Муъминобод ганҷинаи нодири фарҳанги миллӣ

Тоҷикистон кишвари дорои таърихи куҳан, мероси ғании фарҳангӣ ва табиати нотакрор аст. Дар тамоми манотиқи кишвар метавон осори гуногуни моддӣ ва ғайримоддии фарҳангиро пайдо кард, ки аз замонҳои гузашта то имрӯз боқӣ мондаанд. Яке аз чунин гӯшаҳои бостонӣ ва пурганҷ ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон мебошад. Бо мақсади омӯзиши амиқи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои муқаддаси Муъминобод, гурӯҳи кории Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот сафари хидматӣ анҷом дод. Ин сафар дар доираи лоиҳаи илмии солҳои 2021–2025 таҳти унвони “Таҳқиқи мероси фарҳанги ғайримоддии марбут ба ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва мавзеъҳои муқаддаси Тоҷикистон” баргузор гардид. Гурӯҳи илмӣ дар ҳайати чор нафар – Сафарқулова Г. (роҳбари гурӯҳ), Хоҷамов Ф., Ҳалимова Б. ва Насрудинова Ф. – дар асоси фармоиши расмӣ аз 30 июн то 9 июли соли 2025 ба ноҳияи Муъминобод сафари хидматӣ анҷом доданд. Ҳайати пажӯҳишгоҳро дар ноҳия муовини раиси ноҳия қабул намуда, ба онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам овард. Дар ҳамкорӣ бо масъулони бахши фарҳанг ва рушди иҷтимоӣ гурӯҳи корӣ таҳқиқоти саҳроиро оғоз намуданд.

Бар асоси феҳристи расмии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии ноҳия, дар Муъминобод 58 ёдгорӣ таърихи табии ва мавзеъҳои муқаддас ба қайд гирифта шудааст. Ин ёдгориҳо дорои аҳамияти таърихӣ ва фарҳангӣ, дар ташаккули ҳувияти фарҳангии сокинони минтақа нақши муҳиме доранд. Аз ҷумла, гурӯҳи корӣ маконҳои зеринро мавриди таҳқиқ қарор доданд: Оромгоҳи Хоҷа Алмос (деҳаи Сармайдон), Оромгоҳи Хоҷа Иброҳимҷон (деҳаи Деҳибаланд), Оромгоҳи Хоҷаи Нур (деҳаи Хоҷаи Нур), Мақбараи Сайид Ҷалолиддини Гулдаста, Мақбараи Султон Санҷари Мозӣ, Қалъаи Муъминобод, масҷиди Домулло Барот ва дигар мавзеъҳоро. Дар баробари ёдгориҳои таърихӣ, гурӯҳ инчунин бо мавзеъҳои муқаддаси мардумӣ шинос шуд, ки то имрӯз маркази эҳтиром, зиёрат ва арзишҳои маънавӣ маҳсуб мешаванд. Мавҷудияти чунин маконҳо нишонгари ҷонбохтагии мардум ба суннат ва таърихи худ мебошад.

Таҳқиқоти саҳроӣ нишон дод, ки бисёре аз ёдгориҳо дар ҳолати хуб нигоҳ дошта нашудаанд. Баъзе аз ёдгориҳо, ки солҳо боз бе нигоҳубини лозимӣ мондаанд, зери таъсири муҳити зист ва бетафовутии ҷомеа тадриҷан фарсуда ва осебпазир гаштаанд. Ин ҳолат эҳтимоли аз байн рафтани онҳо ва гум шудани бахше аз мероси фарҳангиро бештар мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳолат, гурӯҳи пажӯҳишгарон зарурати ҳифз ва нигоҳдошти ҷиддии ин маконҳоро таъкид намуд. Нобуд шудани чунин ёдгориҳо маънои аз даст рафтани як бахши муҳими таърихи миллӣ ва фарҳанги мардуми маҳалро дорад. Яке аз тавсияҳои муҳими гурӯҳ роҳандозии тадбирҳои ҳуқуқӣ ва амалии ҳифз, сабти расмӣ ва муҳофизати ёдгориҳо мебошад. Ҳамчунин, ҷалби ҷомеаи маҳаллӣ ба ин раванд аҳамияти калидӣ дорад.

Муаррифии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ на танҳо барои баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва ҷалби таваҷҷуҳи бештари мардум муҳим аст, балки яке аз роҳҳои муассири ҳифз, эҳё ва истифодаи босамари онҳо ба шумор меравад. Зеро вақте ки аҳамият ва арзиши ин ёдгориҳо ба таври густурда муаррифӣ мешаванд, ҳам ҷомеа ва ҳам ниҳодҳои масъул ба масъулияти худ бештар муносибат мекунанд ва имкониятҳои сармоягузорӣ ва рушди сайёҳӣ низ афзоиш меёбанд. Гурӯҳи пажӯҳигарон пешниҳод мекунад, ки барои маконҳои таърихии Муъминобод нақшаҳои сайёҳии махсус таҳия ва амалӣ гарданд. Азбаски бисёре аз ёдгориҳои таърихии Муъминобод дар ҷойҳои зебои кӯҳӣ ва табиати нотакрор ҷойгиранд ва баъзе аз ин мавзеъҳо хусусиятҳои табобатӣ низ доранд, ин минтақа метавонад ба як маркази муҳими сайёҳии фарҳангӣ ва табиӣ табдил ёбад. Барои расидан ба ин ҳадаф, зарур аст, ки инфрасохтор рушд дода шавад роҳҳо, истгоҳҳо, лавҳаҳои иттилоотӣ, хидматрасониҳо ва дастрасӣ ба маълумот дар бораи ёдгориҳо беҳтар гарданд. Таълими аҳолии маҳаллӣ, махсусан ҷавонон, дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди туризм низ бояд таваҷҷуҳи хосса гирад. Омӯзишҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ метавонанд заминаи хубе барои ин раванд шаванд.

Гузаронидани тадқиқоти пайвастаи илмӣ ва этнографӣ барои ҳуҷҷатгузории ёдгориҳо ва гирдоварии маълумоти пурра дар бораи таъриху анъанаҳои маҳаллӣ зарур аст. Танҳо бо маълумоти мукаммал метавон стратегияҳои муассир таҳия кард. Ҳамкории устувори пажӯҳишгоҳҳо, донишгоҳҳо ва ниҳодҳои фарҳангӣ бо мақомоти маҳаллӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ метавонад дар ҳифз ва эҳёи ёдгориҳо саҳми назаррас гузорад. Ин гуна сафарҳо ва тадқиқотҳо имконият медиҳанд, ки бо чашми сар аҳамияти фарҳангии минтақаҳо арзёбӣ шаванд ва барои сиёсати фарҳангӣ ва таърихии давлат асоси мустаҳкам гузошта шавад.

Муъминобод намунаи равшани он аст, ки чӣ гуна як гӯшаи кӯҳӣ метавонад захираи бойи фарҳанги моддӣ ва маънавиро дар худ ниҳон дошта бошад. Мероси таърихӣ ва фарҳангӣ танҳо осори гузашта нест он рамзи ҳувият, ифтихор ва ояндаи миллат аст. Аз ин рӯ, ҳар як ёдгориро бояд ҳамчун пораи зиндаи таърихи миллат ҳифз ва гиромӣ дошт. Мо умед дорем, ки натиҷаҳои ин сафар ва таҳқиқоти он заминаи хубе барои дигар пажӯҳишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва иқдомоти амалӣ дар самти ҳифзи ёдгориҳои миллӣ хоҳанд шуд.

Мудири шуъбаи илмӣ методӣ 

   Хоҷамов Фурқат

барчасп: