Мадрасаи духтарона

Мадрасаи нав (Мадрасаи духтарона) ёдгории меъмории асри ХIV буда, тақрибан 6 км дуртар аз шаҳри Ҳисор, дар самти ҷанубии Қалъаи Ҳисор  ҷамоати деҳоти Қалъаи Ҳисор, деҳаи Ҳисор ҷойгир аст.

Тибқи маълумотҳои таърихшиносон Мадрасаи нав пас аз 50 соли мадрасаи кӯҳна бунёд шуд. Яъне дар нимаи дуюми асри XVII аз ҷониби зани савдогаре аз Қуқанд (аз қабилаи кенгас), бо номи Ойиша бо тахаллуси Хонуми Сабз маҳбубият дошт, сохта шудааст. Зимни ривоятҳо маълум гардид, ки бозаргони қуқандӣ ҳангоми тиҷорат ва боздид аз шаҳри Ҳисори бостонӣ ба обу ҳавои ин мавзеъ мафтун мешавад ва пули пасандози хешро барои сохтани мадрасаи нав (хайрия) медиҳад. 

Қариб  дар ин ҷо 8 нафар мударрисон буданд. Аввалин мударрисони Мадрасаи нав Домулло Бердиқули лақаи Лоҳурӣ ва Муфтӣ Зиёвиддин, Қорӣ барои хондани китоби Қуръон, аз фанҳои физика ва математика, ҳадис, фиқҳ низ буданд. Марқади устоди мадраса Домулло Бердиқул дар рӯ ба рӯи ин мадраса қарор дорад. Бештар шогирдонашон аз сабаби фарзанддор набуданашон ҳақи устодиашро эҳтиром намуда ба зиёраташ меомаданд. Домулло Бердиқул дар ошёнаи дуввум ва бештар ба тадрис машғул буд ва ба шогирдон дарс мегуфт. Инчунин шогирди дигараш Домулло Шарифи ҳисорӣ яке аз шогирдони беҳтаринаш дарс мегуфтанд. 

Бостоншинос Фатҳуллои Азиз ва Султонмуроди Одина соли 1920 ҳангоми фирорӣ будани Домулло Абдураҳим Амир Олимхон дар рӯ ба рӯи Қалъаи Ҳисор, дар кӯчаи марказӣ ба қатл расонид. Хангоми ҳукумроиаш бисёр корҳои зиштро анҷом медиҳад ва инчунин ҳангоми таҷовуз ба духтарчаи 13 сола бо номи Ёрабӣ духтари Шоҳимардони Дурбатӣ (ба қавли дигар Тӯдаӣ) буд, ки сипас аз тарси ошӯби халқ Ҳисорро абадан тарк намудааст.

Дар ин мадраса аслан таҳсил 10 сола  буд.  Асосан дар ин мадрасаҳо фарзандони бойҳо таҳсил менамуданд. Ҳар сол маблағи мударрисро додан лозим буд. Барои хоб рафтану хурдан маблағ аз ҷониби волидайн ҷудо мегардид. Солҳои пеш физика, математика, геометрия, астраномия аз фанҳои якумдараҷа меистод. Чунки агар ин фанҳоро намедонистанд, меъмори бақувват намебаромаданд. Барои ҳамон меъморони он давр бениҳоят дар сатҳи олӣ иморатҳоро месохтанд.

Мадрасаи нав дуошёна буда, боно шакли яклухти анъанавии хоси меъморони ҳамонзамона сохтаанд. Бинои асосӣ бо хишти гаҷкоримонанд сохта шудааст. Ороиши даромадгоҳ аз ду тараф якхела набуда, қисмати чапи девор яклухт ва қисмати рости он тоқ-тоқ мебошад, ки ҳар якеаш даричае дорад. Барои баромадан  ба дуюм ошёна ва болои бом аз ду тараф зинапоя гузошта шудааст.  Айни замон болои боми мадрасаро бо тунука барои пешгирӣ аз борону барф ва вайрон нагардидани деворҳояш пушонидаанд. Дар тарафи чап толори якум барои хондани намоз (масҷид) ва тарафи рост 2 дарсхона ҷойгир карда шудааст. Аз мушоҳидаҳо бар меояд, ки ҷониби рости мадрасаро ҳуҷраҳо иҳота кардааст. Дар ошёнаи якум ҳуҷраҳои муқаррарии рӯ ба ҷониби ҳавлӣ ва дар ошёнаи дуюм айвонҳои кушоду дигар ҳуҷраҳо ҷой гирифтаанд. 21-адад ҳуҷра дар ошёнаи якум, 7 адади дигар бо як масҷид ва як синфхона дар ошёнаи дуюм ҷойгир шудааст. Бештар дар дуюм ошёна хобгоҳ барои духтарон буд. Дар баъзе сарчашмаҳо омадааст, ки мударрисон хоб мерафтанд. Лекин онҷо барои духтарон буд. Солҳои 70-80 ум як қисми мадраса вайрон гардида буд. Ҳангоми таҳқиқотҳои бостоншиносон асосҳо, яъне фундаментҳояшро аз сарчашмаҳо хонда ёфтанд ва аз сари нав сохтанд. Асосан фундаменти мадраса 40 сантиметр аст. Мобайни фундаменту девор асосан қамиш хобонда шудааст. Барои (гидролеализатсия) намиро ба девор нагузаронидан ва ҳангоми заминҷунбӣ қамиш деворро меқапад. Баъди солҳои 80-ум барқароркунӣ оғоз гардид. Қисмати рост аз берун набуд ва аз чап болояш набуд. Дуюм ошёна қисман вайрон гардида буд аз нав тармим гардид. Қисати дарун аз пеш чиллахонааш низ тармим карда шудааст. Қисмати якуме, ки аз тарафи ғарб буд ҳамааш аз нав тармим гардид. Дар маркази ҳавлии мадраса ҷоҳ барои баромада рафтани об сохта шуда буд. Ҳангоми борону барф боридан об ҷамъ намешуду аз ҳаминҷо баромада меравад. Чуқурии чоҳаш мисли Мадрасаи куҳна 4 метр мебошад. То санг баромадан аз замин ҷоҳи мазкур кофта шудааст. Баъди қарор гирифтани борон, то 45 дақиқа ё 1 соат об баромада меравад. Агар чуқурӣ хок бошад об баромада намеравад. Дар боронҳои пайдарпаи якҳафта меборидагӣ низ як соатда оби ҷамъшуда баромада меравад. Дар мадрасаи мазкур қисмате аз кинофилми Шамсиддин Шоҳин низ гирифта шудааст.

Каримова Гулзира

барчасп: