Намунае аз таронаҳои шаҳбарон ва байтҳои мардумӣ

Яке аз маросими тӯйи арӯсии мардуми Дарғи ноҳияи Айнӣ “Шаҳбарун” маҳсуб меёбад, ки сокинони ин русто аз қадимулайём ду соат қабл аз фаро расидани шом бо баланд шудани садои доира дар хонаи домод ҷамъ омада, базм меороянд. Сипас шаҳ либоси миллӣ мепӯшаду ӯро ба аспи беҳтарин савор карда, оҳиста-оҳиста роҳи хонаи арӯсро пеш мегиранд. Мардон пеш-пеш ва дар атрофи шаҳ роҳравон ин таронаҳои қадимаро, ки хоси мардуми Дарғ аст, дастҷамъона ва бо як овоз мехонанд. Устод Ҷўрабек Муродов зимни ширкат дар базми хонадоршавии шогирдаш Саидмирзои Назрӣ ин таронаҳоро навишта, сипас бо ҳамон оҳанги дарғиёна суруд, ки бо номи “Сюитаи Зарафшон“ маъруф шуд. Чанде аз таронаҳои “Шаҳбарун”-ро пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем:

АВВАЛ ЗИ ХУДО ГӮЯМУ...

Аввал зи Худо гӯяму дуюм зи Расул,

Як номи Муҳаммад(с) асту олам машҳур.

Аз бесабрӣ касе ба ҷое нарасид,

Аз сабр расид ба ҷой Аюби сабур.

 

Эй Қодири Зулҷалолу Султони Карим,

Дармондаи кори хешаму дастам гир.

Ман рафта ба Шоҳи Зинда сар мемонам,

Бо рӯҳу равони Хоҷа, дурдони басир.

 

Эй сирри ту дар синаи ҳар соҳиби роз,

Пайваста дари раҳмати Ту бар ҳама боз.

Ҳар кас,ки ба даргоҳи Ту ояд ба ниёз,

Маҳрум зи даргоҳи Ту кай гардад боз?[1]

 

Ё Раб ба ҷамоли Мустафои арабӣ,

Бо ҳурмати шасту чор авлоди Набӣ,

Шарманда масоз ба ҳурмати рӯҳи Набӣ,

Рӯзе, ки ҳисоби бандаро металабӣ.

 

Вой аз ману вой аз ману аз ман гӯяд,

Таъзия ба он касе, ки имон набарад...

 

Шамшери Алӣ ба қабза як шери дусар,

Пайғамбари мо нишаста рӯйи минбар,

Қуфлаш Ҳасану Ҳусайн, калидаш Ҳайдар,

Дидори Худо, шафоати Пайғамбар.

Ҳой тавба, ёри мане,

Ҳой ту ҳамон, ҳамон, ҳамонӣ, ёре,

Ҳой ту ки ҳоли мо надонӣ, ёре,

Ҳой ту ҳамон номеҳрубонӣ, ёре,

Ҳой ту ба назар чӣ хушнамот, ёре...

 

НА ЧАМАН НА ГУЛ

 

На чаман, на гул, на бӯстон,

Ки канад гул аз гулистон.

Хабарест, ки нав расида,

Ту магар хабар надорӣ?

Ту биёӣ аввали шаб,

Дари субҳу бозу бошад.

Шаби ошиқони бедил,

Чи шаби дарозу бошад.

Чи шабест, ки маҳ барояд,

Маҳи ман зи дар дарояд.

Маҳи ман чу хирмани гул,

Ба канори шаҳ дарояд.

Ба канори дашту ёбон,

Шуда ёри ман муғелон.

Ба ҷуз аз суроғи Лайлӣ,

Хабари дигар надорам.

Хабарест, ки пур зи ғавғо,

Зи даруни қаъри дарё.

Зи талошу меравем ло,

Ғами болу пар надорам.

Сарамон ниҳода бар сар,

Рущамон ба оби дида.

Чу газида мори ишқат,

Ҷигари кабоби моро.

На табибу мешиносад,

На ҳакиму ин даворо,

Ба тавофи Каъба рафтам,

Ба Ҳарам раҳам надоданд.

Ки буруни дар чи кардӣ?

Ки даруни хона ойӣ.

Ба суроғи хона рафтам,

Ҳама бозу боз дидам...

 

Сипас суруди “Гуфтам духтар...” оғоз мешавад.

 

ГУФТАМ ДУХТАР...

Гуфтам духтар, гуфтам духтар, бӯса ба мо деҳ, озодаҷоне,

Бӯса ба танга, эй шоҳи ҷоне, бӯса ба танга,

Гуфтам духтар, гуфтам духтар, танга ба мо деҳ, озодаҷоне,

Танга ба киса, эй шоҳи ҷоне, танга ба киса,

Гуфтам духтар, гуфтам духтар, киса ба мо деҳ, озодаҷоне,

Киса ба ҷома, эй шоҳи ҷоне, киса ба ҷома,

Гуфтам духтар, гуфтам духтар, ҷома ба мо деҳ, озодаҷоне,

Ҷома ба буғча, эй шоҳи ҷоне, ҷома ба буғча,

Гуфтам духтар, гуфтам духтар, буғча ба мо деҳ, озодаҷоне,

Буғча ба сандуқ, эй шоҳи ҷоне, буғча ба сандуқ,

Гуфтам духтар, гуфтам духтар, сандуқ ба мо деҳ, озодаҷоне,

Сандуқ ба уштур, эй шоҳи ҷоне, сандақ ба уштур,

Гуфтам духтар, гуфтам духтар, уштур ба мо деҳ, озодаҷоне,

Уштур ба қатор, эй шоҳи ҷоне, уштур ба қатор,

Гуфтам духтар, гуфтам духтар, қатор ба мо деҳ, озодаҷоне,

Қатор ба корвон, эй шоҳи ҷоне, қатор ба корвон,

Гуфтам духтар, гуфтам духтар, корвон  ба мо деҳ, озодаҷоне,

Корвон ба сорбон, эй шоҳи ҷоне, корвон ба сорбон,

Гуфтам духтар, гуфтам духтар, сорбон  ба мо деҳ, озодаҷоне,

Сорбон ба овул, эй шоҳи ҷоне, сорбон ба овул,

Гуфтам духтар, гуфтам духтар, овул ба мо деҳ, озодаҷоне,

Овул ба шовул, эй шоҳи ҷоне, овул ба шовул...

Баробари ба хонаи арӯс наздик шудан таронаи дастаҷамъонаи

 

“Саддоғ оғоз мегардад.

Ойӣ чию ойӣ чийе, сад доғи ту ҳой бар ҷонам,

Бар ҳуҷра даройӣ чийе, сад доғи ту ҳой бар ҷонам.

Бар ҳуҷра рақибонанде, сад доғи ту ҳой бар ҷонам,

Секинак даройӣ чийе, сад доғи ту ҳой бар ҷонам.

 

Нақарот

Сад доғи ту бар ҷон ҷо гирад,

Эй Мирзо Бадахшонро гирад,

Кокулҳо Зарафшонро гирад,

Бар чидани гулҳо ёри мане,

Бар задани бо домоне...

Ҳамчу Юсуфи мисрие, сад доғи ту ҳой бар ҷонам,

Дар латофату хубие, сад доғи ту ҳой бар ҷонам.

Дар миёни маҳрӯёне, сад доғи ту ҳой бар ҷонам,

Офтоби шабоние, сад доғи ту ҳой бар ҷонам.

Нақарот

Сад доғи ту бар ҷон ҷо гирад,

Эй Мирзо Бадахшонро гирад,

Кокулҳо Зарафшонро гирад,

Бар чидани гулҳо ёри мане,

Бар задани бо домоне...

 

Омад омадат гардаме, сад доғи ту ҳой бар ҷонам,

Қадду қоматат гардаме, сад доғи ту ҳой бар ҷонам.

Ту ҷонони ман бошие, сад доғи ту ҳой бар ҷонам,

Аз назокатат гардаме, сад доғи ту ҳой бар ҷонам.

 

Нақарот

Сад доғи ту бар ҷон ҷо гирад,

Эй мирзо Бадахшонро гирад,

Кокулҳо Зарафшонро гирад,

Бар чидани гулҳо ёри мане,

Бар задани бо домоне...

 

Таронаи шаҳбарон дар иҷрои мардуми Дарғи шариф

Ба ҳамин тариқ шаҳ-домодро ба ҳавлӣ ва меҳмонхонаи арўс ё ҳамсояашон ворид намуда, дар он ҷо таронаи “Сабзак ширине” ва дигар таронаҳо ҳамчунин мурооти домоду рафиқону ҳамраҳонаш бо хӯрокҳои гуногун то фиристодани арӯс ба хонаи домод идома меёбад:

 

Сабзак ширине , ёраки нағзак ширине,

Мурғобӣ шавам ғӯта занам ҷӯю ба ҷӯ.

 

Нақарот:

Сабзак ширине, ёраки нағзак ширине,

Ман домодуме, ман домодуме,

Ширинҷон ойӣ суроғуме,

Ман омадаам туро бубинам, биравам,

Рози дилама ба ту бигӯям, биравам.

 

Нақарот:

Сабзак ширине, ёраки нағзак ширине,

Ман домодуме, ман домодуме,

Ширинҷон ойӣ суроғуме,

Сипас таронаи “Секинак” бар ғазали Ҳофиз сар мешавад:

Сарвинозе, ман, ҳой, ман,

Дӯш рафтам ними шаб, бар кӯйи ҷонон секинак,

Сарвинозе, ман, ҳой, ман,

Як-як ниҳодам пойро бар айвонаш секинак,

Сарвинозе, ман, ҳой, ман,

Дидам нигори хешро дар тахти зар дар хоби хуш,

Сарвинозе, ман, ҳой, ман,

Ман аз ниҳеби хоби ӯ чун бед ларзон секинак,

Сарвинозе, ман, ҳой, ман,

Кардам ду ангуштро дароз, оҳистакак, оҳистакак,

Сарвинозе, ман, ҳой, ман,

Бардоштам бурқаъ зи рӯй з-он моҳи тобон секинак,

Сарвинозе, ман, ҳой, ман,

Гуфто, ки кист ин беадаб? Гуфтам: мани мискини ту,

Сарвинозе, ман, ҳой, ман,

Гуфто; касе ёбад хабар, ай дузди нодон секинак,

Сарвинозе, ман, ҳой, ман,

Гуфто: чӣ дорӣ муддаъо? Гуфтам зи лаълат бӯсае,

Сарвинозе, ман, ҳой, ман,

Гуфто: маранҷон хотират, аз лаъл бардор секинак,

Сарвинозе, ман, ҳой, ман,

Ҳофиз марав мискин мабош, дар сӯҳбату айвони шоҳ

Сарвинозе, ман, ҳой, ман,

Бар шоҳ гӯй ин қиссаро, бар халқ пинҳон секинак,

Сарвинозе, ман, ҳой, ман,

 

Сипас таронаи “Дар Пушти Туда” оғоз меёбад:

Дар Пушти Туда сабза дамида,

Дилбари нозук, ҷӯраҷон аз мо рамида,

Оҳой ҷон латиф аст, гул, майдон латиф аст

Шох-шохи гул, абрӯкамон, оҳой латиф аст...

 

ОҲО-ОҲО ЁРИ МАН

Оҳо-оҳо ёри ман, вафодор ёри ман,

Оҳо-оҳо ёри ман, шабзиндадор ёри ман.

Омад-омадат гардам, қаду қоматат гардам,

Ту ёраки ман бошӣ аз омаданат гардам.

 

Нақарот

Оҳо-оҳо ёри ман, вафодор ёри ман,

Оҳо-оҳо ёри ман, шабзиндадор ёри ман.

Дилбараки ёрат бошам,

Ошуқаки зорат бошам,

Шабҳо, ки май менӯшӣ,

Ман пиёладорат бошам.

Нақарот

Оҳо-оҳо ёри ман, вафодор ёри ман,

Оҳо-оҳо ёри ман, шабзиндадор ёри ман.

Имшаб равам ба қасдат,

Гирам зи банди дастат,

Имшаб равам ба кӯят,

Гирам зи банди мӯят.

