«ЁҚУТВОР ЛОЛА, БАР БАРГИ ЛОЛА ЖОЛА…»

Ин баҳор Тоҷикистони шукуфони мо боз ҳам шукуфонтар гардид. Завқи зебоипарастӣ ва иқдоми навини Пешвои миллати мо ҷиҳати таъсиси маъракаи «Сайри гули лола» дар саросари кишвар ба ҳусни Наврӯзи Аҷам, ба ҳусни табиати шаҳру деҳоти мо, ба ҳусни фарҳанги қадимаву дилпазири тоҷикон авҷи тоза зам намуд. Ҷилои тозаи лолаҳои дилрабо бо тамоми рангҳо дар тамоми гӯшаҳои кишвар як падидаи беназир ва бесобиқаест, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад. Танҳо дар вилояти Суғд миллион  ва дар шаҳр Душабе якуним миллион бех  лолаи беназири ҳолландӣ  дар сурати таҷассуми  тасвирҳои маънидор бо нақшу нигоришҳои дилпазир ва мафтункунанда  шинонидаву парварида шуданд. Ин иқдом имрӯз идома дорад. Сайри гули лола аз вилояти Суғд оғоз ёфта, ба пойтахти дилрабои кишварамон, ба Душанбеи нозанин омад. Ва аз ин ҷо ба тамоми гӯшаҳои кишвар раҳсипор гардид.

Маросими суннатии мардуми мо Сайри гули лола» боз ҳам далели завқи баланду зебоипарасти мардуми  фарҳангсолору шоиртабиат ва  ҳуснпарвари тоҷик аст. Парастиши гули лола, тасвиру тавсифи бадеии он дар адабиёти классикии мо ҳанӯз аз шеъри Одамушшуаро, устод Рӯдакӣ оғоз ёфтааст:

Бихандад лола дар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,

Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи маҷнун…

Дар хусуси ватани лола андешаҳои зиёде ҳастанд, аммо банда гумон мекунам, аз ҳамон рӯзе, ки табиати биҳиштосои мо арзи вуҷуд дорад, дар  табиати худододи мо, дар кӯҳу саҳрои ватани азизамон лолаҳои арғувонии тоҷикӣ ҳамеша вуҷуд доштаанд. Ҳам  ашъори классикони мо ва ҳам адабиёти шифоии мардуми соҳибзавқамон далели бебаҳси ин гуфтаҳост:

Гандум лола, миёни гандум лола,

Ошиқ шудаам ба духтари қинғола,

Ин духтари қинғола ба ман дил дора,

Қошуни сиёҳ, забони булбул дора.

Ва дар адабиёти шифоҳии мо рамзи зебоӣ ва симои ёр будани лола низ гувоҳи он аст, ки ин сарзамин ватани лола аст ва аз азал лола тавъамон бо ҳама гулу гиёҳи Тоҷикистон дар табиати мо ҳузур доштааст:

Ин шаб чӣ шаб аст, ман ба хоби мастум,

Як лоларухе қапид банди дастум.

Эй субҳ надам, ки ман ба ин гул мастум,

То субҳ дамид, гул парид аз дастум.

Лолазори беканоре, ки дар тамоми гӯшаҳои кишвари мо дар фасли баҳорон падид меоянд, гувоҳи бебаҳси он аст, ки Тоҷикистон ватани лола аст.

Гувоҳи дигар ин аст, ки дар адабиёти классикии мо аз осори устод Рӯдакӣ то ба устод Айнӣ ва имрӯз ин вожа ҳамеша вирди забон будаву дар шеър истифода шуда, гувоҳи завқи зебоипарасти мардуми мост. Чунончӣ, Касоии Марвазӣ навишта:

Ёқутвор лола, бар барги лола жола,

Карда бар ӯ ҳавола ғаввос дурри дарё.

Дар адабиёти гузашта ва шифоҳии имрӯзаи мо лола навъҳои гуногун дорад, мисли: лолаи аҳмар, лолаи ҳамро (лолаҳои сурх), лолаи духтарӣ (лолаи озаргун), лолаи Нӯъмон( ки мансуб ба номи Нӯъмон ном шахсе ва ё мансуб ба Имоми Аъзам ҳам мешуморанд); ва ғайра:

Чунон шуд рух зи акси ҳар парӣ сурх,

Ки боғ аз лолаҳои духтарӣ сурх.

Манучеҳрӣ  низ гуфтааст:

Гар рухи ман зард кард аз ошиқӣ, гӯ: зард кун,

Заъфарон қимат фузун аз лолаи ҳамро кунад.

Дар забони форсӣ лола бо номҳои олола, шақоиқ низ ном бурда мешавад.

Дар адабиёти классикии мо лола барои ифодаи рамзу кинояҳои зиёде истифода шудааст, аз ҷумла: лолаи тар –рӯи сурхи маҳбуба; лола гаштан – сурх шудан; лолаи мақсад чидан – ба мақсад расидан ва ғайра. Чунончи, Бадри Чочӣ мегӯяд:

Каманди турраи ӯ бар канори лолаи тар,

Чу сунбулест, ки ба бод беқарор омад.

Ҳамчунин дар забони зебои тоҷикӣ калимаҳои зиёде аз вожаи лола сохта шудаанд, аз қабили: лолавор, лолагун, лоларӯ, лолаваш, лолабаногӯш, лолабарг, лоларанг, лолаузор, лолазор, лоламон, лоламонок, лолапӯш, лоларанг, лоларух, лоларухон, лоласитон, лоластон, лоласифат, лолафишон, лолаҷабин ва даҳҳои дигар.

Байте аз Манучеҳрӣ метавонад далели гуфтаҳои мо гардад:

Ҳам бути занҷирҷаъдӣ, ҳам бути занҷирзулф,

Ҳам бути лолаҷабинӣ, ҳам бути лоларухон.

Аммо падидаи хурсандибахшу рӯҳафзо имрӯз эҳёи ин ҷашни зебои мардуми тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ аст бо номи «Сайри гули лола». Имрӯз дар асри 21, дар авҷи инкишофи илми табиатшиносӣ, кашфи асрорҳои нави парастишу такмили гулу гиёҳ, навъу намудҳи нав ба нави гули лола арзи вуҷуд кардаанд, ки хушбахтона, бо ташаббуси  Сарвари гулпарасту зебоипарасти мо намунаҳои навини он ба Тоҷикистон оварда шудаанд ва бо коштану парвариши он  Тоҷикистони мо ба лолазори биҳиштӣ табдил меёбад.

Аммо ҷашни «Сайри гули лола» имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо ҷашни сайри гули лола нест. Лола як  рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаҳои фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд. Дар маросими «Сайри гули лола» аз таҷассуми даҳҳо ҳунари мардумӣ, пешниҳоди рангоранги либоси миллӣ, анвои хӯрокҳои нодири халқӣ, намоиши беназири анвои нонҳои тоҷикӣ, намоиши ороишоти рангину ҳунармандонаи дастони модару духтари тоҷик пешниҳоди мардум мегардад, ки ҳар бинандаро мафтун намудаву ба ваҷд меоранд ва дар тарбияи завқ ва рағбати хусусан насли наврасу кӯдакони мо ҳаргиз бетаъсир нахоҳанд буд. Дар доираи маъракаи «Сайри гули лола» маҳфилҳои адабиву ҳунарӣ, намоиши дастовардҳои тозаи хоҷагии халқ, намунаҳои навини анвои пироҳанҳо ва ороишоти миллӣ, озмунҳои зебоӣ ва ҳунарӣ дар байни духтарону бонувон барпо мегарданд, ки ба онҳо имкони изҳори истеъдод, ҳунар ва хуҷастагиҳо худро медиҳанд. Иштироки кӯдакон дар ин маърака бо сару либоси идона, бо фараҳ ва шодмонӣ  ва ҳунарнамоиҳои худ  ба он ҳусни хосса медиҳад.

Маросими «Сайри гули лола» ҳамчунин ҷилои истеъдодҳо, дурахши ҳунару санъати тоҷик, намоиши рақсу суруду мушоираву саҳнаҳои ҳунариву ҷолиби дигари ин халқи ҳунарманду эҷодкорро низ фаро мегирад.

Ҷои шукргузорист, ки баъд аз расидан ба Истиқлолияти миллӣ тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва маросиму суннатҳои халқии мо эҳёи дубора меёбанд ва бо симою падидаҳои тозаву ибратбахш арзи вуҷуд мекунанд. Метавон онҳоро пайи ҳам ном бурд: эҳёи Наврӯз, Сада, Меҳргон, таҷлили “Шашмақом” –у “Фалак”, эҳёи либосҳои миллӣ: адрасу атласу чакан… ва инак, эҳёи Сайри гули лола. Нақши бузурги ин падидаҳо дар он аст, ки тавассути онҳо миллати мо дар замони соҳибистиқлолии худ симои воқеӣ ва навинашро пайваста дармеёбад, ки ин симои маърифат, фазилат ва ҳунар, симои хайрхоҳиву некманишӣ, симои сулҳу дӯстист.

Вобаста ба таҷлили маъракаи «Сайри гули лола» ба маврид аст,  баъзе маълумоти ҷолибро аз хусуси гули лола ба таваҷҷуҳи  хонандагони арҷманд пешниҳод кунем.

Хусусият ва хосиятҳои гули лола

Гули лола зуҳуроти табиии худро дорад, вай рамзи ишқ аст. Онро метавон ба нишони дархости барори кор, комёбиву музаффариятҳо ҳадя кард. Бо ин гули нозуку нозанини баҳорӣ бисёр нишониҳо вобастагӣ доранд. Агар шумо мехоҳед онро ҳадя кунед, пас рамзҳову аҳамиятҳои онро биомӯзед.

*Ин гулро бо худ бубаред (лоақал ба шакли тасвир ва сӯзанишуда), то ки шуморо аз муфлисиву бепулӣ ва бебарориҳо нигаҳ дорад.

*Лола ё дастагули онро барои тоза кардани майдони энергетикии  хонаи беруназшаҳрӣ ё шаҳрӣ истифода баред. Агар шумо хоҳед аз энергетика ва ё “пайи ҳузури соҳибони пешинаи хона” халос шавед, ҳафт дона лоларо ҳафт рӯз дар гулдон гузоред. Баъд аз иҷрои ин русум, бояст гулҳоро бароварда партоед ва оби онро дар бараш резед.

*Барои  истифодаи  сеҳри ишқ  навъи сурхи лоларо интихоб кунед. Агар шумо бидуни ягон сабаб ба маҳбуби худ гулҳои сурх тақдим кунед, ӯ нисбат ба шумо бештар бо таваҷҷуҳ ва меҳрубон хоҳад шуд.

*Агар хоҳед донед, ки маҳбуб ё ҳамсаратон дар хусуси шумо чӣ андеша дорад, як дона лоларо дар болои сари болини хоби ӯву худ гузоред. Баъд онро ба ба сӯи худ наздиктар кашед. Дар шаби аввал хоҳед донист, ки маҳбубатон, яъне нимаи дуюми шумо дар бораи шумо чӣ андеша дорад.

*Ба нӯшоба ё хӯрок баргҳои лолаи сурхро пора карда, биомезед. Одаме, ки ба шумо писанд аст, баъд аз истеъмоли он ба шумо рағбат пайдо хоҳад кард.

*Ба воситаи гулҳо метавон ҳолатҳои ногуворро аз худ дур кард. Дастаи гулҳои сурху сафедро бигиред ва ҳангоме, ки маҳтоб рӯ ба  косташавӣ меорад, аз онҳо гулчанбар бибофед. Рӯзи дигар тамоми рӯз онро бар сар ниҳода бигардед. То ғуруби хуршед  ба рӯдхона ва ё ҷӯйбори наздиктарин биравед, дасту рӯятонро ба оби равони покиза бишӯед, сипас гулчанбарро аз сар раҳо намуда, ба оби равон биандозед ва бо он ҳама эҳсосот ва хотироти нохушу бади ҳаётатонро низ ба об афканед.

*Агар хоҳед, ки пулу боигарӣ ба хонаатон роҳ ёбад, лолаҳои зардро харида, ба хона оред.

* Лолаҳои мармариро интихоб кунед, то муҳаббати мардумро ба худ бозгардонед ва ба муқобили бадбинӣ ва гуфторҳои бад дар хусусатон истодагарӣ карда тавонед.

Лола дар масалу афсонаҳо

Лола  рамзи хушбахтӣ, ишқ, комёбӣ ва дороиҳост. Дар хусуси лола афсонаву масалҳои зиёде низ вуҷуд доранд, ки хеле рамзиву  аҷибанд. Инак яке аз ин афсонаҳо:

Боре дар доманаи марғзор лолае ба ранги сабзу зард рӯида буд, ки дар муғчаи ношукуфтаи худ хушбахтии инсонро пинҳон медошт. Бисёриҳо ба назди лола меомаданд: бойҳо, мансабдорон, нозанинон, камбағалон. Бо дуо, бо зорӣ, бо сеҳру ҷоду  мехостанд, муғча боз шаваду онҳо соҳиби бахт гарданд. Аммо кӯшишҳояшон барабас мерафт.

Боре аз назди лола як зани хаста бо писараки хурдакаш мегузашт, ки  ҳатто орзуи боз шудани ғунчаро  ҳам надошт. Аммо кӯдак лолаи тиллоирангро дида,  бо хандаи зангӯладор дастафшон ба ҷониби он давид. Эъҷозе рух дод. Муғчаи тиллоиранг худ аз худ боз гардид ва ба ҳама хушбахтӣ тақдим кард.

Он чӣ неру ва сеҳр натавонистанд кунанд, як хандаи нишотангези кӯдак тавонист кунад, зеро танҳо дар кӯдакӣ ба инсон бахти ҳақиқӣ дода мешавад.

Нишонаву рамзҳо

 

Таърихи баромади лола дар сарчашмаҳо сарзамини Форс ва аниқтараш Осиёи Миёна  муқаррар шудааст. Маҳз аз ҳамин ҷо дар асри 16 ин гул ба Аврупо бурда шуд ва аз он ҷо ба Россия омад.

Халқҳои гуногун дар ин гул нишонаву рамзҳои худро дидаанд. Масалан, мардуми қазоқ мутмаинанд, ки сараки лолаҳои дар дами бод ба ҷавлон буда рӯҳи ҷанговаронест, ки дар муҳорибаҳои сарзаминашон хун рехтаанд. Аз ин рӯ кандани онҳоро гуноҳ медонанд.

Калмиқҳо бовар доранд ҳар сол дар шакли лолаҳо ба сарзаминҳои дӯстдоштаи худ рӯҳи гузаштагон бозмегарданд, то ба ҳаёти зиндаи ҳамдиёрони худ бингаранд. Ва ҳар нафаре, ки ин гулҳои арғувониро нобуд мекунад, онҳоро ба ҳамешагӣ аз ин имконият маҳрум хоҳад кард.

Дар байни мардуми тоҷику ӯзбек боварест, ки ҳар хушбахте, ки лолаи кабудро ёбад, дар ҳама кору бор ва рӯзгораш комёб хоҳад шуд.

Рангорангии анвои лолаҳо нишону аломатҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст. Масалан, лолаҳои сурх паёмовари ишқи пурэҳсосанд; лолаҳои сафед –  рамзи покизагии дилу ниятанд; лолаҳои гулобӣ – огоҳӣ аз дигаргуниҳои нек медиҳанд; лолаҳои бунафшу нофармон ба оромии рӯҳ мусоидат мекунанд. Ба муқобили  ақидаи нодурусти паҳнгашта, лолаҳои зард ҳаргиз барандаи маънои ҷудоӣ ва хиёнат набуда, балки баръакс дар баргҳои равшани онҳо гармии забони нурҳои хуршед ҳувайдост. Аз ин рӯ лолаҳои зард, бемуҳобо, танҳо маънои хушбахтиро доранд.

Мо мухтасар дар хусуси сифату хосияту нишони лолаҳо низ маълумот додем, зеро имрӯз Тоҷикистони шукуфони мо ба шарофати маъракаву озмунҳои «Сайри гули лола» ба лолазори воқеӣ табдил ёфтааст. Ин фоли нек аст ва аз пирӯзиву хушбахтӣ, амну осоиш ва рӯзгори пур аз муҳаббату дӯстдории мардуми мо дарак медиҳад.

 

Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон,

ходими адабии АМИТ «Ховар»

 

Манбаъ: ХОВАР

 

барчасп: