Пешво ва фарҳанг

Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо - тоҷикон забони

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои бузургу муҳимме рух медиҳанд, ки сарнавишти минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои солиёни зиёд муайян менамоянд.

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон: Сифати таҳсилот масъалаи муҳимтарини соҳаи маориф боқӣ мемонад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи дониш гуфтанд, ки бо сабаби нокифоя будани таҷриба ва камфаъолиятии масъулон, ки дар сохторҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, амалӣ нашудани баъзе принсипҳои идоракунии ин самти муҳимтарини фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ба назар мерасад.
Матни комили суханронии Пешвои миллат дар зер меояд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони азиз!

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи иди саиди Қурбон, ки яке аз суннатҳои мубораки дини мубини ислом мебошад, қарор доранд. Ба ин муносибат хурду бузурги сокинони кишвари азизамонро самимона табрик мегӯям. Адо кардани намози ид, анҷом додани маносики ҳаҷ ва қурбонӣ кардан аз ҷумлаи фароизи исломӣ дар рӯзи ид мебошанд.

Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Ҳамватанони азиз!

Субҳи панҷуми моҳи июн иди саиди Фитр фаро мерасад. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар хушбахтиву некрӯзӣ, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу менамоям.

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!

Фардо барои мусулмонони ҷаҳон моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям. Рамазон дар ҳаёти мусулмонон айёми озмоиши ирода, сабру таҳаммул ва ба камол расонидани дигар хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Чин китоби Пешвои миллат “Тоҷикон дар оинаи таърих” муаррифӣ шуд

Дар маросими муаррифии китоб Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин Сие Фучжан, Мудири кулли маҷмааи нашриёти “Ренмин” ва таърихнигори шинохтаи чинӣ оид ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин, таҳкими дӯстии халқҳои ду кишвар ва нақши китоби таърихии “Тоҷикон дар оинаи таърих” андешаҳои ҷолиб баён карданд.

Сафари Пешвои миллат ба вилояти Суғд

Рӯзи 30-уми марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти нав ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Роҳбарияти вилояти Суғд ва гуруҳи ҷавонон бо самимияти афзун ва рӯҳияи болида пазироӣ намуданд. 

Страницы