КИТОБДОРӢ: Мушкилоте, ки монеа эҷод мекунанд
Чоп шуд: 26/04/2019Мусаллам аст, ки яке аз минбарҳои муҳими тарғиботӣ дар радифи воситаҳои ахбори омма, садову симо, рӯзномаву маҷаллаҳо, марказҳои иттилоотӣ – муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан китобхонаҳо шинохта шудаанд. Аз замони пайдоиши нахустин китобхонаҳо инсоният барои хеш сарчашмаи такондиҳандаи ақлу маънавиётро ба даст овард. Аз боигариҳои зеҳние, ки гирдоварӣ, коркард ва ҳифзу нигоҳдорӣ мегардид, барои рушди оянда мақсаднок истифода менамуд. Ҳамчунин, китобдорон шахсияти шинохтаи замон буданду китобдорӣ касби пурифтихор ҳисобида мешуд.