Дар бораи баъзе меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ
Чоп шуд: 11/07/2016Зимни фаъолияти ҳаррўзаи худ журналист ҳамеша бо меъёрҳои ҳуқуқӣ сари кор мегирад. Дар шароити кунунӣ худи фаъолияти журналист низ ба дараҷаи зарурӣ ба низом дароварда шудааст ё, ба таъбири ҳуқуқшионосон, дар атрофи фаъолияти журналист заминаи қонунӣ ба вуҷуд оварда шудааст.
Дар даврае, ки ВАО зери «роҳбарии ҳизби коммунист» қарор дошт, дар шароити давлати тоталитарӣ 1 қонунгузории махсус дар соҳаи матбуот дар ҳақиқат вуҷуд надошт. Дар мамлакат ба ном «ҳуқуқи телефонӣ» ҳукмфармо буд: ҳама гуна дастуру