Оростани хони наврўзии «ҳафт син», аз суннати бостонии эрониён аст. Баъзеҳо ба хони «ҳафт син» 7 ашёи номашон бо ҳарфи арабии «син» шурўъшаванда, чунончи, сабза, сир, себ, суманак, санҷид, сипанд ва сирко мегузоранд. Аммо ин анъана як андоза таҳриф шудааст. Ин хони наврўзӣ ба ҳарфи арабии «син» (ҳамчунин «шин») ҳеҷ иртибот надорад.
Таъбири «ҳафт син» пас аз куҷо сарчашма мегирад? Ин расм дар оғоз тақрибан чунин буда, ки дар ҳафт табақ хўришу ашёи рамзӣ гирифта, дар суфраи наврўзӣ мегузоштаанд. Шумораи «ҳафт» дар фарҳанги мардумони эронитабор муқаддас ва серистеъмол аст. Доир ба пайдоиши он ривоятҳои гуногун мавҷуданд, аммо андешаи ба ҳақиқат наздиктар дар мавриди «ҳафт син» ин аст, ки адади ҳафт аз ҷамъи Аҳурамаздо ва шаш амшоспандон – эзадон ё фариштаҳои соҳибмақоми пантеони зардуштӣ ба вуҷуд омадааст.
Устура баёни таърихи муқаддаси ҳодисаҳо ва муносибатҳои иҷтимоии одамони қадим, инчунин худоёну фариштагон ва дигар махлуқҳо мебошад, ки гўй дар замонҳои қадимтарини номаълум ба вуқуъ пайвастаанд.
Синни ҷашни Наврўзро баъзе муҳаққиқон панҷҳазорсола, бархе шашҳазорсола мегўянд, аммо аксари онҳо дар вақти ҳисоб ба ривояту нақлҳои оммиёна такя кардаанд. Мантиқан, Наврўз аз он даврон сарчашма мегирад, инсонҳои ибтидоӣ вақте ки зимистонро дар ғорҳо сипарӣ мекарданд, баробари фарорасии баҳор медиданд, ки барфу яхҳо об мешаванд, офтоб медурахшад, ҳаво гарм шуда, гулу гиёҳҳо аз замин мерўянд ва табиат зебову дилкаш мешавад. Одамон ин манзараҳоро дида, шодию хурсандӣ мекарданд ва мепиндоштанд, ки аз чанголи деви зимистон, аз сардию карахтӣ раҳо шудаанд.
Пайванди устураи Ҷамшед бо Наврўз. Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ҷашни Наврўз дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ, аз он ҷумла, дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Наврўзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абўрайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин вал аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар маълумотҳои зиёд зикр гаштаанд, ки ҳама Ҷамшеди пешдодиро бунёдгузори ин ҷашн хондаанд.
Танҳо Умари Хайём дар «Наврўзнома» дар мавриди бунёд гузоштани ҷашни мазкур аз тарафи Ҷамшед кашф шудани замони эътидоли баҳорӣ, яъне ҷанбаи нуҷумии Наврўзро ба асос гирифтааст. Аммо муаллифони дигар ҳама ба устураҳои бостонӣ такя кардаанд. Аз он ҷумла маълумоти Фирдавсӣ возеҳтар аз ҳама аст, ки Ҷамшеди пешдодӣ бо девҳо мубориза бурда, онҳоро мағлуб ва ба худ тобеъ карда будааст. Девҳо тахти заррини ўро ба дўши худ бардошта, дар осмон парвоз мекардаанд.
Абулсаид Абулҳайи Гардезӣ дар китоби «Зайн-ул-ахбор» дар бораи ҷанги Ҷамшед бо девон низ ёдовар шудааст: «Ҷамшеди Вангаҳон (Анвҷаҳон) чун бар тахт биншаст бо девон ҳарб кард ва дасти эшонро аз мардумон кўтоҳ кард, эшонро зи ободиҳо барандохт ва андар дарёҳову вайрониҳо шуданд ва эшонро корҳои гароне фармуд, ки мардумон натавонистанд кардан. Ва осиёи сангин андар гардани девон афканд, ба рўйи [он] нишаст ва ўро андар ҳаво бибурд ва дуо кард то Худои азза ва ҷалл гармову сармо ва беморӣ ва марг аз мардумон баргирад. Худои азза ва ҷалл аз некўсиратии вай дуои ў мустаҷоб кард. Онро ҷашни Наврўз бисохт ва девонро фармуд то конҳо кананд ва ҷавоҳирҳо берун оваранд, ба дарё фурў рафтанд ва гавҳарҳо бароварданд ва ин амал ба мардумон биёмўхтанд, ҷомаҳо ранг фармуд кардан» [7; 33].
Ҷамшед ҳамчуни тимсоли аҳуроӣ, таҷассуми нуру рўшноӣ бо деви офаридаи Аҳриман, намояндаи қувваҳои зиштию зулматовар мубориза мебарад ва пирўз мегардад. Аз пирўзии ў Наврўз оғоз мешавад, рўйдоде, ки ҳамаи мавҷудот аз замони салтанати девон – зимистони қаҳратун ба баҳори аҳуроӣ, ба рўзгори пурнур ва гармӣ мерасанд.
