Заминаҳои пайдоиши анъанаи гулбазм

Суруду тарона дар фарҳанги суннатии мардуми тоҷик мавқеи махсус дошта, ҳама гуна ҷашну маросим ва анъанаҳои халқиро бидуни истифодаи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Мардуми тоҷик аз қадимулайём ба воситаи шеъру сурудхонӣ шодию хурсандӣ намуда, ғаму ғуссаи рўзгорро андаке фаромўш мекарданд. Суруду таронаро ҳангоми иҷрои корҳо тараннум карда, меҳнати худро сабук месохтанд. Суруду таронаҳо ба ҷуз аз шодию нишот бахшидан, инчунин вазифаи дигареро низ иҷро менамоянд. Чунончи, тарона воситаи муҳимест барои муколамаи байни дилдодагон. Аз ин ҷост, ки як бахши калони эҷодиёти шифоҳиро рубоиву дубайтӣ ва байту таронаҳои лирикии баландмазмун ишғол кардаанд.

Солҳои охир анъанаи нави шеърхониеро бо номи гулбазм, ки ба шакли мусобиқа, дар ҷашни арўсии тоҷикон баргузор мегардад, мушоҳида намудем. Албатта, ҳар як анъанае, ки мардум қабул менамоянд, сабабу мақсад ва заминаҳои муайяни ба вуҷуд омаданро дорад. Зеро халқ танҳо анъанаҳоеро қабул менамояд, ки ба суннат ва фарҳангаш хос бошад. Маҳфили гулбазм, ки дар як муддати хеле кўтоҳ миёни мардум анъана гардид, бояд заминаҳои таърихии худро дошта бошад. Бинобар ин, хостем дар бораи заминаҳои бавуҷудоии ин анъанаи ҷолиб  андешаҳои хешро иброз намоем.

Гарчанде оид ба пайдоиши маҳфили гулбазм маълумоти дақиқеро пайдо накарда бошем, аз рўи мушоҳидаҳои шахсӣ ва ишораҳои ҷузъии донишмандон метавон гуфт, ки «гулбазм» дар дохили ҷашни арўсии тоҷикон аз солҳои 90-уми асри гузашта инҷониб иртибот ёфта, арзи ҳастӣ кардааст. Ҳангоми ковишҳои фолклорӣ ду нусха маҷмўаи хурдеро бо номи «Гулбазм» дастрас намудаем, ки яке соли 2003 аз ҷониби шоири тоҷик Сафар Айюбзодаи Маҳзун интишор гардида, ағлаб шеърҳо дар васфи домоду арўс ва якчанд рўбоиву дубайтии гулбазмиро гирифтааст, аммо муаллиф дар бораи пайдоиши ин анъана чизе нагуфтааст.

Дуюмин маҷмўаи «Гулбазм» соли 2006 аз ҷониби Т. Салоҳов ва О. Сафаров тартиб дода шудааст, ки дар он аксаран шеъру таронаҳои халқии аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар гирд оварда шомил гардидаанд. Мураттибон дар пешгуфтори ин маҷмўа доир ба пайдоиши гулбазм чунин навиштаанд: «Гулбазм ё базми гул яке аз суннатҳои қадимаи мардуми оринажод аст. Базм маҳфилест, ки бо суруду рақс ба шарафи ҷашн, тўй, идҳо бо як хушнудию хурсандӣ баргузор мегардад». Агарчанде, онҳо баргузории гулбазмро суннати қадимаи ниёгонамон шуморида бошанд, аммо дар тақвияти фикри худ далеле наовардаанд.

Доир ба маҳфили гулбазм то имрўз дар фолклоршиносии тоҷик тадқиқоти махсусе сурат нагирифтааст. Дар хусуси тарзи баргузории гулбазм ва баъзе хусусиятҳои фарҳангии он дар конфронси бахшида ба 10-солагии Ваҳдати миллӣ (соли 2007) аз ҷониби муаллифи ин сатрҳо маърўзае ироа шуда буд, ки баъдтар фишўрдаи он дар маҷмўаи маводи конфронси мазкур чоп гардид. Баъдтар муҳаққиқи фолклоршинос Ҷумъаев Рустам дар рисолаи илмиаш - «Этнопоэтикаи ҷашни арўсии тоҷикони водии Ҳисор» дар бораи «гулбазм» ба таври хеле кўтоҳ таваққуф намуд. Ҷумъаев Р. дар тадқиқоти худ лаҳзаеро аз ҷараёни маросими гулбазм дар ҷашни арўсие, ки 27-уми августи соли 1994 дар деҳаи Ҳакимии ноҳияи Шаҳринав барпо гардидааст, мисол оварда, онро ба шаш бахши илмӣ ҷудо ва андешаҳои худро доир ба ҳар як бахши он мухтасар баён намудааст. Дар хусуси кай ва дар куҷо пайдо шудани «гулбазм» ў низ маълумоти мушаххас пайдо накарда, тахминан онро ба замонҳои пештар нисбат дода чунин гуфтааст: «Шояд ин шакли нави бозии «байтбарак» ва «мушоира»-и тоҷикӣ бошад».

Вале агар ба шакл ва ҷараёни баргузории гулбазм ба тариқи муқоиса назар афканем, тафовутҳои зеринро миёни мусобиқаи «байтбарак» ва «гулбазм»  пайдо менамоем:

 

1. Гулбазм маҳфилест, ки баргузории он, асосан, дар дохили ҷашни арўсӣ сурат мегирад;
2. Гулбазм низ дар шакли мусобиқа гузаронида мешавад, вале ин мусобиқа байни ҷавонписарон ва ҷавондухтарон аст ва иштирокчиёни аслии он ашхоси аз 16 то 25 сола мебошанд;

3. Агар дар байтбарак бештар аз ашъори шоирони адабиёти классикӣ истифода баранд, дар гулбазм баръакс, аксаран, таронаҳои фолклорӣ мавриди истифода қарор мегиранд;
4. Дар гулбазм гулеро ҳамчун рамз барои интихоби иштирокчӣ, истифода мебаранд. Яъне нафаре, ки гулро мегирад маҷбур аст, ки ба майдон баромада, таронае дар васфи гул ё ишқ бихонад;
5. Бо ҳарфи охири мисраи тамомкардаи нафари қаблӣ шеър гуфтан дар гулбазм аҳамият надорад, ин ҷо муҳимаш мазмунан ҷавоби қонеъкунанда гуфтан аст.

Андешаҳои Р. Ҷумъаевро дар хусуси он, ки гулбазм шояд таърихи қадима дошта бошад, мо низ ҷонибдорем, зеро ҷустуҷўҳо ва ковишҳои фолклорӣ нишон медиҳанд, ки дар замонҳои пеш низ, дар маҳфилҳои ҷашни арўсӣ баъзан мусобиқаҳои шеърхонӣ ва ё мусобиқаи рақс барпо менамудаанд. Вале он мусобиқаҳо оммавӣ набуда, танҳо дар доираи занон сурат мегирифтааст.

Фолклоршинос М. Шарифова дар рисолаи номзадиаш дар бораи маҳфили «Духтархона», ки як рўз пеш аз тўйи калон дар ноҳияи Мастчоҳ, дар хонаи арўс сурат мегирифтааст ва дар он чанд нафар занону духтарон аз ҷониби домод низ таклиф мешудаанд, маълумоти пурра дода, аз ҷумла чунин овардааст:

«…Дар баъзе деҳаҳо ин базм шабона мегузарад. Масалан, дар деҳаҳои Оббурдон, Рунҷ, Дашт, Имбеф духтархона дар шаб мешавад. Ҳамаи занону духтарон шабона ҷамъ омада, то субҳ нишоту хурсандӣ менамоянд. Дар ин базм занону духтарони тарафи домод низ иштирок мекунанд. Ва бо худ «халтаи домод»-ро меоранд. Домод барои арўсу дугонаҳояш дар халта мағзу мавиз, қандҳои гуногун ва атру собун мефиристад. «Халтаи домод»-ро яке аз дугонаҳои наздики арўс кушода, ба ҳама занону духтарон тўҳфа медиҳад. Дар ин шаб байни тарафи домод ва дугонаҳою хешони арўс мусобиқа мешавад, ки кадом тараф дар рақсидану байтхонӣ дастболо аст. Базмро бо чунин мисраҳо яке аз «дугонаҳои арўс» оғоз мекунад:

Косаи чинӣ майолуд,
Хешони шаҳ хоболуд.

Духтар ё зане, ки ин байтро мегўяд, худаш рақсида ё суруде мехонад ва базмро метасфонад. Аз ҷониби домод низ зан ё духтаре навбат гирифта, ба хешони арўс муроҷиат карда:

Косаи чинӣ майолуд,
Хешони арўс хоболуд.

Ва худ низ тарона ё байте мехонад. Ҳамин тавр ҳар як зану духтар ҳам аз ҷониби арўс ва ҳам аз ҷониби домод бо навбат рақс карда суруд мехонанд».

Аз иқтибоси мазкур бармеояд, ки ин маҳфили ҷолиб ба гулбазм хеле шабоҳат дорад. Зеро мо низ ҳангоми ковишҳои фолклорӣ таронаҳоеро сабт намудаем, ки шаклан ба мисраҳои боло шабоҳат доранд ва дар ин ҷо овардани яке аз онҳоро айни муддао медонем:

Гулут гули майолуд,
Эй бачаи хоболуд.
Ошро хўрдӣ сер кардӣ,
Ба мулоқот дер кардӣ.

Мутаасифона, Шарифова М. дар хусуси кадом солҳо барпо гардидани ин маҳфил маълумот надодааст. Ў ҳатто аз он таронаҳое, ки занону духтарон мехондаанд, намунае наовардааст. Аз сабаби он ки ба иштирокчиёни асосии ин шабнишинӣ, ў занону духтаронро ишора кардааст, мо тахмин намудем, ки он шояд намунаи давраи пеш аз истиқлолият бошад.

Ф. Зеҳниева дар бахши арўсбаророн чунин ибрози андеша менамояд: «Ҳангоми арўсбаророн суханбозӣ, саволу ҷавоб ва талабу ризомандии тарафайн авҷ мегирад. Дар маҳалҳои ҷануби республика дар ин маврид шаҳмардон суруд мехонанд. Манзараи шеърхонии занони деҳоти тоҷикнишини райони Фориш низ шоёни диққат аст. Дар ин шеърхонӣ иштироки фаъолонаи ҳам хешовандони тарафи арўс ва ҳам тарафи домод мушоҳида мегардад».

Чуноне ки мебинем, Ф. Зеҳниева низ иштирокчиёни асосии чунин мусобиқаро танҳо занон донистааст, аммо ба ҳар сурат ин намунаҳо бар он далолат менамоянд, ки «гулбазм» низ шаклан ба он монандӣ дорад ва ин исбот менамояд, ки аз ҳамон давраҳо сарчашме гирифтааст. Зеро аз ҳама чизе, ки монандии гулбазмро ба мусобиқаҳои пешина далолат мекунад, нишондоди дигари Ф. Зеҳниева мебошад. Ў дар ҷои дигари ҳамин бахш чунин овардааст: «Дар сурудхонӣ зану мард баробар иштирок менамоянд, ба ибораи худи онҳо гўем, байтгўӣ мекунанд. Онҳо соҳиби қобилияти эҷодию ҳофизаи баланде буда, ба ҳар як лаҳзаи нави тўй байти мувофиқе эҷод мекунанд. Баъзан ба тариқи саволу ҷавоб қудоҳо тараф ба тараф байтхонӣ мекунанд. Ин тарзи сурудхонӣ дар маҳалҳои ҷанубии Тоҷикистон низ мавқеи махсусро ишғол менамояд».

Аз гуфтаҳои Ф. Зеҳниева ба хулосае метавон расид, ки ҳамин шакли мусобиқаи солҳои пешин ба гулбазми кунунӣ аз рўи се хусусият: мусобиқаи тарафайн, ҳозирҷавобӣ ва эҷод намудан дар саҳна ба пуррагӣ шабоҳат дорад. Ба ғайр аз ин, таи солҳои охир банда ба ҷамъоварӣ ва тадқиқи анъанаи «гулбазм» машғул шуда, маводи фаровонеро аз шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ гирдоварӣ намудаам. Ҳангоми суҳбат доир ба ҷашни арўсӣ кўҳансолони ин ва ё он маҳал изҳор намуданд, ки пештар дар шабнишиниҳои духтарон мусобиқаҳои шеърхонию рақсидан баргузор мегардид, ки дар он танҳо занону духтарон иштирок мекарданд. «Дар таги чодар занаку духтарои тарафи арўс қати 1 тарафи шаҳ мусобиқа мекардан. Як кас дойразан мешиду дигаро ба навбат рақсу шеърхонӣ мекардан. Ба ёдум ҳастай, ки дар туйи худум як занак аз тарафи шаҳ ҳами байда 2 хондагӣ буд:

Чалам масалӣ , пуштаки чалам масалӣ,

Янгаҳой арус шиштиян ранги касалӣ».

Набиева М. д. Бобои Валӣ. н. Файзобод. с. т. 1950].

1. Қати – ҳамроҳи.
2. Байда – байтро.
3. Масалӣ – ба маънои гулдор ва зебо.
4. Янгаҳой – бонуҳои тарафи арўс дар назар дошта мешавад.
5. Шиштиян – нишастаанд.

Аз нақли гўянда бармеояд, ки тарзу усул ва қофиябозии он ба гулбазми кунунӣ хеле монандӣ дорад. Дар ин бобат низ мисоле дорем, ки ҳангоми экспедитсияи фолклорӣ аз деҳаи Ғалабаи ноҳияи Фархор сабт намудаем:

Дар пуштаки тўйхона кони намакай,
Касе, ки гула намегира, феълуш занакай .

Агар дар мисраҳои байти аввал ба рақсу бозӣ набаромадани кадбонуҳои тарафи арўс зери маломат қарор гирифта бошад, мисраҳои байти сонӣ баёнгари зери тозиёнаи танқид кашида шудани писарон аз ҷониби духтарон, яъне дар гулбазм иштирок накардани онҳо нишон дода шудааст, ки мазмунан ҳар ду байт як амалро ифода менамоянд.

Чи тавре ки мушоҳида мегардад, маҳз ҳамин лаҳзаи ҷашни арўсии солҳои пешин ба гулбазми кунунӣ хеле монандӣ дорад. Вале маҳз «гулбазм» ном бурдани ин мусобиқаро дар солҳои пешин касе ба мо иттилоъ надодааст.

Агарчанде бо номи «гулбазм» аз маъхазҳои пешина чизеро дарёфт накарда бошем ҳам, аз мисолҳои овардашуда ба хулоса омадан мумкин аст, ки гулбазм маҳфили нав набуда, як навъ давоми мусобиқаҳои мазкур мебошад, ки бо тақозои замона ва муҳит дар шакли нав, акнун мусобиқа байни танҳо занон нею, байни писарону духтарон ба вуҷуд омадааст.

Муаллиф А.Аминов

Адабиёт:

1. Аминов, А. Гулбазм ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-фарҳангии солҳои 90-уми
асри гузашта // Маҷмўаи гузоришҳои конференсияи илмии «Ваҳдати миллӣ ва
инъикоси он дар фолклори тоҷик». -Душанбе: Деваштич, 2007.
2. Амонов, Р. Лирикаи халки тоҷик.- Душанбе: Дониш,1968.
3. Аюбзода, С. Гулбазм.- Душанбе: Ирфон, 2003.
4. Зеҳниева, Ф. Сурудҳои маросими тўи тоҷикон.- Душанбе: Дониш, 1978.
5. Зеҳниева, Ф. Маросимҳои тўи арўсии тоҷикон.- Душанбе, 1991.
6. Кисляков, Н.А. Семья и брак у таджиков, по материалам конца XIX-начала
XX века.- М.: Изд-во АН СССР, 1959.
7. Раҳимов, Д. Фолклори тоҷик.- Душанбе: Эҷод, 2009.
8. Ҷумъаев, Р. Этнопоэтикаи ҷашни арўсии тоҷикони водии Ҳисор.- Душан-
бе, 2008,
9. Шарифова, М. Маросимҳои тўи арўсии мардуми ноҳияи Мастчоҳ.- Ду-
шанбе, 2005.

Баргирифта аз Паёмномаи фарҳанг”,  2014, № 1 (25)