 

Нақарот

Оҳо-оҳо ёри ман, вафодор ёри ман,

Оҳо-оҳо ёри ман, шабзиндадор ёри ман.

 

ДИЛБАРИ ЯГОНА

 

Дилбари ягонаи ман

Ошиқи замонаи ман,

Ё маро бибар ба хона,

Ё биё ба хонаи ман.

Ҳар бор, ки бархезад,

Гул аз сари гул резад,

 

Нақарот

Дилбари ягонаи ман

Ошиқи замонаи ман,

Ё маро бибар ба хона,

Ё биё ба хонаи ман.

Гулаш рафту хораш монд,

Дар дида ғубораш монд.

 

Нақарот

Дилбари ягонаи ман

Ошиқи замонаи ман,

Ё маро бибар ба хона,

Ё биё ба хонаи ман.

 

Омад-омадат гардам,

Қаду қоматат гардам,

 

Нақарот

Дилбари ягонаи ман

Ошиқи замонаи ман,

Ё маро бибар ба хона,

Ё биё ба хонаи ман.

Ту ёраки ман бошӣ,

Аз омаданат гардам.

Нақарот

Дилбари ягонаи ман

Ошиқи замонаи ман,

Ё маро бибар ба хона,

Ё биё ба хонаи ман.

 

ЯК ДОНА ГУЛ, ДУ ДОНАЕ

Як дона гул, ду донае, анори дона-дона,

Як дона гул, ду донае, анори дона-дона,

 

Аз боло об меояд, бӯи палов меояд,

 

Нақарот

Як дона гул, ду донае, анори дона-дона,

Як дона гул, ду донае, анори дона-дона,

 

Хонаро ҷорӯб занед, меҳмони нав меояд.

 

Нақарот

Як дона гул, ду донае, анори дона-дона,

Як дона гул, ду донае, анори дона-дона,

 

Омад омадат гардам, қаду қоматат гардам,

 

Нақарот

Як дона гул, ду донае, анори дона-дона,

Як дона гул, ду донае, анори дона-дона,

 

Ту ҷонаки ман бошӣ, аз назокатат гардам.

 

Ҳамин тавр дар хонаи арӯс маҳфили байтгӯӣ оғоз меёбад ва ҳар нафари ҳузурдошта бонавбат  байте мегӯяд. Занҳо низ ҳини бурдани арӯс ба хонаи шаҳ байт мегӯянд. Мавриди зикр аст, ки байтҳои мазкурро мудири клуби деҳаи Дарғ Раҳими Поянда бароямон пешниҳод намуд, ки чанде аз онҳоро пешкаши хонандагон мегардонем:

 

Офтоб занад рӯйи гули раънота,

Ман бед шавам соя кунам болота

                            ***

Ту булҳавасӣ бо ман намерӣ сари кор,

Рӯзе шаваду ҳар ду бурем Дашти мазор.

                            ***

То зинда ҳаям туя намунам ба касе,

Баъд аз сари ман ту дону ҳар хору хасе.

                            ***

Нолун-нолун га(ҳ)вора меҷунбунӣ,

Пазмун шудиям рӯта намегардунӣ.

                            ***

Шистам ба замину нола кардам ба Худо,

То зинда ҳаям намешавам аз ту ҷудо.

                            ***

Як бори дигар дилбара ёбам танҳо,

Дар сояи беду дар шамоли дарё.

                            ***

Оштуни хунук намекунад нуни фатир,

Ин духтари ёш намекунад шавҳари пир.

                            ***

Рӯзе, ки туя гаворабандун кардан,

Дар банди дилам гандума бирун кардан.

                            ***

Рӯмоли сари ёрам қаноти зоғай,

Мотамзада мегардад, дили ман доғай.

                            ***

Қад-қади Такоб бӯи мушкам зада буд,

Тармарги Сабина гапи сахтам зада буд.

                            ***

Аз хуна бурумадию даст гардундӣ,

Хушдоманата разведчики ман мундӣ.

                            ***

Аз ағба фуромадаму нолиш кардам,

Сангои дари хоната болиш кардам.

Мунаввари САФАР,

ходими пешбари ПИТФИ,

                                              

 

 

 

барчасп: