Модари театри тоҷик дар синни садудусолагӣ даргузашт
Чоп шуд: 02/04/2019Мушаррафа Қосимова - ҳунарманди маъруфи тоҷик, ки миёни аҳли ҳунар “модари театри тоҷик” номида мешавад, шаби гузашта дар синни 102-солагӣ аз олам даргузашт. Набераи ҳунарманди маъруф, рӯзноманигори варзида Шамсия Қосим иброз дошт, ки модаркалонаш соати 12 - и шаб дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе чашм аз олам баст.