Дар Байтулмуқаддас Борис Наматиев аз олам даргузашт
Чоп шуд: 20/01/2016Борис Наматиев, яке аз чеҳраҳои тобноки санъати “Шашмақом”, Ҳунарманди шоиста ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон бар асари беморӣ дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт.
Бино ба иттилои набераи ӯ Стелла Наматиева ҳунарманди маъруф рӯзи 19 январ дар Байтулмуқаддас тарки олам кард ва дар ҳамин шаҳр ба хок супурда шуд.
Борис Наматиев аз ҷумлаи ҳунармандони яҳудитабори Тоҷикистон буд, ки аввали солҳои 90 асри гузашта, баъди иҷозаи кӯчиши яҳудиён аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба Исроил