Суманак

Суманак - навъе аз хуриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пӯхта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиъат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Ду ҳафта қабл аз чашни Наврӯз мардум дар хонаҳои худ, дар табакхо гандумхоро шуста ва месабзонанд ва рӯзи ид ба идгоҳ меоранд. Он ҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманакпазӣ мекунанд.
Ҷараёни суманакпазӣ як шабонарӯз давом мекунад ва занҳову духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу хандаҳо мекунанд. Зеро боваре ҳаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию шодмонӣ пешвоз гирӣ, ҳамон сол пурра бо хуррамию шодӣ зиндагӣ хоҳӣ кард.
Суруди маъруфи занҳои суманакпаз, ки ҳангоми пӯхтани ин ғизои наврӯзи дар Тоҷикистон бо доиранавозӣ ба тариқи дастҷамъӣ хонда мешавад, ин аст:

Суманак дар чуш мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.


Сумалак буйи бахорай,

Сумалак авчу барорай,

Мелаи шабзиндадорай,

Иди Новрӯзи муборак!

 

Суманак дар чуш мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Расмҳои зерин инъикоскунандаи ҷараёни омодасозии суманак - ин суннати дерини мардумист: