Аз эҷоди мардум

Оши палав ва фарҳанги суннатии он

Ин мақола ба контекстҳои фарҳангию иҷтимоӣ,  одобу русуми таоми суннатии халқи  тоҷик-  оши  палав  бахшида  шудааст.  Палав  яке  аз  хўрокҳои  асосии  ҷашну маросимҳо,  маъракаҳо,  маҳфилҳои  дўстонаи  мардуми  тоҷик  ба  шумор  меравад. Инчунин  дар  фарҳанги  суннатии  тоҷикон  як қатор  расму  ойниҳое  мавҷуданд,  ки  ба оши палав рабти бевосита доранд.  Муаллиф илова бар маълумоти мардумшиносӣ,  бо такя  бар  манобеи  забоншиносӣ  роҷеъ  ба  этимологияи  калимаиìошî  андешаҳояшро баён  кардааст.

Оши палав ҳам ҷаҳонӣ шуд

Оши палав расман ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид.
Рӯзҳои  28 – уми ноябр- 2 – уми декабри соли равон дар пойтахти Эфиопия- шаҳри Аддис-Абеба ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ баргузор шуд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 бахшҳои «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» ва «Наврӯз» барои сабт гардидан ба Феҳристи шаклии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ пешниҳод

Заминаҳои пайдоиши анъанаи гулбазм

Суруду тарона дар фарҳанги суннатии мардуми тоҷик мавқеи махсус дошта, ҳама гуна ҷашну маросим ва анъанаҳои халқиро бидуни истифодаи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Мардуми тоҷик аз қадимулайём ба воситаи шеъру сурудхонӣ шодию хурсандӣ намуда, ғаму ғуссаи рўзгорро андаке фаромўш мекарданд. Суруду таронаро ҳангоми иҷрои корҳо тараннум карда, меҳнати худро сабук месохтанд. Суруду таронаҳо ба ҷуз аз шодию нишот бахшидан, инчунин вазифаи дигареро низ иҷро менамоянд. Чунончи, тарона воситаи муҳимест барои муколамаи байни дилдодагон.

Суманак

Суманак - навъе аз хуриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пӯхта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиъат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Ду ҳафта қабл аз чашни Наврӯз мардум дар хонаҳои худ, дар табакхо гандумхоро шуста ва месабзонанд ва рӯзи ид ба идгоҳ меоранд. Он ҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманакпазӣ мекунанд.
Ҷараёни суманакпазӣ як шабонарӯз давом мекунад ва занҳову духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу хандаҳо мекунанд. Зеро боваре ҳаст, ки соли навро...

Наврӯз ва суннатҳои наврӯзӣ

Аввалин рӯзҳои Наврӯз ҳам пушти сар монданд. Чорабиниҳои наврӯзӣ, ки ниҳодҳои давлативу ғайридавлатӣ, корхонаҳо ва муассисаҳо тарҳрезӣ карда буданд, тадриҷан ба поёни худ мерасанд. Вале Наврӯз на он ҷашнвораест, ки ба зудӣ фаромӯш шавад. Он чизе, ки дидему шунидем, хотироти моро то дергоҳ зинда хоҳад дошт.
Дар Наврӯзгоҳи пойтахт ва навоҳии атрофи он дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз суннатҳои зиёди наврӯзӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки онро сокинон ва меҳмонони кишвар бо завқ тамошо карданд.

Ин расмҳо аз ин намоишгоҳ.

Наврӯзи хуҷастапай аз нигоҳи Пешвои миллат

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи Наврӯз ва таҷлили густардаи он нақши муассир дорад. Маҳз дастуру фармонҳо ва талошҳои созандаи ӯ буданд, ки Нврӯз дар Тоҷикистон аз сол ба соли дигар бо шаҳомати хоса таҷлил мешавад. Қобили эътироф аст, ки ҳатто ба ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Эмомалӣ Раҳмон бузург аст.

Дар зер чанд фармудаи Пешвои миллатро дар бораи Наврӯз меорем:

Сурудаҳои мардумӣ: Алла

     АЛЛА, суруди маъмули халқист, ки ҳангоми хобондани кўдак месароянд.
     Алла матни махсус надорад. Онро модарон ҳангоми гаҳвораҷунбонӣ бадоҳатан эҷод мекунанд. Баъзан шеърҳои халқӣ ё китобӣ, ки рўҳи ҳузнангез дошта бошанд, ба сифати алла суруда мешаванд.
     Дар алла руҳия ва эҳсоси модар, орзуву умедҳои ў барои хушбахтии кўдак ифода меёбад. Алла одатан, бо калимаҳои «алла, аллаё, алла» ё «алла гўям, аллаё», ки дар охири ҳар мисраъ такрор мешаванд, оғоз меёбад.

Умратон бодо дароз, эй соқиёни базми Ҷам...

Аз ҷумлаи маҳофили мардумиву миллӣ ин Базм аст. Базм ин маҳфили хурсандист, ҷашни нишоту шодмонӣ, ки бо суруд, мусиқӣ, рақс, базлагӯӣ ва зиёфат доир мегардад. Базм дар ҳама ҷашнҳои ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва маросимҳои суннатии мардумӣ-хатнасур, тӯи арӯсӣ, зодрӯз ва амсоли инҳо барпо мешавад. Асоси базм хушҳолиест, ки бо суруду рақсу бозӣ ҳамнавост.
     Ҳоло ки аз Наврӯз ёд кардем, бидуни шак пеши назари хонанда шукуҳу тантанаҳое зоҳир шуд, ки бо ширкати ҳамагонии мардум сурат мегирад. Яъне, маъмулан дар ин