ЗАМИНАҲОИ АСОТИРИИ НАВРЎЗ
Чоп шуд: 09/04/2019Оростани хони наврўзии «ҳафт син», аз суннати бостонии эрониён аст. Баъзеҳо ба хони «ҳафт син» 7 ашёи номашон бо ҳарфи арабии «син» шурўъшаванда, чунончи, сабза, сир, себ, суманак, санҷид, сипанд ва сирко мегузоранд. Аммо ин анъана як андоза таҳриф шудааст. Ин хони наврўзӣ ба ҳарфи арабии «син» (ҳамчунин «шин») ҳеҷ иртибот надорад.