Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал...
Чоп шуд: 18/08/2017Ҳазору сиву ҳафт сол пеш дар ин рӯз нобиғаи Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино ба дунё омада буд.
Ибни Синоро дар Ғарб Авитсенна меномад ва ӯ бузургтарин пизишк, табиатшинос, файласуфи асрҳои миёна буд. Вай тавонист донишҳо дар бораи анатомия ва тиббро, ки инсоният дар тӯли таърих ба даст овардааст, ба ҳам орад.