Сабоҳат Қосимова: Фаррух ҳунарманди ботиншиносу ботиннигар буданд
Чоп шуд: 13/07/2016“Аввалин ва бузургтарин мусиқии Илоҳӣ, мусиқии кайҳон, садои хомўшист. Мо аз хомўшӣ падид омадаем ва дар хомўшӣ нопадид мешавем. Xомўшӣ садои зодгоҳи руҳонии мост ва мо дар уқёнуси бекарони хомўшие, ки пур аз гавҳари савту наво ва назм аст, ба назми бузурги Мавлонои Балх рӯ меорем. Мо мисли атфол ҳастем, ки дар биёбон уфтода ва бими гум шудан дар ин паҳнои бекаронро дорем ва назми Мавлоноро садо мекунем ва ашъори илоҳӣ ва кайҳонии ў, мисли сафинаест дар уқёнус, ки моро аз маҳв шудан наҷот медиҳад