Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи Наврӯз ва таҷлили густардаи он нақши муассир дорад. Маҳз дастуру фармонҳо ва талошҳои созандаи ӯ буданд, ки Нврӯз дар Тоҷикистон аз сол ба соли дигар бо шаҳомати хоса таҷлил мешавад. Қобили эътироф аст, ки ҳатто ба ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Эмомалӣ Раҳмон бузург аст.
Дар зер чанд фармудаи Пешвои миллатро дар бораи Наврӯз меорем:
Мо ифтихор мекунем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни бузурги аҷдодиамон - Наврӯз умри дубора касб карда, имрӯз дар саросари мамлакат ва берун аз он бо шукӯҳу шаҳомати бесобиқа таҷлил мегардад.
**** **** **** ****
Тӯли ин солҳо дар баробари эҳё намудани анъанаву суннатҳои наврӯзӣ мардуми заҳматпешаву созандаи мо тибқи анъанаи нек миллионҳо ниҳолу гул мешинонанд, боғу токзор бунёд мекунанд, бинову иншооти иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ сохта, ба истифода медиҳанд, ки ҳисоби онҳо то ба имрӯз ба ҳазорҳо мерасад.
**** **** **** ****
Яке аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону аёдати калонсолон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон мебошад. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонмардони саховатманд ин анъанаи неки ниёгонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату муҳтоҷон пайваста дасти мадад дароз мекунанд.
**** **** **** ****
Дар тӯли қарнҳо фалсафа ва фарҳанги наврӯзӣ, ки таҳаммулгароӣ ва дигар арзишҳои волои инсониро дар худ ғунҷонидааст, ташаккул ёфта, пос доштани чаҳор нахустунсури зиндагии башар – обу замин ва оташу бодро дар мадди аввал қарор дод. Барои расидан ба ин ҳадафҳои волои инсонӣ гузаштагони мо таълимоти созандаи ахлоқӣ ва маънавиеро ба вуҷуд оварданд, ки он ҷавобгӯи тақозоҳои ҳама давру замонҳо буда, ҷавҳари он дар қолаби мафҳуми «паймону ростӣ» зуҳур кардааст.
**** **** **** ****
Мутобиқи устураи бостонии мардумони ҳавзаи фарҳангии Наврӯз дар рӯзи шашуми ҷашн, ки дар солшумории хуршедӣ Хурдодрӯз ном дорад, «Наврӯзи бузург» таҷлил мегардад. Мегӯянд, ки дар ҳамин рӯзҳо асоси андешаи бузургии инсон гузошта шудааст.
Ҳамин андешаи арҷгузорӣ ба мақоми инсон буд, ки аввалин маротиба дар ҷаҳон ҳуқуқи башар дар ҳавзаи фарҳангии Наврӯз аз тарафи Куруши Кабир ба ҳукми қонун даромад.
Ӯ аз ҷумлаи нахустин сиёсатмадороне буд, ки суннати таҳаммулгароиро ба фарҳанги сиёсии аҳли башар ворид карда, ба намояндагони ҳама гуна халқҳо имконоти баробари мавҷудият ва инкишофро фароҳам оварда буд.
**** **** **** ****
Шаҳсутуни дигари ҷомеа дар фалсафаи Наврӯз озодагӣ мебошад. Он баёнгари покии тан ва рӯҳи озодагӣ ва наҷобати пиндор, гуфтор ва кирдори афроди ҷомеа, покиву назофати ҳаво, замин, об ва муҳити зист, сиҳати инсон, парвариши рӯҳи солим аз меъёрҳои ҳастии инсонист.
Ҳатмӣ медонанд, ки дар вуруди ин хуҷастаҷашн инсонҳо қалбҳои худро аз ҳама гуна душманӣ, кудурат, бухлу ҳасад ва пиндору андешаҳои номатлуб пок намоянд ва қалбҳоро маъвои меҳру муҳаббат ва ваҳдату ҳамбастагӣ созанд. Амре, ки барои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз чун обу ҳаво ҳаётист.
**** **** **** ****
Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.
**** **** **** ****
Мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз ҳам имрӯз дар шароити ҷаҳонишавии проблемаҳои башарӣ тамоми мардуми сайёраро ба анҷоми амалҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад. Аз ҳамин ҷост, ки фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ - пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек таҷассум ёфтааст.
**** **** **** ****
Тавре аз сиришту таърихи ин ҷашн бармеояд, Наврӯз борҳо бо ҳодисаву монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дучор гардида, бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисози худ ҳамчун ойини покиву зебоипарастӣ ва ҷашни хоси табиат побарҷо мондааст.
Ин ҷашни бостонӣ дар замони давлатдории хонадони Сомониён бо тамоми русуму суннатҳои худ дубора эҳё гардидааст, ки шаҳодати эътирофу гиромӣ доштани он дар осори аҳли адаби ин давра, бахусус дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ тараннум ёфтааст.
Дар давраҳои баъдина низ суннатҳои наврӯзӣ ривоҷу густариш пайдо карда, бо сиришти поки худ то замони мо боқӣ мондааст.
