Фарҳанги САЛОМ
Чоп шуд: 27/07/2018Салом, амну амонӣ, сулҳ, оштӣ, таҳният, осудахотирӣ ва дуруд ба якдигар фиристодани одамон. Салом калимаи арабӣ буда, як навъ дуо аст, ки одамон барои ҳамдигар мегўянд: дуруд расониданд ба якдигар, яъне саломату бегазанду тандурусту хайр, офият гуфтан аст. Салом яке аз муҳимтарин ва маъмултарин одоби муоширати тоҷикон аст. Ду нафар ё гурўҳи одамон, ки бо ҳамдигар рўбарў мешаванд, пеш аз ҳама бо калимаи “салом” бо ҳам дигар муроҷиат менамоянд. Касе, ки “Асалому алайкум”яъне сулҳу амонӣ бар шумо