Ҳунарҳои мардумӣ: ШОНАСОЗӢ
Чоп шуд: 30/07/2018Кори шонасозӣ аз интихоби чӯб оғоз меёбад. Чўби аз ҳама мувофиқ барои шонатарошӣ чўби дарахти чормағз мебошад. Баъзан аз чўбҳои зардолу, нок ва тут низ шона месозанд. Чўби чормағзро бурида, тахтача месозанд ва онро дар офтобрўя мехушконанд. Тахтачаи хушкидаро бо тешаи калон хомтарош карда, сипас бо тешаи хурд пухтатарош менамоянд. Бо арраи махсус-сарбур ду тарафи тахтачаро баробар бурида, бо сўҳон теғаҳои ҷойи дандонаҳоро соида ҳамвор месозанд. Ба мавзеи дандонаҳои тахтача равғани рустанӣ молида, 2-3 соат