Сафари Пешвои миллат ба вилояти Суғд

Рӯзи 30-уми марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти нав ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Роҳбарияти вилояти Суғд ва гуруҳи ҷавонон бо самимияти афзун ва рӯҳияи болида пазироӣ намуданд. Ҳадаф аз ин сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, гузоштани санги асос барои сохтмони иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад.

Боздид аз Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик” дидан намуданд.

 Тавре иттилоъ дода шуд, ин мавзеъ дар доираи эълони солҳои 2019 -2021 ҳамчун "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" таъсис ёфта, дар масоҳати 5 гектар ҳавзҳои намудҳои зиёди моҳӣ ташкил гардида, барои диданибоб шудани минтақа парандаҳои гуногун, аз ҷумла мурғҳои датшӣ (фазан) гирд оварда шудаанд.

Корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии парваришгоҳ бо лавозимоти зарурӣ соли 2018 оғоз гардида, дар он бинои истироҳатӣ дар масоҳати 8 бар 5 метр бо баландии 3,9 метр бунёд ёфтааст.

Ҳамчунин барои нигоҳубин ва муҳофизати ҳайвоноти дар ин мавзеъ гирдовардашуда дидбонгоҳи назоратию муҳофизатии экологӣ сохта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин мавзеи зебои соҳили дарёи Сир ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

 Роҳравҳои ин мавзеи дилфиреби сайёҳӣ дар масофаи 190 метр бо сангҳои гуногуни ороишӣ рӯпӯш гардидаанд, ки хеле назаррабо ба чашм мерасанд.

Дар ин минтақаи истироҳатию сайёҳӣ бо мақсади нигоҳубин ва намоиши парандаи тазарв қафаси калон, ҳавзи моҳидорӣ дар масоҳати 50 бар 50 метр ва нуқтаи гигиенӣ - санитарӣ бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик” ба роҳбарияти вилояти Суғд ва дигар масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани имконот ва инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди вилоят дастуру супоришҳои мушаххас доанд.

Тавре таъкид гардид, феълан дар вилояти Суғд барои қабул ва ташкили истироҳату сайёҳати меҳмонон 26 ширкати сайёҳӣ ва зиёда аз 60 меҳмонхонаву 13 осоишгоҳ фаъолият дорад ва ҷуғрофияи воридшавии сайёҳон ба қаламрави вилоят бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сол аз сол тавсеа дода мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2018 танҳо тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилояти Суғд беш аз 800 ҳазор нафар сайёҳ ворид гардидааст ва дар ҳамин замина барои боз ҳам рушд додани соҳаи сайёҳии соҳилӣ, муаррифии мавзеъҳои зебову хушманзараи сайёҳии наздисоҳилии вилоят ва дар ин росто ҷалби ҳарчи бештари шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба сохилҳои дарёи Сир мавзеъҳои истироҳатию ҷазираҳои сайёҳӣ бо шароиту имконоти муосир бунёд карда мешавад.

Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави Қасри фарҳанг, Мактаби мусиқӣ, Маҳфили ҳунармандӣ барои ҷавонон ва бинои Деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллатро аҳли фарҳанги ноҳия бо самимияти хосса ва меҳру муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.

Бинои навбунёд аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо шаклу усули муосири меъморӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2014 оғоз ёфта, роҳрав ва толори қаср бо истифода аз санъати қадимаи гаҷкорӣ ва оинабандӣ оро ёфтааст.

