Марказҳои мусиқии анъанавии «Осиёи Марказӣ (Иссиқкӯл, 2025) исбот менамояд.
Таълими фаннни Суруд ва мусиқӣ, дар баробари дигар фанҳои таълимӣ дар ҳаҷми 2- соати таълимӣ дар ҳафта дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар тибқи нақшаи таълимии пешниҳоднамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурӣ дарс дода мешавад, вале мутассифона то кунун камбудиҳои ҷиддӣ дар низоми таълими ин фанн мушоҳида карда мешавад. Хушбахтона дар даврони истиқлолият ва ибтикорҳои Пешвои муаззами миллат таваҷҷӯҳ нисбат ба рисолати мактабу омӯзгор, дар сатҳи баланд қарор гирифт ва рушди соҳаи маориф дар мадди аввали сиёсати давлатдорӣ қарор гирифта пайваста таҳти ғамхории сарвари давлат қарор дорад. Таъсиси мактабҳои замонавии муҷаҳҳаз бо таҳҷизотҳои муосир, таълифи китобҳои нави таълимӣ, бо мутахассисони касбӣ таъмин намудани мактабҳо пайваста идома дорад ва собит гардид, ки танҳо назорати қатъии сифати таълим омили асосии пешрафти соҳа гардида метавонад.
Китобҳои мусиқӣ ва суруд низ мувофиқӣ талаботи замон бо назардошти синни соли мактабӣ, диапазони овоз таълиф ва дастраси хонандагон гардонида шудааст ва сурудҳо низ вобаста ба синну соли мактабӣ гирд оварда шудааст. Тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илм фанни мусиқӣ дар мактабҳои миёнаи умумӣ аз синфи 1 то 6 дар ҳаҷми 2 соат дар ҳафта таълим дода мешавад . Раванди ба сарбории омӯзгории омӯзгорони ғайритахассусӣ илова намудани дарси мусиқӣ, паст будани маоши омӯзгор, вуҷуд надоштани созҳои мусиқӣ, кам будани соати дарсӣ ва таҳҷизотҳои замонавӣ марбут ба таълими фанн масоили доғи рӯз аст. Шояд вазъи таълими ин фанн дар мактабҳои шаҳрҳо то андозае хуб ба роҳ монда шуда бошад, лекин дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳатто дар мактабҳои мусиқӣ, мактабҳои санъати баччагонаи бархе ноҳияҳо аз он ҷумла ноҳияҳои тобеъи Ҷумҳурӣ, боиси нигаронӣ аст. Агар гӯем, ки сабаби паст будани сатҳи таълими ин фаннҳо ба сифати китобҳои дарсӣ марбут аст иштибоҳ мекунем. Мушоҳидаҳо ва мусоҳибаҳо бо мутахассисони соҳа аз ҷумла бо яке аз олими варзида бастакори маъруф, муаллифи китобҳои мусиқӣ, барномаҳои таълимии созҳои миллӣ, устод Ҷӯрахон Обидпур аён гардид, ки китобҳои таълифшуда бо сифати баланд, аз лиҳози илмӣ асоснок, интихоби асарҳо бо услуби сода ва мураккаб, вобаста ба синну сол бо назардошти диапазони овози хонанда китобат шудаанд. Инчунин барои возеҳтар омӯзиши мавзӯъ рочеъ ба калидҳои мусиқӣ, аломатҳои тағирдеҳ, андозаю зарби мусиқӣ, лаҳни асари мусиқии додашуда, андозаҳои нотаҳо ва маълумоти мушаххас оиди оҳангсози асар оварда шудааст. Аз мушоҳидаҳо ва таҷрибаи корӣ аён гардид, ки сабаби дар сатҳи паст қарор доштани сатҳи таълими фанн марбут ба китоби дарсӣ набуда балки ба масъулини Вазорати маориф ва илм дар бахши назорати сифати таълими ин фанн мебошад.
Низоми таълими фанҳои марбут ба мусиқии миллӣ дар бахши сароядагии анъанавӣ, созҳои миллӣ ва ғайра дар мактабҳои мусиқӣ, мактаб–интернатҳои мусиқӣ, бархе аз колеҷҳои мусиқии ноҳияҳо, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ҳатто шаҳрҳо низ то андозае диққатовар аст. Дар ин муассисаҳо то кунун раванди таълими вобаста ба талаботи замони муосир гузошта нашудааст. Набудани барномаи таълимии аз лиҳози илмӣ асоснок дар бахшҳои сарояндагони анъанавӣ, мутрибони анъанавӣ гувоҳи ин гуфтаҳост ва таваҷҷуҳи ками насли ҷавон ба ин муассисаҳои касбии мусиқӣ аз соли 2020 то 2025, тибқи пурсиши оморӣ далели ин гуфтаҳо мебошад
Мо бояд сари як нукта биандешем, ки мамолики пешрафтаи ҷаҳон шахсони бомаърифату зиёӣ барои таълими мусиқии фарзандонашон омӯзгори кироя мегиранд, сарфи назар аз он, ки онҳо дар оянда соҳиби кадом касбу ҳунар мегарданд, зеро мусиқӣ дар ташаккулу такомули қобилияти зеҳнӣ, физиологӣ, равонӣ ва фикрониии кӯдак кумаки бузург мерасонад.
Бешак ифтихору ҳифз намудани фарҳанги миллӣ ба хусус, мусиқии суннатии нотакрори ниёгон қарзи фарзандии ҳар як фарди худогоҳи миллат мебошад вале танҳо ифтихор намудан дар ин замонаи пуртаззоди ҷаҳонишавӣ, ки таъсири фарҳангҳои бегона бештар мегардад, оқибатҳои ногуворе ба бор меоварад. Замони пуртаззод тақозо менамояд, ки дар баробари таҳқиқу эҳёи сеҳрҳои нуҳуфтаи мусиқии суннатӣ, ки беназир аст масоили таълими он дар ҳамаи зинаҳои таълимӣ яке аз омилҳои асосии рушди мусиқии ҳирфавии миллӣ шуда метавонад. Моро мебояд ин хориқаи беназири аҷдодиро, ки аз умқи асрҳо тавассути талошҳову ҷоннисорӣ ба мерос гузоштаанд дар ин қарни пурталотум бенуқсон ба бозояндагон интиқол диҳем.
ходими калони илмии шуъбаи
фарҳанг ва санъатшиносӣ
Раҳимов Билилиддин