Сафари Пешвои миллат ба вилояти Суғд
Чоп шуд: 01/04/2019Рӯзи 30-уми марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти нав ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Роҳбарияти вилояти Суғд ва гуруҳи ҷавонон бо самимияти афзун ва рӯҳияи болида пазироӣ намуданд.