Қасри фарҳанг дорои толор бо 400 ҷойи нишаст буда, бо муосиртарин шароит барои гузаронидани маҳфилу ҷамъомадҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва машқу тамрини дастаҳои ҳунарӣ таъмин мебошад. Ҳамчунин дар дохили Қасри фарҳанг ҳуҷраҳои алоҳидаи либосивазкунию пардозгарӣ барои ҳунармандон ва утоқҳои корӣ барои маъмурият бунёд гардидаанд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи дуюми бинои мазкур Мактаби мусиқӣ ҷойгир буда, барои гузаронидани машғулиятҳо он бо синфхонаҳои алоҳида ва асбобу аёнияти мусиқӣ таъмин мебошад. Дар Мактаби мусиқӣ аз рӯйи 10 ихтисос, аз ҷумла навозиши рубоб, доира, скрипка, чанг, пианино, дутор ва овозхонӣ ба наврасон касб омӯзонида мешавад. Барои соҳибкасб намудани наврасони хоҳишманд мутахассисони касбии соҳаи санъат ҷалб гардида, машғулиятҳо ҳамарӯза гузаронида мешаванд. Ҳамчунин бинои навбунёд дорои утоқҳои алоҳидаи маҳфили ҳунармандӣ барои ҷавонон буда, дар ин ҷо ҷавонони ноҳия ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб карда мешаванд. Ба иштирокчиёни маҳфилҳо рассомӣ, кандакорӣ, дӯхтани сару либос, зардӯзӣ ва гулдӯзӣ омӯзонида мешавад. Ба иттилои масъулин, ба ин васила дар баробари соҳибкасб намудани ҷавон, ҳамчунин ҳунарҳои миллӣ миёни ин насл рушд дода мешаванд.

Тавре зимни шиносоӣ маълум гардид, Қасри фарҳанг ҳамчунин дорои китобхонаи замонавӣ буда, китобхонаи электронӣ ба хати баландшиддати Интернет пайваст гардидааст. Дӯстдорони китоб метавонанд дар толорҳои барҳавои хониш аз хазинаи бузурги ин китобхонаи деҳотӣ, ки бештар аз 5 ҳазор адабиёти гуногун дорад, истифода баранд.      

Ҳамчунин дар дохили бинои мазкур утоқҳои кории идораи Деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов” ва Толори ақди никоҳ ҷойгир карда шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки Деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов” яке аз калонтарин деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб меравад.  Ифтитоҳи бинои мазкур бо дарбаргирии хизматрасонии чанд соҳаи иҷтимоӣ дар як ҷой метавонад бисёр мушкилоти ҳаёти шаҳрвандонро осон кунад. Атрофи бинои мазкур бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан оро ёфта, пурра чароғон карда шудааст.

Пас аз ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг, Мактаби мусиқӣ, маҳфили ҳунармандӣ барои ҷавонон ва бинои Деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов”, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори замонавии ин маҷмааи фарҳангию хизматрасонӣ суханронӣ намуда, ифтитоҳи онро ба аҳли деҳот таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат зимни суханронӣ ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, бунёди иншооти мазкурро намунаи таваҷҷуҳи зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи фарҳанг маънидод намуданд.

Сипас аҳли фарҳанги ноҳия барномаи бошукӯҳи консертиро манзури аҳли толор намуда, ҳамчунин миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат барои чунин як ҳадяи арзишманд баён карданд.

Пас аз барномаи фарҳангӣ дар ин рӯз ҳамчунин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асбобҳои гуногуни мусиқӣ, аз қабили дафу доира, дутор, рубоб ва ғайраҳо ба аҳли ҳунари Қасри фарҳанги деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақдим карда шуд.

 

Барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Истиқболи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иншооти навбунёд самимӣ ва ба таври хосса доир гардида, дар як вақт зери навои мутантан матои Парчами давлатӣ ба майдон ворид ва аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 50 метрро ташкил дода, тӯли матои рангинкамони он ба 14 метр ва паҳноиаш ба 7 метр баробар мебошад.

Корҳои сохтмонии майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи коргарону мутахассисони Корхонаи мутаҳаррикии махсусгардонидашудаи рақами 44 ба иҷро расонида шудаанд ва арзиши лоиҳавии он тақрибан як миллион сомониро ташкил медиҳад.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 2 ҳазору 400 метри мураббаъро ташкил медиҳад, як гулгашти дилписанду дилнишинро мемонад ва ба гуфти сокинон, дар гузашта ин мавзеъ ҷойи нообод буд.

Атрофи саҳни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гулзор карда шуда, бо гузоштани 12 адад нишасткурсӣ ва чароғон намудани он имрӯз ба яке аз ҷойҳои дилфиреб ва писандидаи сайру гашти сокинон мубаддал гардидааст.

 Баъди барафроштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои сохтмонии он изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулони дахлдорро барои пайваста дар ҳолати ободу зебо нигоҳ доштани ин макони тозабунёд вазифадор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бунёди чунин иншоот то имрӯз дар якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сурат гирифта, як омили муҳими бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва гиромидошти муқаддасоти миллӣ мебошад.

Манбаъ: Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон