Шумораи навбатии маҷаллаи илмию таҳлилии ПИТФИ - “Паёмномаи фарҳанг”
Чоп шуд: 17/01/2020Шумораи навбатии маҷаллаи илмию таҳлилии Пажўҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот - “Паёмномаи фарҳанг” (2019.–№3) аз чоп баромад.
Ин шумораи маҷалла шомили бахшҳои Фарҳангшиносӣ, Мероси фарҳангӣ, Фаъолияти иҷтимоиву фарҳангӣ, Санъатшиносӣ, ВАО ва табъу нашр ва Навидҳои фарҳангӣ буда, мақолаҳои муҳаққиқон Р. Амиров, Д. Раҳимӣ, А. Зубайдӣ, М. Муродӣ ва дигаронро доир ба масъалаҳои мубрами фарҳанг, санъат ва публитсистика фаро гирифтааст.