Аввалин рӯзҳои Наврӯз ҳам пушти сар монданд. Чорабиниҳои наврӯзӣ, ки ниҳодҳои давлативу ғайридавлатӣ, корхонаҳо ва муассисаҳо тарҳрезӣ карда буданд, тадриҷан ба поёни худ мерасанд. Вале Наврӯз на он ҷашнвораест, ки ба зудӣ фаромӯш шавад. Он чизе, ки дидему шунидем, хотироти моро то дергоҳ зинда хоҳад дошт.
Дар Наврӯзгоҳи пойтахт ва навоҳии атрофи он дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз суннатҳои зиёди наврӯзӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки онро сокинон ва меҳмонони кишвар бо завқ тамошо карданд.
Ин расмҳо аз ин намоишгоҳ.