Мушаррафа Қосимова - ҳунарманди маъруфи тоҷик, ки миёни аҳли ҳунар “модари театри тоҷик” номида мешавад, шаби гузашта дар синни 102-солагӣ аз олам даргузашт. Набераи ҳунарманди маъруф, рӯзноманигори варзида Шамсия Қосим иброз дошт, ки модаркалонаш соати 12 - и шаб дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе чашм аз олам баст.
Мушарарфа Қосимова аз ҷумлаи шинохтатарин ҳунармандони кишвар аст, ки дар дохил ва хориҷи мамлакат аз маъруфияти вижа бархӯрдор аст. Даҳҳо нақшҳои мондагораш дар саҳнаи театр ва синемо баёнгари ҳунари нотакрор ва истеъдоди нодири ҳунарпешаанд.
Мушаррафа Қосимова 19 декабри соли 1917, дар гузари Чорраҳаи шаҳри Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушод. Падари Мушаррафа Қосимова Орифҷон Расулиро соли 1924 дар қатори дигар равшанфикрони тоҷик ба пойтахти Тоҷикистон — Душанбе фиристоданд.
Соли 1930 падар хонаводаашро низ ба Самарқанд ба Душанбе овард. Он замон Мушаррафа дар омӯзишгоҳи тибии Токанд таҳсил мекард, вале ҳамроҳи аҳли хонавода ба Душанбе омад. Соли 1937 падари хонадон чун “душмани халқ” ба қатл расид. Бори сангини таъминоти хонавода бар души Мушаррафа уфтод ва бо кумаки драматурги баъдҳо маъруф Ғанӣ Абдулло ба театри драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор даромад.
Мушаррафа Қосимова дар умри худ ду маротиба издивоҷ кардааст: бори аввал ба драматург Абдулҳақ Усмонов. Усмонов ба ҷанг рафт ва соли 1942 аз марги вай дар сангари ҳифзи Ватан паём расид.
Соли 1946 ба ситораи машҳури театри тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов ҳамхона шуд.
Мушаррафа Қосимова то поёни солҳои 80, беш аз 50 сол дар саҳнаи театри ба номи Лоҳутӣ ва аз соли 1989 дар театри «Гаҳвора» ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 1956 аввалин нақшаш дар синеморо иҷро кардааст. Дар саҳнаи театр нақшҳои мондагоре дорад, ки Латофат («Тӯй»-и С.Ғанӣ, 1958), Баҳор («Ҳаёт ва ишқ»-и Ф.Ансорӣ, 1958), Занаки гӯл («Гавҳари шабчароғ»-и С.Улуғзода, 1962), Марианна («Қиссаи модар» дар асоси ҳикояҳои М. Горкий, ба саҳнагузоранда М.Қосимов, 1968), модар («Бе ватан»-и С.Сафаров, 1970), Чӯтуройим («Фармони кадушоҳ»-и А.Баҳорӣ, 1971), Бӯстонбибӣ («Ҷон модаракон»-и А.Қаҳҳор, 1972), Модаркалон («Хатро ман навишта будам»-и Ф.Ансорӣ, 1973), Ойша-апа («Қуллаи Фудзияма»-и Ч.Айтматов ва Қ.Муҳаммадҷонов, 1974), Фирӯза («Дохунда»-и Ҷ.Икромӣ, 1954, 1957, 1977), Булбул («Хонашерони майдонғариб»-и Ғ.Абдулло, Шамсӣ Қиёмов, М.Рабиев, 1978), Фармонбибӣ («Исёни арӯсон»-и С.Аҳмадов, 1982) аз ин ҷумлаанд.
Дар чандин филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм», аз ҷумла дар «Дохунда», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Нисо», «Вохӯри дар дараи марг», «Дарду алами Авғонистон», «Бачагии Насриддин» ва ғайра нақшҳо офаридааст.
Муҳаққиқону мунаққидони театр бештар аз ҳама нақшҳои офаридаи вай дар намоиши «Беватан»-и Султон Сафаров (соли 1970), Бӯстонбибӣ аз намоиши «Ҷон модаракон»-и А. Қаҳҳор (соли 1972), Модаркалон аз асари «Номаро ман навиштаам»-и Файзулло Ансорӣ (соли 1973) ва Фармонбибӣ аз «Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад (соли 1982)-ро беҳтарин чеҳраҳои офаридаи ҳунарманди нотакрор медонанд.
Ҳунарпешаи маъруф Фотима Ғуломова гуфтааст: "Модари ман дар театр Мушаррафа-ойтӣ ҳастанд, ки ба ман нозукиҳои касбро омӯхтаанд. Мушаррафа-ойтӣ ҳамеша беҳтарин маслиҳатгар, дӯст ва устоди ман ҳастанд. Ман хеле хушбахтам, ки аз нақшофариҳои якҷоя дар намоишҳои бешумор ва сафарҳои ҳунарӣ бо ин инсони наҷиб хотироти ғанӣ дорам.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни як аёдаташ ба муносибати садсолагии мавлуди Мушаррафа Қосимова гуфтааст: «Тамоми кормандони театри кишвар шуморо устод ва модари худ медонанд.»
Заҳматҳои Мушаррафа Қосимова бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1974), ордени Шараф (1999), медалҳои «Ба муносибати 100-солагии В. И. Ленин», «Барои меҳнати фидокорона», «Ветерани меҳнат», Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон қадр шудааст.
Мушаррафа Қосимова модари ҳунарманди нотакрор Фаррух Қосимов, бунёдгузори театри "Аҳорун" дар Тоҷикистон аст. Фаррух Қосимов аввалин касе буд, ки театри худро таъсис дод ва бо намоишҳои диданиву касбӣ қалби ҳаводорони театрро сайд кард. Намоишҳои ӯ дар чандин шаҳрҳо ва давлатҳои олам соҳиби ҷоизаҳо шудаанд, ки ин худ мавзуъи гуфтори вижаест.
Дар таҳияи ин матн аз мақолаи Мушаррафа Косимова/Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе,2012, — С. 112—113.— 396 с. ва маводҳо аз Интернет истифода шуд.