Наврўз ва фурудоии фравартиҳо. Яке аз сарчашмаҳои қадимтарини хаттии асотири Эрони бостон китоби муқаддаси зартуштиён – Авесто ба шумор меравад, ки дар он роҷеъ истилоҳ ва ҷашни Наврўз сухане дар миён нест. Аммо дар ин китоб дар бораи ҷашни даҳрўзаи поёни моҳи исфанд ва ибтидои фарвардин ишора рафтааст, ки зартуштиён ба хотири арвоҳи гузаштагон барпо мекардаанд. Дар моҳи фарвардин арвоҳ – фравартиҳо ба замин мефаромадаанд ва барои хушнудии онҳо мардум ҷашн меоростаанд. Чун моҳи фарвардин моҳи фурудоии фравартиҳо (фуруҳарҳо) буд, он ба оғози баҳор, ба аввалҳои мавсими киштукор ва зиндашавии табиат рост меомад. Мардум бовар доштанд, дар ин моҳ рўҳи ҳамаи гиёҳон ва ҷонварону инсонҳо ба ҷунбиш меояд ва ин моҳро бо барпо кардани расму ойинҳои хоси дини маздоясноӣ гиромӣ медоштанд. Дар бораи ҷашни фарвардингон Абўрайҳони Берунӣ ҳам ёдрас шудааст [4; 238].
Бояд гуфт, ки ин ақида то ба имрўз дар байни тоҷикони манотиқи гуногуни Осиёи Марказӣ дар шаклҳои гуногун боқӣ мондааст. Масалан, куҳансолон нақл мекунанд, ки дар гузашта занҳои тоҷик дар вақти суманак пухтан нахуст чароғ ё нўкчаро фурўзон карда, дар чор гўшаи дег мениҳоданд, ё гирди дег гирд мегардониданд ва ба арвоҳи гузаштагону пири пухтагар дуо мехонданд.
Бунёди устуравии суфраи наврўзӣ. Оростани хони наврўзии «ҳафт син», аз суннати бостонии эрониён аст. Баъзеҳо ба хони «ҳафт син» 7 ашёи номашон бо ҳарфи арабии «син» шурўъшаванда, чунончи, сабза, сир, себ, суманак, санҷид, сипанд ва сирко мегузоранд. Аммо ин анъана як андоза таҳриф шудааст. Ин хони наврўзӣ ба ҳарфи арабии «син» (ҳамчунин «шин») ҳеҷ иртибот надорад.
Таъбири «ҳафт син» пас аз куҷо сарчашма мегирад? Ин расм дар оғоз тақрибан чунин буда, ки дар ҳафт табақ хўришу ашёи рамзӣ гирифта, дар суфраи наврўзӣ мегузоштаанд. Шумораи «ҳафт» дар фарҳанги мардумони эронитабор муқаддас ва серистеъмол аст. Доир ба пайдоиши он ривоятҳои гуногун мавҷуданд, аммо андешаи ба ҳақиқат наздиктар дар мавриди «ҳафт син» ин аст, ки адади ҳафт аз ҷамъи Аҳурамаздо ва шаш амшоспандон – эзадон ё фариштаҳои соҳибмақоми пантеони зардуштӣ ба вуҷуд омадааст.
Вожаии «амшоспанд» дар забони авестоӣ дар шакли «амеша спента» ифода шуда, маънои "муқаддаси ҷовид"-ро дорад. Ба шумори шаш амшоспандон Баҳман, Урдибиҳишт, Исфанд, Шаҳривар, Хурдод ва Амурдод дохил мешаванд, ки дар «Готҳо» нишона ё афрўзаҳои Аҳурамаздо мебошанд, яъне ҳар кадом хислатҳои неки офаридгорро таҷассум мекунанд. Дар бахши навини Авесто онҳо эзад ё фариштаҳои муқарраби Аҳурамаздо ҳастанд, ки ҳар яке дар ҷаҳони астуманд (моддӣ) ба нигаҳбонии неъмате аз офаридаҳои аҳуроӣ маъмур шудаанд.
Маҳз дар айёми Наврўз барои ин ҳафт нафар дар ҳафт табақ ғизову ашёи рамзӣ гирифта, дар суфра мегузоштанд. Суфраи наврўзӣ дар замонҳои қадим моҳиятан як навъ пешкаш ё қурбонӣ ба офаридгору шаш амшоспандон ба шумор мерафт.
Эрониён табақро «синӣ» меноманд, ки муарраби вожаи «чинӣ» аст, яъне лаълие, ки аз Чин овардаанд, ё ба тарзи чинӣ сохта шудааст. Ба гумони ағлаб, таъбири «ҳафт син» бояд аз ибораи «ҳафт синӣ», яъне ҳафт табақ гирифта шуда бошад. Ва ҷойи дигар ҳамин «чинӣ»-ро бо таъсири забони арабӣ «шинӣ» баргардон кардаанд ва «ҳафт шин» ҳам пайдо шудааст. Маълум мешавад, ки дар аҳди бостон гузоштани суфраи рамзии «ҳафт табақ» роиҷ будааст, ки номи ашёи болои он бо ҳар гуна ҳарфҳо оғоз мешуданд, на бо син ё шин.
Дилшод Раҳимӣ