«ЁҚУТВОР ЛОЛА, БАР БАРГИ ЛОЛА ЖОЛА…»
Чоп шуд: 15/04/2019Ин баҳор Тоҷикистони шукуфони мо боз ҳам шукуфонтар гардид. Завқи зебоипарастӣ ва иқдоми навини Пешвои миллати мо ҷиҳати таъсиси маъракаи «Сайри гули лола» дар саросари кишвар ба ҳусни Наврӯзи Аҷам, ба ҳусни табиати шаҳру деҳоти мо, ба ҳусни фарҳанги қадимаву дилпазири тоҷикон авҷи тоза зам намуд. Ҷилои тозаи лолаҳои дилрабо бо тамоми рангҳо дар тамоми гӯшаҳои кишвар як падидаи беназир ва бесобиқаест, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад.