Ноҳияи Дӯстӣ соҳиби бинои нави Маркази ҷавонон шуд
Чоп шуд: 19/08/2017Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон дар вазъи мутантан бинои нави Маркази ҷавононро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни бинои хуштарҳу замонавии Маркази ҷавонон насли хуштолеи замони истиқлол, ҷавонони ноҳия бо самимият ва муҳаббати хоса истиқбол намуданд.