**** **** **** ****
Бузургдошти Наврӯз – умуман бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст.
Ҷаҳонишавии Наврӯз воқеияти таърихии ба асолати худ баргаштану эътироф шудани ин суннати аҷдодиро барқарор намуд.
Наврӯз ҳамчун қадимтарин ва зеботарин ҷашни мардумӣ дар домони табиати зебои куҳандиёри мо зуҳур кардааст.
Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди мо пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд.
**** **** **** ****
Дар ин рӯз табиат ва инсон нерӯи тоза пайдо карда, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон некиву накӯкорӣ ва амалҳои хайру савобро тарғиб месозанд, ки ҳамаи онҳо аз рисолати фарҳанги оламшумули сулҳофар ва ваҳдатгарои халқи мо шаҳодат медиҳанд.
Фазилати дигари таҷлили Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузурги мардум мебошад.
**** **** **** ****
Фарҳанги Наврӯз имрӯз низ ба мо кӯмак хоҳад кард, зеро Наврӯз ҷашни инсони некманиш ва таҳаммулгаро буда, бо фарорасии он одамон кинаву адоватро аз дилҳо дур меандозанд, ба покиву садоқати ботинӣ рӯ меоранд, ба беҳдошти фардӣ, хонаводагӣ ва ҷомеа мепардозанд.
**** **** **** ****
Дар аҳди Сосониён мардум субҳи Наврӯз ба канори наҳрҳо рафта, ба ҳамдигар чун пайғоми покиву садоқат об мепошиданд ва ширинӣ медоданд, ки ин анъанаи нек дар ҳавзаи тамаддунии Наврӯз, минҷумла Тоҷикистон, имрӯз низ идома дорад.
Дар чаҳорчӯбаи ин афкору ойинҳо асли ахлоқии «Ашо» ё худ ростӣ зуҳур кард, ки асоси фикр, сухан ва амали инсонро дар бар мегирад.
**** **** **** ****
Наврӯз метавонад ва бояд ба ҳайси маҷмӯи таълимоти нави сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, чун барномаи дӯстиву баҳамоии мардумони ҷаҳон барои ҳалли масоили мубрам ва доғи сайёраи мо истифода шавад. Наврӯз метавонад ва бояд ба ҳайси маҷмӯи таълимоти нави сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, чун барномаи дӯстиву баҳамоии мардумони ҷаҳон барои ҳалли масоили мубрам ва доғи сайёраи мо истифода шавад.
Наврӯз ҷашни халқу миллатҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик буда, дар аслу ҷавҳари худ падидаи фаромиллиест, ки аз ягонагии инсон ва табиату кайҳон, инчунин ваҳдати инсоният дарак медиҳад.
**** **** **** ****
Бо дарки ин асл гузаштагони мову шумо заминаҳои ҷаҳонишавии ин ҷашни бузургро ҳанӯз дар асри панҷи пеш аз милод гузошта буданд.
Тавре ки аз ёдгориҳои Тахти Ҷамшед маълум мегардад, Наврӯз дар қаламрави 23 кишвари онрӯзаи ҷаҳон ҷашн гирифта мешудааст, ки ҳудуди бузургеро аз кӯҳҳои Ҳиндукуш то Мисру Юнон ва аз Русияву Қафқоз то Ҳиндустони кунунӣ дар бар мегирифт.
**** **** **** ****
Сабаби пазириши ин ҷашн аз тарафи қавму қабила ва халқҳои Авруосиё дар он будааст, ки Наврӯз дар гузашта ва ҳам дар замони муосир ҷашни бедории табиат, баробарии шабу рӯз, равобити дӯстона ва ҳамзистии мусолиматомези қавму миллатҳои гуногуни ин қаламрави паҳновару мутамаддинро таҷассум месохт.
**** **** **** ****
Наврӯз тайи тақрибан 6000 соли таърихи пуршебу фарози хеш мазмуни васеъ ва амиқи иҷтимоӣ ва амалӣ касб намудааст.
Дар раванди таърих Наврӯз нахуст қадимтарин ва дақиқтарин ҷашни соли нав ё ба таъбири алломаи бузург Абӯрайҳони Берунӣ "пешонии соли нав" аст. Маҳз таъйини соли нав, ки мабдаи дақиқи кайҳонӣ дошт, таърихро чун сарнавишти инсон дар дарозои замон маънии воқеӣ бахшид.
**** **** **** ****
Наврӯз аз сароғоз шаҳсутунҳои ҳастии иҷтимоӣ ва тамаддунии инсонро мушаххас ва муайян намуд.
**** **** **** ****
Наврӯз амали созанда ва халлоқро чун нахустунсури фаъолияти инсон муаррифӣ кард, ки баёнгари возеҳтарини он барзгарӣ ва кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ фаъолияти иқтисодӣ ва созандаи иҷтимоист. Маҳз ҳамин амал имкон медиҳад, ки ҷомеа ба пешрафт ва рушди матлуб ноил гардад.